spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Файзуллоҳ Ҷалол: Нагузоштанд ба Тоҷикистон равам

Файзуллоҳ Ҷалол,  устоди риштаи улуми сиёсӣ ва равобити байналмилалии Донишгоҳи Кобул, яке аз мунтақидони шадиди Толибон* пас боздошт ва раҳоӣ аз ҷониби ин гурӯҳ Афғонистонро тарк намудааст. Ӯ замоне боздошт шуд, ки дар як баҳс дар шабакаи телевизиони "Тулуънюс" Наим Вардак, сухангӯйи Толибон* дар Қатарро "гӯсола" хитоб кард ва такроран гуфт, ки ӯ як "одами аҷибу ғариб ва мутлақ гӯсола аст".

Ҳоло Файзуллоҳ Ҷалол дар Олмон ба сар мебарад ва бо мо аз ин кишвари аврупоӣ сӯҳбат намуд.

 

Паноҳ аз режими Толибон*

 

– Ҷаноби Файзуллоҳ Ҷалол, кай тарки Афғонистон кардед ва ба Олмон рафтед?

– Бештар аз се моҳ мешавад, ки аз Афғонистон хориҷ шудам ва ба Олмон омадам.

– Чӣ тавр ба Олмон рафтед?

– Дар ҷамъи кормандони ширкати “Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit” (GIZ) аз Кобул хориҷ шудам. Ин ширкат бо дастгирии Вазорати федералии иқтисодӣ ва рушди Олмон дар Афғонистон бисёр корҳои назаррасро анҷом додааст.

– Ҳангоми ихроҷ мушкиле пеш наомад?

– Ман ба оромӣ ва бидуни ҳеҷ сару садо аз Афғонистон берун шудам, аз ин лиҳоз, ҳеҷ гуна мушкиле пеш наомад.

– Ҳоло дар Олмон бо чӣ кор машғул ҳастед? Оё амниятатон таъмин аст?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Гӯсола" хитоб шудани сухангӯйи "Толибон" аз сӯйи Файзуллоҳ Ҷалол устоди донишгоҳ Кобул

– Ин ҷо ҳоло ҳеҷ машғулияти хосе надорам, аммо рӯзамон мегузарад. Вобаста ба озодиву амният бояд бигӯям, ки он дар ҳеҷ кадом гӯшаи олам ба таври комил вуҷуд надорад. Аз ҷумла, дар Олмон низ.

– Пас аз хориҷ шудан тамосе бо Толибон* надоштед?

– Толибон* маро душмани худ мешуморанд ва чашми дидан надоранд. Аз рӯзе, ки ман тарки Афғонистон кардам, то ҳол ҳеҷ тамосе бо ягон намояндаи ин гурӯҳ надоштам.

– Ба Афғонистон баргаштанӣ ҳастед?

– Албатта, умед дорам, ки рӯзе ба ватанам баргардам.

 

“Нахостанд ба Тоҷикистон равам”

 

– Шумо қаблан чанд маротиба ба Тоҷикистон омада будед ва ҳатто ин ҷо рисолаи доктории худро дифоъ кардаед. Оё андешаи муқими Душанбе шудан ба саратон наомад?

– Воқеан, Тоҷикистон дар қиболи Афғонистон мавқеи дурустро интихоб кардааст ва маънаван ҳам мардуми кишвари мусибатзадаи маро дастгирӣ менамояд.

Мехоҳам инҷо гилаи худро аз давлати Тоҷикистон иброз намоям. Вақте дар боздоштгоҳи Толибон* будам, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва устодони шинохтаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хостанд ба кишвари Тоҷикистон биравам, аммо ман натавонистам раводид бигирам.

– Чаро натавонистед раводид гиред?

– Агар мушаххас гӯем, ба ман раводид надоданд ва хабар ёфтам, ки ин хоҳиши Зоҳири Ағбар, сафир Афғонистон дар Тоҷикистон будааст. Яъне, ӯ нахостааст, ки ман ба Тоҷикистон равам.

