Занон дар ҷараёни камтар аз якуним соли ҳокимияти Толибон* ба шакли созмонёфта аз ҷомеа ҳазф шудаанд. Дар ин муддат илова бар ҳазфи ҳадафнок, пайваста эътирозҳояи занон саркӯб ва дар бештари маворид дар додгоҳҳои саҳроӣ муҳокима шудаанд. Ин гурӯҳ дар тозатарин маврид як духтарро дар вилояти Бадахшон, дар маҳзари омм, ба иттиҳоми сӯҳбати телефонӣ бо як писар, шаллоқ задаанд. Ин дар ҳолест, ки се тан аз духтарон ва занони мӯътариз беш аз се ҳафта мешавад, ки дар банди ин гурӯҳ ҳастанд ва то кунун ҳеҷ иттилое аз вазъият онон дар даст нест.
Сафорати Амрико барои Афғонистон, боздошти худсаронаи занонро тазъифи субот дониста ва раиси занони Созмон милал барои Осиё ва Уқёнус, ҳазфи занонро низомманд хондааст. Бо ин ҳол, духтарон ва занони мӯътаризи озодшуда аз зиндони Толибон, мегӯянд, ки дучори мушкилоти равонӣ шудаанд.
Толибон ба думболи аъмоли фишорҳои музоаф ва ҳазфи занон, муҳокимаи саҳроии занонро низ афзоиш додаанд. Дар ҷараёни се моҳ, ин гурӯҳ 27 занро дар додгоҳҳои саҳроияшон шаллоқ задаанд. Ин гурӯҳ, занонро ба иттиҳоми робитаи хориҷ аз издивоҷ ва сӯҳбатҳои телефонӣ муҳокима кардаанд. Бархурде, ки то кунун сабаби худкушии шуморе аз қурбониёни муҳокимаҳои саҳроии Толибон шудааст.
Додгоҳҳои саҳроии Толибон ва муҳокимаи занон
Толибон ба идомаи амалҳои маҳдудият ва хушунат алайҳи занон, ба тозагӣ як духтарро ба иттиҳоми сӯҳбати телефонӣ бо як писар дар вулусволии Аргӯйи вилояти Бадахшон, шаллоқ задаанд. Манобеъ ба рӯзномаи “8 субҳ” гуфтаанд, ки Толибон дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Ваҳдат, маркази вулусволии Аргӯйи Бадахшон, ин духтар ва писарро дар маҳзари омм шаллоқ задаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, Толибон ду ҷавонро ба иттиҳоми сӯҳбати телефонӣ 39 дара задаанд.
Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин додгоҳи олии Толибон ҳукми шаллоқи 19 танро дар шаҳри Толиқон, маркази Тахор, содир карда буд. Бар асоси ин ҳукм, 9 зан ва 10 мард ба иттиҳоми робитаи хориҷ аз издивоҷ, фирор аз хона ва дуздӣ ҳар яке 39 шаллоқ зада шудаанд. Додгоҳи олии Толибон бо нашри хабарномае гуфтааст, ки ин ҳукм рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта бо ҳузури мӯсафедон, олимони динӣ ва бошандагони вилояти Тахор иҷро шудааст.
Толибон дар ҷараёни як сол на танҳо занон ва духтаронро ба иттиҳоми равобити хориҷ аз издивоҷ ва сӯҳбати телефонӣ шаллоқ задаанд, балки ба иттиҳоми беҳиҷобӣ низ додгоҳи онон чунин аҳкомеро содир кардааст.
Манобеъи маҳаллӣ рӯзи ҷумъа, 18-уми ноябр, ба рӯзномаи “8 субҳ” гуфта буданд, ки Толибон 16 духтар ва писарро ба далели адами риояти ҳиҷоби мавриди назари ин гурӯҳ ва гаштугузор дар бозор шаллоқ задаанд. Аз миёни ин 16 тан, ҳафт тани онҳо духтар будаанд, ки ба иттиҳоми беҳиҷобӣ ҳар кадоме 30 шаллоқ зада шудаанд.
Ин гурӯҳ ба идомаи шаллоқ задани духтарон ва занони Афғонистон, рӯзи панҷшанбе, 17-уми ноябр, як духтар ва писарро дар Бомиён ба иттиҳоми робитаи пеш аз издивоҷ дар маҳзари омм шаллоқ заданд. Манобеъ аз ин ду ҷавони дилдода ба номҳои Орзу ва Муҳаммадисо ёд мекунанд, ки барои саёҳат аз Кобул ба Бомиён рафта буданд. Ин ду дар парки миллии Бандомир аз сӯи неруҳои Толибон ба иттиҳоми робитаи қабл аз издивоҷ боздошт ва сипас ҳар кадом ба 39 дара маҳкум шуданд.
Манобеъ ба рӯзномаи “8 субҳ” таъйид карданд, ки ин ҳукм дар маҳзари омм иҷро шуда ва ҳудуди як ҳазор тан ба шумули мақомҳои маҳаллии Толибон дар Бомиён, тамошогари саҳна будаанд.
