Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки Толибон* бо кумакҳои кишварҳои хориҷа ҳукумат мекунанд ва агар ин кумакҳо қатъ шавад, ин гуруҳ наметавонад як ҳафта ҳам дар сари қудрати Афғонистон бошад.
Дар изҳороте, ки Ҷабҳа 12-уми декабр нашр кард, таъкид мешавад, “Бритониё беш аз 600 миллион доллар ба Афғонистон кумак кардааст ва ин кумакҳо “тамоман” ба ҷайби Толибон мераванд ва мардуми Афғонистон камтарин саҳме дар он надоранд”.
Ин ҷабҳа бо интиқод аз сиёсати давлати Бритониё ва Амрико афзудааст, ки “сӯҳбат аз таомул бо Толибон дар ҳоле мешавад, ки ҳузури низомии 20-солаи Бритониё дар Афғонистон наздик ба 30 миллиард фунт ҳазина дошта ва дар ин муддат 457 низомии ин кишвар аз сӯи Толибон кушта шудаанд”.
Ин изҳороти шадидуллаҳни Ҷабҳа посухе ба баёнияи ахири Ҳуго Чартр, кордори пешини Бритониё дар Афғонистон аст, ки гуфт “мардуми Бритониё ва Афғонистон пайванди воқеӣ доранд. Бинобар ин тааҳҳуди мо ба кор барои ояндаи босуботтар барои Афғонистони пойдор аст”.
Дар ҳоле, ки Бритониё аз таомул бо Толибон ҳарф мезанаду Ҷабҳа онро шадидан интиқод мекунад, намояндагони баландмақоми дипломатия Русия ғайриинтизор ба интиқоди Толибон оғоз мекунанд.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар суҳбат ба РИА “Новости” гуфт, ки ваъдаҳои додаи Толибон иҷро нашуданд ва Афғонистон ба самти нодуруст равона аст.
“Мо дар моҳҳои охир шоҳиди ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла алайҳи намояндагиҳои дипломатӣ дар Кобул ва дар марз бо ҳамсояҳои шимолии худ шудем. Мо мебинем, ки созмонҳои террористӣ фаъолияти худро озодона идома медиҳанд, дар бораи ҳукумати фарогир ҳоҷати гап нест”, – таъкид кард Григорев.
Ҳамчунин, Замир Кобулов низ дар суҳбат бо маҷаллаи ҳиндии The Week аз давлатдории Толибон интиқод карда, таъкид намуд, ки “Толибон дарк намекунанд, ки ҳарчанд ҳоло мухолифони ҷиддӣ надоранд, аммо дар сурати идомаи тамоюлҳои кунунӣ ошӯб ба вокуниши маъмулии мардуми Афғонистон табдил хоҳад ёфт”.
Бояд гуфт, ки ин камтарин ҳолатест, ки намояндаи давлати Русия ошкоро аз сиёсати ин гуруҳ сахт интиқод мекунад, зеро қаблан Маскав ошкоро аз фирори нерӯҳои Амрико ва шикасти низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон истиқбол мекард.
Дар ҳамин ҳол, сарпарасти вазорати дохилаи Афғонистон Сироҷиддин Ҳаққонӣ низ аз сиёсатгузориҳои ин гуруҳ интиқод карда, гуфтааст, ки “бархе нафароне ҳастанд, ки худашонро барҳақ ва тасмимоташонро дуруст медонанд, аммо онҳо давлату миллатро ба самти хатар мебаранд”.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.