Эрон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) шуд. Дар Самарқанд Ёддошти тафоҳум дар бораи ба Эрон додани мақоми узи комилҳуқуқи СҲШ имзо шуд, навиштааст дар Twitter-и худ вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён. Дар ин бора хабаргузории Анадолу иттилоъ медиҳад.
Ӯ зикр кардааст, ки санад дар бораи ба узвияти комилҳуқуқи Созмон паазируфта шудани Эронро бо дабири кулли Созмон Чжан Мин дар Самарқанд ба имзо расонидааст.
“Аз ин ба баъд мо ба марҳилаи нави ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, транзитӣ ва энергетикӣ ворид мешавем”, – таъкид доштааст Абдуллоҳиён.
Созмони ҳамкории Шанхай соли 1996 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсис дода шуд. Туркия шарики муколамаи Созмон мебошад.
То узви СҲШ шудани Ӯзбекистон дар соли 2021 созмон “Панҷгонаи Шанхай” номида мешуд.
Баъдан Ҳиндустон ва Покистон низ ба узвияти комилҳуқуқи Созмон пазируфта шуданд.
Соли 2005 Эрон ба мақоми кишвари нозири СҲШ соҳиб шуд.
Ҷараёни ба узвият пазируфта шудани Эрон ба Созмон соли 2021 дар нишасти СҲШ дар Душанбе оғоз гардид.
Дабири кулли СҲШ Чжан Мин 15 сентябри соли 2022-ро рӯзи муҳим ҳам барои Эрон ва ҳам Созмон номида, зикр кард, ки ворид шудани Эрон ба ҳайати кишварҳои узв, Созмони ҳамкории Шанхайро мустаҳкамтар мекунад.