spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳамла ба сафорати Русияву Покистон ва тоҷирони Чин. Толибон дӯстони худро тағйир доданд?

Як рӯз пас аз он ки сафири Чин аз Толибон* хост то ба амнияти сафорат ва дипломатони ин кишвар дар Кобул таваҷҷуҳи вижа кунанд, иқоматгоҳи шаҳрвандони ин кишвар дар пойтахти Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бар асоси гузоришҳо, дар натиҷаи ин ҳамла се кушта ва 18 захмӣ ба шифохонаи «Имерҷенсӣ» интиқол ёфтаанд. Нерӯҳои Толибон пас аз се соати даргирӣ эълон карданд, ки ин ҳамла бо кушта шудани се муҳоҷим поён ёфта ва талафоти ғайринизомӣ дар пай надорад.

Пештар аз он, сафоратҳои Покистон ва Русия дар Кобул низ мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтаанд. Бо ин ҳол, Раҳматуллоҳ Набил, раиси умумии амнияти миллии пешини Афғонистон, ба ин бовар аст, ки гурӯҳҳои террористии минтақаӣ фикр мекунанд Толибон ба ғояи муштараки онҳо хиёнат кардаанд. Аз назари ӯ “тарористҳо дар Афғонистон ба умқи стратегии худ расидаанд, на кишварҳои минтақа”.

Се муҳоҷими мусаллаҳ рӯзи душанбе, 12-уми декабр, наздикии соати 2:30 пас аз зуҳр, яке аз меҳмонхонаҳоро дар минтақаи Шаҳри нави Кобул мавриди ҳамла қарор доданд. Тибқи гузоришҳо, дар ин меҳмонхона шуморе аз шаҳрвандони чинӣ иқомат доштанд. Аз шифохонаи Имерҷенсӣ дар Кобул гуфтаанд, ки аз ҳамла бар як меҳмонхона дар шаҳри Кобул се кушта ва 18 захмӣ ба ин шифохона мунтақил шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Меҳмонхонае, ки дар Кобул мавриди ҳамла қарор гирифт

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, соате пас аз даргирӣ бо нашри Твиттер аз кушта шудани се муҳоҷим хабар додааст. Ӯ нигоштааст: “Ҳамла бар як меҳмонхона дар Шаҳри нави Кобул бо кушта шудани се ҳамлакунанда поён ёфт”. Муҷоҳид афзудааст, ки меҳмонон дар ин меҳмонхона наҷот ёфтаанд ва ҳеҷ шаҳрванди хориҷӣ кушта нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, ду шаҳрванди хориҷие, ки худро аз “манзили боло партоб” карданд, захмӣ шудаанд.

Дар наворҳои тасвирие, ки аз ин ҳодиса дар расонаҳои иҷтимоӣ дастбадаст мешаванд, дида мешавад, ки дуди ғализе аз сохтмони мавриди ҳадаф баланд мешавад ва садои тирандозӣ паёпай аз дохили он ба гӯш мерасад. Шоҳидони айнӣ ба рӯзномаи "8 субҳ" таъйид кардаанд, ки дар ин рӯйдод чархболҳо низ бар фарози ин меҳмонхона ба парвоз даромада буданд. Шуморе аз шоҳидони айнӣ шиддати инфиҷорҳо дар ин ҳамларо сангин гузориш додаанд. Ба гуфтаи онҳо, пас аз вуқӯъи таркиш, тирандозӣ дар маҳалли ҳодиса оғоз шуд. Тасовире, ки аз хонаҳои наздики ин даргирӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда, нишон медиҳад, ки бештари шишаҳо фурӯ рехта ва сохтмонҳои ҳамҷавор осеб дидааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Вонг Ю, сафири Чин дар Кобул, рӯзи якшанбе, 11-уми декабр, дар дидор бо Шермуҳаммад Аббос Истонакзай, муовини сиёсии сарпарасти вазорати умури хориҷаи Толибон, нисбат ба амнияти сафорат ва шаҳрвандони чинӣ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карда буд. Ӯ дар ин дидор аз Толибон хоста буд то ба амнияти сафорати ин кишвар дар Кобул бештар таваҷҷуҳ кунанд. Оҷонсии хабарии “Бохтар” зери идораи Толибон ба нақл аз мақомҳои Толибон иддао кард, ки сафири Чин дар ин дидор, аз амният дар Афғонистон ибрози хурсандӣ кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Толибон Абдулғанӣ Бародар

