Дар Эрон президенти ин кишвар Иброҳим Раисӣ қонуни наверо имзо кард, ки “Дар бораи ҳиҷоб ва иффат” ном дошта, маҳдудиятҳои зиёду наверо болои сарулибоси занон ҷорӣ мекунад.
Тавре ки Радиои Озодӣ бо истинод ба Оҷонсии IRIB, ки ба телевизиони давлатӣ наздик аст, хабар медиҳад, рӯзи 14 август Муҳаммад Солеҳ Ҳошимӣ Гулпойгонӣ дар як конфронс дар бораи ҳиҷоб суҳбат карда гуфтааст, ки поймолкунандаҳои қонуни нав ҷаримабандӣ мешаванд ва агар аксҳои бонувони корманди сохторҳои давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутобиқ бо меъёрҳои шариат нашр нашаванд, аз кор ронда хоҳанд шуд.
Гулпойгонӣ дабири “Ситоди амри маъруф ва наҳйи мункар” аст, ки масъули назорати шеваи рафтор дар ҷомеаи Эрон мебошад.
Гуфта мешавад, бар асоси қонуни наве, ки президент имзо кардааст, заноне, ки дар интернет аксҳои худро бе ҳиҷобу рӯймол нашр мекунанд, ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол аз баъзе ҳуқуқи иҷтимоӣ маҳрум мешаванд.
Зикр мегардад, ки чанд моҳи охир мақомот дар Эрон фишору маҳдудият болои занҳоро зиёд карда, онҳоеро, ки, ба қавли мақомот, қоидаи ҳиҷобпӯширо вайрон кардаанд, ҷазо медиҳанд. Ҳиҷобпӯшӣ дар Эрон барои занон ҳатмӣ аст.