Илова бар ин, Толибон дар Бомиён шаш духтарро дар рӯйдодҳои ҷудогона шаллоқ задаанд. Манобеъ ба рӯзномаи “8 субҳ” гуфтаанд, ки ин духтарон дар минтақаи Заргарон, муқобили дари вуруди як маркази омӯзишии хусусӣ дар маркази Бомиён, нахуст аз сӯи кормандони Амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон тавҳин шуда ва сипас шаллоқ хӯрдаанд. Ин дар ҳолест, ки аксар занон ва духтарон аз таҳдид ва фишорҳои фаровони дастгоҳи Амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон шикоят доранд ва таъйид мекунанд, ки пайваста аз сӯи ин гурӯҳ мавриди бозҷӯӣ ва таҳқир қарор мегиранд.
Пеш аз ин низ Толибон ду зан ва ду марди ҷавонро дар вилояти Кописо ба иттиҳоми доштани робитаи хориҷ аз издивоҷ дарра заданд. Ба гуфта манобеъ, ин гурӯҳ ҳар кадоме аз онҳоро дар маҳзари омм 49 дара задаанд. Ин гурӯҳ дар ҷараёни моҳи ноябр, дар вулусволии Дарқади вилояти Тахор низ як зан ва як мардро ба иттиҳоми робитаи хориҷ аз издивоҷ муҳокимаи саҳроӣ карда, ҳар якеро дар маҳзари омм 40 дара задаанд.
Толибон дар ҷараёни як солу се моҳи гузашта, занони зиёдеро дар додгоҳҳои саҳроӣ муҳокима кардаанд. Аммо рӯзномаи “8 субҳ” дар ин гузориш танҳо тозатарини ин иттифоқҳоро мурур кардааст. Дар айни ҳол додгоҳҳои саҳроии Толибон дар гӯшаву канори Афғонистон идома дорад, ки бештари онҳо ба далели ҳарос аз Толибон тавассути расонаҳо бозтоб намеёбад ва ба дастраси расонаҳое, ки аз берун фаъолият мекунанд, низ қарор намегирад.
Бозҷӯӣ ва зиндонӣ шудани духтарон ва занони мӯътариз
Духтарон ва занон пас аз масдуд шудани мактабҳои духтарона ва маҳрумияти занон аз кор, даст ба эътирозҳои густурда зада, хостори таъмини ҳуқуқи занон шудаанд. Ин занон борҳо дар Кобул ва шуморе аз вилоятҳо ба хиёбон рафта, барои ҳифзи ҳуқуқ занон эътироз кардаанд, аммо Толибон ин эътирозҳоро ба шиддат саркӯб ва мӯътаризонро боздошт ва латукӯб кардаанд.
Ҳудуд се ҳафта қабл ин гурӯҳ Зарифа Яъқубӣ ва чаҳор ҳамкори мардашро аз ҷараёни як нишасти хабарӣ дар Кобул боздошт кард, ки то кунун аз сарнавишт онҳо иттилоъ дар даст нест. Толибон рӯзи ин нишасти хабариро вайрон ва иштироккунандагони онро латукӯб карданд. Толибон ба идомаи боздоштҳояшон Фарҳат Пупалзай, яке аз духтарони мӯътаризи дигарро боздошт кард, ки то кунун аз сарнавишти ӯ низ иттилое дар даст нест. Манобеъ ба рӯзномаи “8 субҳ” гуфта буданд, ки ин гурӯҳ Фарҳат Пупалзайро бо падараш ба яке аз ҳавзаҳои амниятии шаҳри Кобул интиқол дода, пас аз санҷиши телефонаш ӯро боздошт карданд.
Ин гурӯҳ ба думболи мавҷи тозаи боздоштҳои занони мӯътариз, рӯзи панҷшнбе, 17-уми ноябр, Ҳумайро Юсуф, як тан аз занони фаъол дар заминаи ҳуқуқи башарро, ки бошандаи вулусволии Дараи вилояти Панҷшер аст, боздошт кардааст. Манобеъ иддао кардаанд, ки Толибон пас аз чанд моҳи пайгард, хонум Юсуфро аз ноҳияи ёздаҳуми шаҳри Кобул боздошт кардаанд. Бо ин ҳол шуморе аз занон ва духтарон иддао мекунанд, ки Толибон ба баҳонаҳои мухталиф дар шаҳрҳои Афғонистон духтарони ҷавонро боздошт ва сипас таҳдид мекунанд, ки дар сурати расонаӣ шудан, онҳоро ба қатл мерасонанд.
