Станислав Зас, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ба Душанбе сафар мекунад. Дар ин бора сомонаи СААД хабар медиҳад.
Ба иттилои созмон, сафари кории Станислав Зас рӯзҳои 22-24-уми октябр идома ёфта, ӯ дар марҳилаи фаъоли машқҳои нерӯҳои дастаҷамъии СААД дар Тоҷикистон иштирок меварзад.
“Дабири кулл 23-юми октябр ба тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар 20-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки “Муомила-2021”-и Нерӯҳои дастҷамъонаи сареъи СААД, “Ҷустуҷӯ-2021”-и Неруҳо ва воситаҳои иктишофӣ ва “Эшелон-2021”-и воҳидҳои таъминоти моддию техникии Нерӯҳои дастаҷамъӣ сурат мегирад, иштирок хоҳад кард”, – омадааст дар хабари СААД.
Ҳамин тавр, дар назар аст, ки Станислав Зас бо раҳбарияти сиёсӣ ва низомии Тоҷикистон мулоқот анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳоло бо иштироки нерӯҳои дастаҷамъии истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ тамриноти муштараки “Сарҳад-2022” баргузор мешавад, ки марҳилаи фаъоли тамринот дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон” хоҳад гузашт.