Бо ин ҳол Раҳматуллоҳ Набил, раиси умумии амнияти миллии пешини Афғонистон, ба рӯзномаи "8 субҳ" мегӯяд: “Гуруҳҳои террористии минтақаӣ фикр мекунанд, ки Толибон ба онҳо хиёнат карда ва ғояи муштараке, ки доштанд, аз он ақибнишинӣ кардаанд”. Набил меафзояд, ки ин гурӯҳҳо талош хоҳанд кард, то зери як чатар, аҳдофшонро дар ҳамкорӣ бо ДОИШ ё зери номи ДОИШ дар Афғонистон думбол кунанд. Ӯ зикр мекунад: “Ин гурӯҳҳо талош доранд то зери як чатр аҳдофи мавриди назари худро ҳатто дар баъзе маворид дар ҳамкорӣ бо ДОИШ ё ба номи ДОИШ, ҳадаф қарор диҳанд. Ба назарам вазъият барои кишварҳои минтақа душвортар хоҳад шуд”.

Раиси умумии амнияти миллии пешини Афғонистон таъкид мекунад: “ин кишварҳо (минтақа) ба зудӣ ба ин натиҷа хоҳанд расид, ки ин террористҳо буданд, ки ба умқи стратегиашон дар Афғонистон расиданд, на кишварҳои минтақа”.

Бо ин ҳол Самиро Ҳамидӣ, аз масъулини Созмони афви байналмилал дар ҷануби Осиё, бо бознашри навиштаи Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, ки гуфта ҳеҷ шаҳрванди хориҷӣ дар ин ҳамла кушта нашудааст, онро «дилҷамъӣ барои хориҷиҳо» донистааст. Ӯ гуфтааст: “Ин навиштаи сухангӯи Толибон танҳо дилҷамъӣ барои хориҷиҳо аст. 20 сол мардумро ҷосуси Ғарб гуфта қатлиъ ом карданд, ҳоли худ навкари ҳамин хориҷиҳоанд. Онҳо бояд хиҷолат бикашанд, ки мардумро наметавонанд ҳифозат кунанд… Интиҳорӣ ҳамеша интиҳорӣ мемонад”.

Ҳамла бар сафири Покистон дар Кобул

Покистон, ки аз ҳампаймонони калидии Толибон дар минтақа ва ҷаҳон аст, ба ҳимояти густурда аз Толибон дар тӯли бист соли гузашта муттаҳам мешавад. Аксарияти раҳбарон ва ҷангҷуёни ин гурӯҳ дар замони ҳузури неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон, ба ин кишвар паноҳ бурда буданд ва мавриди ҳимояти артиши Покистон қарор доштаанд. Пеш аз ҳамла бар шаҳрвандони чинӣ дар Кобул, Убайдулраҳмон Низомонӣ, сафири Покистон дар Кобул, дар ҳоли қадам задан дар атрофи ин сафорат мавриди ҳамла қарор гирифт. Дар ин ҳамла ба ӯ осебе нарасид, аммо як муҳофизаш захмӣ шуд. Давлати Покистон аз Толибон хостори таъмини амнияти сафораташ дар Кобул шуд. Муҳаммадсодиқ Хон, намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон, гуфтааст, ки амнияти сафорати онҳо дар Кобул бояд бештар таъмин шавад. Гурӯҳи ДОИШ масъулият ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ бо нашри хабарномае гуфтааст, ки “ба сафири Покистон ва нигаҳбононаш” ҳамла кардааст. Аммо вазорати хориҷаи Покистон эълом кард, ки иддаои ДОИШ-ро ба гунаи мустақил баррасӣ мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сафорати Покистон дар Кобул

Як рӯз пас аз он Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз боздошти омили ҳамла бар сафорати Покистон дар Кобул хабар дод. Ӯ иддао кард, ки бар асоси таҳқиқоташон ин ҳамла кори муштараки ДОИШ ва “саркашон” будааст. Ӯ аммо ҳеҷ акс ва номе аз омили сӯйиқасд бар ҷони сафири Покистон нашр накард.

