Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати нави «500 мусулмони бонуфуз барои соли 2023»-ро нашр кард, ки аз Тоҷикистон танҳо Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон шомили он шудааст.
Саидмукаррам Абдулқодирзода дар феҳрасти нави 500 мусалмони таъсиргузори ҷаҳон дар зинаи 146-ум қарор гирифтаст. Ӯ соли гузашта дар зинаи 141-ум буд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки 7 соли пайиҳам дар ин рӯйхат зикр шуда буд, имсол исмаш дар рӯйхат нест. Дар феҳрасти қаблӣ Эмомалӣ Раҳмон дар зинаи 133 қарор дошт.
Дар ҳамин ҳол, Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, ки дар феҳрести солҳои гузашта набуд, имсол ба рӯйхат шомил шуда, дар зинаи 139-ум қарор гирифтааст.
Ҳамчунин, аз Қазоқистон низ бори аввал ду нафар – Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти ин кишвар ва Димаш Кудайберген, овозхони машҳур шомил шудаанд, ки аввалӣ дар зинаи 183 ва дуюмӣ дар мақоми 138 ҷой гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, аз Афғонистон Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари “Толибон”* ба ин рӯйхат ворид шуда, дар зинаи 49-ум қарор гирифтааст.
Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи Арабистони Саудӣ дар садри аввали ин рӯйхат истода, дар пайи ӯ, Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ роҳбари маънавии Эрон, Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ, амири Қатар дар зинаи сеюм, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия дар мақоми 4-ум ва Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ, шоҳи Урдун дар қатори 5-ум қарор гирифтааст.
Ҳамчунин, Оқохони 4, имоми исмоилиёни ҷаҳон низ дар 50-гонаи мусулмонони таъсиргузор шомил шуда, назар ба соли пеш як зина боло рафтааст. Ӯ соли гузашта дар зинаи 30-юм буд, имсол дар зинаи 29-ум қарор гирифтаст.
Аз Русия ба ин феҳраст се нафар, Равил Гайнуддин, муфтии Русия, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори доғистонӣ ва Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон шомил шудаанд.
Муҳаммад Салоҳ, футболбози мисрии дастаи футболи "Ливерпул"-и Англия дар зинаи 39 –ум ҷой гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки ин рӯйхат шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола ба нашр мерасад ва ҳар сол ҳайати он тағйир меёбад.