Дар остонаи баргузории саммити навбатии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон 10 кишвари дигар, Сурия, Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Мянма, Камбоҷа, Непал, Арманистон ва Озарбойҷон хостори узвияти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) шудаанд.
Имрӯз, 15-уми сентябр, ки ҳамоиш ҷараён дорад, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба узвияти ин созмон пазируфта шуд ва дар назар аст, ки раванди узвияти Белорус ба ин кишвар оғоз шавад.
Бо ишора ба он, ки СҲШ як созмони минтақавӣ ва ғайринизомӣ аст, таваҷҷуҳи якбораи 10 кишвари ҷаҳон байни коршиносон баҳсҳоеро ба миён овардааст: Сабаби таваҷҷуҳи якбораи ин кишварҳо дар чист? Шомилшавии ин кишварҳо ба СҲШ ва худи кишварҳо чӣ медиҳад? Баъди шомилшавии ин кишварҳо нуфузи СҲШ дар миқёси ҷаҳон меафзояд ё не? Саволҳое буд, ки “Азия-Плюс” аз коршиносони тоҷик пурсид.
Рашид Олимов, собиқ Дабири кулли СҲШ (солҳои 2016-2018)
– “Ҷаззобият”-и СҲШ сабабҳои зиёд дорад. Ҷанбаи якчанд қораҳоро фарогир будани ҲШ ва иқтидори бузурги табиии Созмон «мушаххасот” (профил)-и глобалии фаъолияти онро дар соҳаҳои гуногуни сиёсат, иқтисод ва фарҳанги ҷаҳонӣ пешакӣ муайян мекунад.
Кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ СҲШ-ро як маркази босуръат инкишофёбандаи ҷаҳони бисёрқутбӣ медонанд, ки ба муқовимати фаъол алайҳи хатарҳои глобалӣ ва минтақавӣ қодир аст. Имконоти умумии кишварҳои СҲШ низ аён буда, бо истифода аз захираҳои худ рушди устувори давлатҳоеро, ки аҳолии онҳо қариб нисфи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, таъмин менамояд.
Нуфузи афзояндаи СҲШ дар умури ҷаҳонӣ низ ба манфиати созмон аст, аз ҷумла ба туфайли роҳандозии ҳамкориҳои қавӣ бо СММ, сохторҳои махсуси он ва дигар созмонҳои байналмилалӣ (СПАД, ИДМ, АСЕАН, ИИАО (ЕАЭС), Лигаи кишварҳои арабӣ ва ғайра). Ҳамаи ин, аз ҷумла тартиби қабули қарор танҳо дар асоси ризоияти умумӣ (консенсус), барои дигар мамлакатҳо хеле ҷолиби таваҷҷуҳ аст, зеро он назари нави муносибатҳои байнулмилалиро дар заминаи «рӯҳияи Шанхай» таҷассум мекунад. Илова бар ин, СҲШ “блок”-и сиёсиву низомӣ ва иттиҳоди иқтисодӣ набуда, кишварҳоро бо идеалу принсипҳои худ моил мекунад. Созмон бархӯрдҳову душманон ҷустуҷӯ намекунад, балки манфиатдории умумиро ба ҳалли муштараки мушкилоти мубрами ҷаҳони муосир пешниҳод месозад. Сарфи назар аз андоза, иқтидори ҷангӣ ва иқтисодӣ, баробарӣ ва ягонагии кишварҳои узви он як паҳлӯи қавии Созмон маҳсуб меёбад.
Абдуғанӣ Мамадазимов, коршиноси масоили сиёсӣ
– Умуман, солҳои охир як таҳаввулоти хеле ҷиддӣ рафта истодааст. Чунки бартарии бечунучарои Ғарб аз миён меравад. Ин аст, ки на танҳо СҲШ, балки БРИКС ҳам ҳаводорони хеле зиёд пайдо кардаанд.
То шомил шудани Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ дар дохили он як тавозун буд. Баъди ворид шудани ин кишварҳо дигарон низ ба шомилшавӣ ба ин созмон таваҷҷуҳ карданд. Ин буд, ки соли гузашта оғози воридшавии Эрон ба ин созмон оғоз гардид ва имсол, дар саммити Самарқанд, Эрон узви СҲШ шуд. Ҳамчунин, Белорус низ аллакай чорабиниҳои ворид шудан ба ин созмонро оғоз кардаанд.
Бояд гуфт, ки кишварҳо якбора ба ин созмон ворид намешаванд ва ҳар кишвар бояд барои шомил шудан ба ин созмон се зинаро гузарад. Дар ҳамин ҳол, як маҳдудият ҳам ҳаст: кишваре, ки зери таҳримоти СММ аст, ҳақи ворид шудан ба СҲШ-ро надорад.
Таваҷҷуҳи якбораи кишварҳо ба СҲШ дар он аст, ки моҳи декабри соли гузашта Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико кишварҳои ҷаҳонро ба ду тақсим кард: кишварҳои ба ном демократӣ ва ғайридемократӣ (автократӣ). Баъди ин ба ҳама, маълум шуд, ки аз нав дар низоми ҷаҳонӣ диди дуқутбӣ оғоз мешавад. Аз ин рӯ, кишварҳо мехоҳанд, ки аз ин раванд канор намонанд ва ба созмонҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ шомил шаванд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки аз таҳримҳо ва ҳамлаҳои мусаллаҳонаи абарқудратҳо худро эмин нигоҳ доранд.
