Хадамоти бехатарии федеролии Русия Кирилл Буданов, сардори Сарраёсати иктишофи низомии Украинаро тарроҳ ва ташкилкунандаи ҳамлаи террористӣ дар пули Қрим номид. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.
“Хадамоти мазкур таъкид намудааст, ки василаи тарканда аввали моҳи август аз бандари Одесса ба шаҳри Русеи Булғористон, аз он ҷо ба бандари Потии Гурҷистон, баъд ба Арманистон фиристода шудааст, ки дар онҷо расмиёти гумрукиро тибқи талаботи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гузаштааст. Баъдан онро тавассути нуқтаи “Верхний Ларс” ба сарҳади Русияву Гурҷистон дар Армавир ва аз он ҷо ба Симферопол интиқол додаанд”, – менависад РБК.
Ҳамчунин дар доираи ин парвандаи ҷиноятӣ 5 шаҳрванди Русия ва се шаҳрванди Укроин ва Арманистон аллакай боздошт шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 8-уми октябр дар пули Қрим мошини боркаш тарконида шуд. Дар натиҷаи таркиш чор нафар ба ҳалокат расида, пул низ зарари ҷиддӣ дид ва барои муддате ҳарақати қатора ва мошинҳои сабукрав қатъ гардид. Кумитаи тафтишотӣ пас аз таҳқиқ амали террористӣ будани ин таркишро собит намуд.