Шумори умумии ҳалокшудагон аз таркиш дар анбори маводи тарфгарӣ (пиротехника) дар бозори “Сурмалу”-и шаҳри Ереван ба 16 нафар расид, менависад ТАСС бо истинод ба Вазорати ҳолатҳои фвақулодаи Арманистон.
Дар байни ҳалокшудагон, аз ҷумла кӯдак ва зани ҳомиладор дарёфт шудаанд. Шахсиятҳои ҷасади 9 кас ҳоло шинохта нашудааст.
Гуфта мешавад, айни замон боз 18 нафар бедаракшуда пас аз таркиш дониста мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 август дар анбори маводи тарфгарии маркази савдои “Сурмалу” якчанд таркиш рух дод, ки пас аз он сӯхтор ба амал омада, бино тахриб шуд.
То субҳи 15 август шумори ҳалокшудагон 6 кас, осебдидагон – зиёда аз 60 нафар ва бедаракшудагон – 16 нафар арзёбӣ мешуд.