СҲШ созмони ҳарбӣ-низомӣ нест, ҳарчанд дар он ченакҳои амниятӣ ва бехатарӣ ҳаст. Фаъолияти он бештар ба рушди устувории ин ё он кишвар нигаронида шуда, бештар ҷанбаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ дорад. Ба ҳар ҳол, пуштибонии Чин, Ҳиндустон ва Русияро соҳиб шудан, имтиёзҳои иловагиро фароҳам меорад.
Узвияти Эрон бо мавқеи муҳими он дар халиҷи Форс ва захираи бузурги инсониву табиии ин кишвар метавонад нуфузи СҲШ-ро дар қисми ғарбии Осиё мустаҳкам кунад.
Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик
– Сабаб ва ангезаи аслии кишварҳо барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Созмон ва эҳтимоли пайдо намудани узвияти комил дар онро чунин арзёбӣ намудан мумкин аст:
Ангезаи якум, пайдо намудани чатри амниятӣ ва иқтисодию молиявӣ аст. Азбаски низоми муосири сиёсати байналмилал дар шароити номуайянӣ ва буҳронӣ қарор дорад, кишварҳо барои пайдо намудани чатри амниятӣ ва иқтисодию молиявӣ таваҷҷуҳи бештар доранд. Аз ин рӯ, ангезаи кишварҳои дар боло зикршударо ҳамкорӣ дар формати гуногун бо СҲШ ва дар миёнамуҳлат, соҳиб шудани мақоми узв, ҳамчун иқдоми онҳо барои тарвиҷи сиёсати хориҷӣ дар шароити буҳронӣ ва номуайянӣ, арзёбӣ намудан мумкин аст.
Ангезаи дуюм, нигаҳ доштани тавозун дар робитаҳои кишварҳои ба ҳам зид мебошад. Узвияти Ҳинд ва Покистон дар СҲШ падидаи мураккаб ва нодир мебошад, чун аз марҳилаи касби истиқлол ин ду кишвар муқобили ҳам ҳастанд. Пазируфта шудани Эрон ба ҳайси узви комилҳуқуқи СҲШ дар Самарқанд таваҷҷуҳи кишварҳои рақиби Теҳронро ба ин созмон афзоиш медиҳад, то тавозунӣ ҳамкорӣ ва узвият дар созмонҳои минтақавӣ риоя гардад. Ин омил барои ҷиддӣ шудани таваҷҷуҳи кишварҳои арабии Халиҷ ба СҲШ мусоидат намудааст. Чун узвияти Ҳинд ва Покистон дар СҲШ барои ин кишварҳо тавозунро нигаҳ дошт. Агар Арманистон ва Озорбойҷон низ кушиши васеъ намудани ҳамкорӣ бо СҲШ ва дар миёнамуҳлат, барои пайдо намудани узвият азм намоянд, пас ангезаи онҳо низ барои нигоҳ доштани тавозуни ҳамкориҳои минтақавӣ нигаронида шудааст.
Ангезаи сеюм, тақвияти мақоми кишварҳои бузурги Созмон дар доираи он аст. Шумораи дигари кишварҳои азмдошта барои васеъ намудани ҳамкориҳо бо созмон ва пайдо намудани узвияти он чунин хусусият доранд: дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳашон маҳдуд аст, машрӯъияти ҳукуматҳои онҳо зери суол мебошад ва ё мехоҳад пуштибонии яке аз кишварҳои бузурги Созмонро ба даст орад. Дар ҳар се ҳолат, узвияти чунин давлатҳо, пеш аз ҳама барои васеъ шудани таъсиру нуфузи кишвари бузург дар раванди қабули қарорҳо дар доираи СҲШ нигаронида шудааст.
Дар амал ин ба худи СҲШ чизе намедиҳад (ба ҷузъ унсури имиҷӣ), вале раванди қабули қарори ҳамоҳангшударо мушкил мекунад. Имрӯз низ дар доираи созмон – кишварҳои узви он нисбат ба масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ диду мавқеи гуногун доранд. Яке аз намунаҳо қазияи Афғонистон мебошад, ки бархӯрд ва руйкарди баъзе кишварҳо муқобили ҳам ҳастанд. Ба гумони ғолиб, узвияти эҳтимолии 10 кишвар ба сатҳи ҳамкориҳои дохилии созмон ва қабули қарори ҳамоҳангшуда дар доираи он таъсири манфӣ мерасонад.
Таърихи 21 соли фаъолияти СҲШ нишон медиҳад, ки бо вуҷуди ҷой доштани мушкилиҳои муайян, ба пуррагӣ татбиқ нашудани баъзе санадҳо, баҳогузориву интизориҳои мухталифи таҳлилгарон ва пайдо шудани буҳронҳои ғайриқобили пешбинии ҷаҳонию минтақавӣ – он як созмони минтақавии собит аст. СҲШ худро ҳамчун як созмони ҷиддӣ, боэътимод ва рақобатпазир дар муқобили таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст ва ин рӯҳия барои тавсеаи он мусоидат мекунад.