Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар робита ба ҳамла ба ҳарами Шоҳчароғ дар Шероз барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.
“Дар иртибот ба ҳамлаи золимона ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар Шероз, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо ва аҳли наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи худро иброз намуда, сабри ҷамил мехоҳам”,-омадааст дар барқия.
Эмомалӣ Раҳмон ин амали террористиро қотеона маҳкум намуда, зарурати тақвияти пайвастаи муборизаи муштараки беамонро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ таъкид намудааст.
“Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, – гуфта мешавад дар поёни барқияи иҳзори тасаллии президенти Тоҷикистон ба раисҷумҳури Эрон.
Ёдовар мешавем, ки соати 5:45 рӯзи чаҳоршанбе, 26-уми октябр, як муҳоҷими мусаллаҳ бо як Клашников вориди зиёратгоҳи Шоҳчароғ дар шаҳри Шероз шуд ва беш аз 30 нафарро парронд.
Ба иттилои расонаҳо ДОИШ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст ва мақомҳои эронӣ ваъда додаанд, интиқом мегиранд. Бояд гуфт, ки марди ҳамлакунанда пас аз тирпарронӣ аз тарафи нерӯҳои амниятии Эрон захмӣ шуд ва сипас дар бемористон ҷон бохт.