Созмонҳои мухталифи ҳуқуқи башар мегӯянд, танҳо дар ҳафтаи охири моҳи июли соли ҷорӣ дар Эрон 32 нафар, аз ҷумла се зани муттаҳам ба куштори шавҳаронашон ба эъдом маҳкум шудаанд.
Дар ин бора BBC иттилоъ дода, таъкид намудааст, ки мақомоти Эрон “истифодаи ҳукми қатлро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дода, дар соли ҷорӣ назар ба соли гузашта ду маротиба бештар одамонро эъдом кардаанд”.
“Созмонҳои ҳуқуқи башар гузориш медиҳанд, ки дар Эрон нисбат ба ҳар кишвари дигар бештар занон эъдом мешаванд, ки аксари онҳо дар куштори шавҳаронашон муҷрим шинохта шудаанд”,- навиштааст BBC.
Бо истинод ба гузоришҳои фаъолони ҳуқуқи башар, BBC менависад, ки “бештари парвандаҳо иттиҳомоти хушунати хонаводагӣ доранд, аммо додгоҳҳои Эрон аксаран инро ба инобат намегиранд”.
Тибқи иттилои нашркардаи мудофеъони ҳуқуқи башар имсол дар Эрон истифодаи ҳукми қатл дар муқоиса ба солҳои қаблӣ афзоиш ёфтааст.
Созмони Ҳуқуқи башари Эрон гузориш додааст, ки дар шаш моҳи аввали соли 2022 дастикам 251 нафар, аз ҷумла 6 зан ва 67 ақаллияти балуҷ эъдом шудаанд. Ин нисбат ба теъдоди эъдомҳо дар ҳамин давраи соли 2021, ки 117 нафар эъдом шуда буданд, ду баробар бештар аст.