Ман бовар дорам, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон агар аз ин қазия хабар медоштанд, ман ҳамчун як тоҷики солҳо дар Тоҷикистон ба сар бурда, унвони доктории худро дар ДМТ дифоъ карда ва барои ҳуқуқу озодиҳои миллати тоҷик ҷонашро дар хатар гузошта дар ин рӯзи душвор берун аз марзи ин кишвар намемондам.

 

Мухолифат ва боздошт

 

– Баргардем ба рӯзгоратон дар Кобул. Толибон* шуморо дар чӣ шароит боздошт карданд?

– Он рӯз ман дар хона будам ва онҳо маро аз хонаам боздошт карда бурданд. Чанд мошин ба назди хонаам омаданд ва чанд толиб маро гирифтанду ба маҳбас бурданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Пас аз “гусола” хитоб кардани намояндаи Толибон* аз ҷониби шумо, то чӣ ҳад муносибати дағал кардани онҳоро тасаввур кардан душвор нест…

– Бале, воқеан давоми 24 соати нахуст муомилаи зишту хашин доштанд, аммо пас аз он ки боздоштам расонаӣ шуд ва вокунишу эътирозҳои хеле зиёдро дар пай овард, муносибати ин афрод тағйир кард. Ин гурӯҳ вазъи пешомадаро тамоман пешбинӣ накарда буданд ва ин қадар эътирозотро мунтазир набуданд. Иттиҳодияи Аврупо, Созмони афви байналамилал, Дидбони ҳуқуқ башар, кишварҳои гуногуни абарқудрат, шахсиятҳои дохилу хориҷ, устодони донишгоҳҳо, толибилмон ва то мардуми кишварам барои озодии ман хестанду эътироз карданд. Ин ҳама Толибонро* аз амалкарди анҷом медодаашон боздошт.

– Даъвои онҳо аслан чӣ буд?

– Онҳо маро ба “мухолифи ҳукумат”-у “зидди қавми пашту ҳарф задан” гунаҳкор медонистанд. Ман ҳамаашро рад кардам. Ман аз амалкардҳои ин гурӯҳ, ки хато буд ва ба нақзи озодиву ҳуқуқҳои инсонӣ оварда мерасонид, интиқод мекардам. Ҳеҷ мушкиле ҳам бо қавми пашту надоштам ва надорам, аммо зидди панпашту будам ва ҳастам. Дар Афғонистон қавмҳои гуногун ба сар мебаранд ва дар ягон сурат набояд ҳуқуқҳои ҳеҷ кадомашон поймол карда шавад. Лекин Толибон* аз 20-солаи пеш то имрӯз ин гуна амалкард карда истодаанд. Ман бошам, дар баробари панпашту будан, ҳамчунин пантурк, панӯзбек, панҳазора ва ҳатто пантоҷик ҳам ҳастам ва ҳама гуна қавмгароиро маҳкум мекунам.

Яъне, ман бо гуфтани камбуду навоқиси Толибон* гунаҳкор дониста мешудам. Бояд гӯям, ки қаблан ҳукуматдории Карзай ва Ғаниро ҳам интиқод мекардам, иштибоҳоти ин ду ҳукумати гузаштаро мегуфтам, дуздиву ғоратгариашонро ба рӯяшон мекашидам. Ин ду раисиҷумҳури қаблӣ Афғонистонро ба ҳоли имрӯза оварда расониданд ва қудратро даст ба даст ба паштуҳо супориданд.

 

“Мардуми Афғонистон омодаи ҷанг буданд, аммо роҳбар надоштанд”

 

– Яъне, қудратро дар Афғонистон маҳз ин ду президенти собиқ ба Толибон* таслим карданд?

– Албатта! Шумо таваҷҷӯҳ кунед, ин гурӯҳ бидуни як тир задан чандин вилояту вулусволӣ ва ниҳоят Кобулро гирифтанд. Ба осонӣ ва муфт. Артиши миллии Афғонистон ва ҳама мардуми кишвар омода буданд, ки зидди ин гурӯҳ ҷанг кунанд. Ҳама гуна аслиҳаро доштанд, ҳатто намунаи амрикоиро. Вале як сарвар ва фармондеҳ набуд, ки артиш ва мардуми афғонро ҷамъ кунад ва рӯҳия диҳад, то ба ҳифзи озодуву ҳуқуқҳояшон биҷанганд.