Ҳамла бар сафорати Русия дар Кобул

Русия аз қудратҳои бузурги минтақаӣ аст, ки бо суқути Афғонистон ба дасти Толибон, сафораташ дар Кобулро фаъол нигаҳ дошт ва бо Толибон таомул кард. Маскав пеш аз султаи Толибон бар Афғонистон борҳо аз онҳо дар сатҳҳои ҳайати раҳбари як давлати мустақил пазироӣ кард. Ин кишвар дипломатҳои Толибонро дар сафорати Афғонистон дар Маскав пазируфт ва ин сафоратро ба ин гурӯҳ вогузар кардааст. Ба рағми ҳамаи ин хушбиниҳо ва таомули Русия бо Толибон, сафорати ин кишвар шоҳиди як рӯйдоди маргбор буд. Дар ҳамлае, ки бар ин сафорат рух дод, ду тан аз дипломатҳои русӣ кушта шуданд. Илова бар кушта шудани ду дипломати русӣ, беш аз 20 шаҳрванди Афғонистон, ки аксарияти онҳо донишҷӯ ва бозаргон буданд, низ кушта ва захмӣ шуданд. Ин ҳамла вокунишҳои густурдаи дохилӣ ва хориҷиро барангехт. Кишварҳои ғарбӣ ба шумули Амрико ин ҳамларо накӯҳиш карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пазироии Сергей Равров, вазири корҳои хориҷии Русия аз ҳайати Толибон дар Маскав

Бар асоси гузориши рӯзномаи "8 субҳ", танҳо дар ҷараёни ду моҳи гузашта ҳудуди 100 тан дар натиҷаи ин ҳамалот кушта ва беш аз 150 тан захмӣ шудаанд.

Ҳамла бар дафтар ҳизби исломии Афғонистон

Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон, дар ҷараёни адои намози ҷумъа дар Кобул мавриди як ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт, ки дар натиҷаи он як намозгузор кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд. Аммо ба ӯ осебе нарсид. Ҳикматёр як ҳафта пас аз он, аз аъзои ҳизбаш хост, ки барои як «ҷиҳоди дигар» омада шаванд. Ӯ аммо возеҳ насохт, ки алайҳи чӣ касе «ҷиҳод» мекунад.

Таркиш дар мадрасаи Ал-ҷиҳодияи Самангон

Толибон натанҳо дар таъмини амнияти шаҳрвандон ноком буда, балки дар таъмини амнияти мадрасаҳои динӣ, ки хостагоҳ ва пойгоҳи калидии онҳо дар ба қудрат расиданашон ба ҳисоб мераванд, низ ноком будаанд. Ҳудуд 10 рӯз қабл инфиҷори маргбор дар мадрасаи Ал-ҷиҳодияи шаҳри Ибак, маркази вилояти Самангон, даҳҳо қурбонӣ барҷой гузошт. Дафтара Ҳайати муованати СММ ё UNAMA эълон кард, ки дар таркиш дар мадрасаи Ал-ҷиҳодияи Самангон, 19 тан кушта шуда ва 23 тани дигар захм бардоштаанд. 20 кӯдак дар миён қурбониёни ин рӯйдод ҳастанд.

Ин дар ҳоле аст, ки шуморе аз суханронон дар нишасти Гуфтугуҳои амниятии Ҳарот, ки дар ҷараёни ҳамин моҳ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, баргузор шуд, аз тадовуми вазъияти мавҷуд дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карданд. Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин нишаст аз афзоиши фаъолитҳои террористӣ дар хоки Афғонистон ибрози нигаронӣ кард ва бар ташкили низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон таъкид варзид. Афросиёб Хатак, раҳбари ҳизби «Авоми милли»-и Покистон, гуфт, ки Афғонистон ба майдони рақобати стратегии қудратҳои бузург табдил шудааст. Ӯ таъкид кард, ки Толибон давом намеоваранд. Зеро ба гуфтаи ӯ «ифротӣ ва бадавӣ»-анд ва тавоноии давлатдориро надоранд.

Бо ин ҳол чеҳраҳои сиёсӣ ва шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон ба ин боваранд, ки Толибон дониши мудирият ва тавоноии контроли ин кишварро надоранд ва амалан Афғонистонро ба майдони рақобатҳои стратегӣ ва ҷангҳои бузургтар мубаддал мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, кишварҳои ҳампаймони Толибон низ ба ин таҷриба расидаанд, ки ин гурӯҳ наметавонад ба тааҳҳудоти хеш дар қиболи онҳо амал кунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...