Зарбаи руҳӣ пас аз боздошт
Шуморе аз занон ва духтароне, ки соли гузашта аз сӯи Толибон боздошт шуданд, акнун иддао доранд, ки бо таклифи равонӣ ва рӯҳӣ мувоҷеҳанд. Ин занон дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8 субҳ” таъйид мекунанд, ки ниёз ба табобат ва дармон доранд. Ба гуфта онҳо, касе «ҳатто ду рӯз пеши толиб бандӣ» бошад, барои муддатҳо наметавонд ба ҳолат одӣ баргардад. Онҳо меофзояанд, ки Толибон аз лиҳози равонӣ боздоштшудагонро ба шиддат шиканҷа, озору азият ва таҳқир мекунанд. Ба гуфтаи ин занон ва духтарони мӯътариз, онҳо барои баргашт ба ҳолати одии рӯҳӣ, ба табобат ва дармон ниёз доранд. Рӯзномаи “8 субҳ” бо чанд тан аз ин боздоштшудагон сӯҳбат кардааст. Онҳо дар сӯҳбат бо ин рӯзнома мегӯянд, шиканҷаи равонӣ, ки дар зиндони Толибон рӯбарӯ шудаанд, то поёни умр онҳоро раҳо нахоҳад кард.
Дар ин миён Парвона Иброҳим, яке аз духтароне, ки таҷрибаи талхи боздошти Толибонро пас аз ҳудуди як сол ҳанӯз дар хотира дорад, дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8 субҳ” мегӯяд: “ҳудуди як сол мешавад, ки аз зиндон раҳо шудаам, ҳанӯз дардҳояш бароям тоза аст. Вақте аз зиндон гап мезанам, пеши роҳи ашкҳоямро гирифта наметавонам. На танҳо ман, ҳамаи духтароне, ки дар зиндони толиб буданд, ҳамаашон бо ҳолати бади рӯҳӣ ва равонӣ рӯбарӯ шудаанд. Номи толиб бад ва шиканҷакунанда аст, чӣ бирасад ба ин ки одам ба зиндони толиб биравад”
Вокунишҳои байнулмилалӣ ба мавҷи тозаи боздошти занон
Пас аз мавҷи тозаи боздоштҳои духтарон ва занони мӯътариз аз сӯи Толибон, кишварҳои хориҷӣ ба шумули ИМА ва созмонҳои байнулмилалӣ нисбат ба ин иқдоми Толибон вокуниш нишон додаанд. Дар тозатарин маврид сафорати Амрико барои Афғонистон гуфтааст, ки боздоштҳои худсаронаи занон ва духтарони мӯътариз, субот дар ин кишварро тазъиф мекунад. Карен Дикер, кордори сафорати Амрико барои Афғонистон, дар Твиттер навиштааст, заноне, ки ҳуқуқи худашонро мехоҳанд, Афғонистонро таҳдид намекунанд. Ӯ таъкид карда, ки ба фарохонии озодии Зарифа Яъқубӣ ва ҳамкоронаш мепайвандад.
Дар ҳамин ҳол, Сара Ниббс, раиси занони Созмони милали муттаҳид барои Осиё ва Уқёнус, низ гуфтааст, ки занони Афғонистон ба таври низомманд дар ҳоли ҳазф шудан аз ҷомеа ҳастанд. Ӯ рӯзи душанбе, 21-уми ноябр, дар Твиттер гуфтааст, ки занони Афғонистон аз аксар машғулиятҳо, макотиб ва ҳатто боғҳо дар ҳоли ҳазф шудан ҳастанд. Ӯ дар мавриди занони Афғонистон гуфтааст: “Онҳо ба равишҳои ғайриқобили тасаввур ба муқовамат идома медиҳанд”. Пеш аз ин Созмони милал, Созмони афви байнулмилал ва гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони милал, боздоштҳои занон ва духтаронро нигаронкунанда хондаанд.
Бо ин ҳол, Созмони афви байнулмилал боздошти духтарон ва занони мӯътаризро нигаронкунанда хонда ва хостори раҳоии фаврии онҳо шудааст. Самира Ҳамидӣ, намояндаи Афви байнулмилал дар ҷануби Осиё, аз боздошти се тан аз духтарон ва занон ибрози нигаронӣ карда гуфтааст, ки мавҷи ахири боздошти занони мудофеъи ҳуқуқи башар дар Афғонистон талош барои саркӯби эътирозоти мусоламатомез ва мухолифат алайҳи сиёсатҳои золимонаи Толибон аст.
Толибон дар гузашта ба таври мукаррар боздошти духтарон ва занони мӯътаризро рад мекарданд. Ин гурӯҳ духтарон ва занони мӯътаризро ба парвандасозӣ барои хориҷ шудан аз Афғонистон муттаҳам мекарданд. Аммо дар мавриди мавҷи тозаи боздоштҳои занон иддао кардаанд, ки онҳо аз хориҷ «дастур» мегиранд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, дар як нишасти хабарӣ дар Кобул дар мавриди боздошти мӯътаризони зан гуфтааст, ки “эътирозоти худсарона” иҷоза нест ва таъкид карда, ки “онҳо аз берун дастур мегиранд ва барояшон гуфта мешавад, ки эътироз кунед, то бетартибӣ роҳ афтад”. Аммо занони мӯътариз ин суханони Муҷоҳидро ба шиддат рад мекунанд ва таъкид доранд, ки эътирозҳои онҳо барои дифоъи ҳуқуқи занон, озодии баён ва таъмини адолати иҷтимоӣ бар мабнои воқеиятҳои ҷомеаи мутакассир ва навин Афғонистон аст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.