– Ашраф Ғанӣ дар лаҳзаи бисёр душвор яке аз генералҳои соҳибном Бисмиллоҳхон Муҳаммадиро вазири дифоъ таъин кард…

– Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дастнишонда буд. Ӯ танҳо тамошо карду бас.

– Ҳоло бисёре аз давлатҳо аз Толибон* ташкили ҳукумати ҳамашумулро тақозо доранд. Оё ин имконпазир аст?

– Толибон* ҳеҷ гоҳ ин шартро қабул нахоҳанд кард.

 

Идеология ва хатари Толибон*

 

– Шумо аз Афғонистон рафтед, яъне аз низоми Толибон* фирор кардед, аммо чанде пеш сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, ки давоми як соли ҳукмронии онҳо ҳеҷ афғонистонӣ ба далели мухолифат бо ҳукумати Толибон* аз кишвар нарафтааст.

– Агар як сухани хандадоре дар ҷаҳон бошад, ҳамин сухан аст ва агар як сухани талхе ҳам бошад, ҳамин сухан аст. Дар тамоми ҷаҳон ва ҷаҳониён маълум аст, ки Афғонистон чӣ ҳол дошту ва ҳоло боз ба чӣ балое гирифтор гаштааст. Танҳо дар ду ҳафтаи нахусти ғасб намудани Толибон* бештар аз сад ҳазор нафар барои фаъолияти сиёсӣ, низомӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии қаблии худ барои наҷоти ҷони худ аз Афғонистон фирор карданд. Бо чӣ азобу азият ва бо кадомин роҳҳои ҷонбоз афғонистониҳо аз сарзаминашон рафтанд, ба ҷаҳониён маълум аст. Ҳоло ман намедонам, ки ин афрод чӣ гуна ин суханонро мегӯянд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Иттиҳоди Аврупо аз "Толибон" хост Файзуллоҳ Ҷалолро фавран озод кунанд

– Дар бораи як соли ҳукуматдории Толибон* чӣ андеша доред?

– Дар ин як сол тарси оммаи афғон аз Толибон* кам нагардид. Ҳукуматронӣ ин танҳо ба даст гирифтани чанд курсиву мансаб нест, балки равобити наздики сарони давлат бо оммаи мамлакат аст. Аммо инро Толибон* дарк намекунанд. Иштибоҳи нахустини ин гурӯҳ эҷоди тарсу ваҳм ва поймол кардани ҳуқуқи афғонҳо буду то ҳол ҳаст.

Оё Толибон* ба минтақа ва ҷаҳон хатаре доранд?

– Минтақа ва ҷаҳон аз хатари исломгароӣ аз дидгоҳи Толибон* дар амон нестанд. Инро ҷузъи кӯчак нашуморед, ба вижа, ки аксари мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ дар дини ислом ҳастанд. Исломи толибонӣ хатари бузург аст.

– Дар ин ҳол Афғонистонро чӣ интизор аст?

– Толибон ба ин шеваи ҳукуматдориашон дур рафта наметавонанд ва мардуми Афғонистонро фардои норӯшане дар пеш аст.

 

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва чеҳраҳои он

 

– Дар бораи фаъолияти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон чӣ назар доред?

– Ман то ба ҳол бо ин ҷабҳа дар гуфтугӯ набудам ва равобите ҳам надоштам. Он иттилое, ки расонаӣ мешавад, мефаҳмам, вале то куҷо қувваи муқовимат доранд, гуфта наметавонам.

Дар сурати умум, агар ин ҷабҳа хостори муваффақият ва дастгирии саросарӣ бошад, ба назари ин ҷониб хуб мебуд, ки бо нерӯи тозаву бо чеҳраҳои нав фаъолиятро идома диҳад.

 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...