Пас аз даргирӣ дар гузаргоҳи Турхам миёни сарҳадбонони Покистону ҷангҷӯёни Толибон*, ки 20-уми феврал рух дод, як ҳайати Покистон, таҳти сарварии Хаваҷа Осиф, вазири дифои ин кишвар ба Кобул сафар кардааст. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҷунбиши Толибон дар Твиттер хабар дод.
Ӯ навишт, ки вазири дифои Покистон бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сарвазири ҳукумати сарпарасти Толибон, Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷӣ ва Мулло Абдулҳақ Восиқ, раиси Хадамоти иктишофӣ мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.
“Дар ин дидор масоили амниятӣ, аз ҷумла фаъолияти “ҷангиёни мухолифин” дар Афғонистон ва масъалаи гурезаҳои афғон баррасӣ шуд”, – навишт Забеҳулло Муҷоҳид.
Интерфакс аз қавли як мақоми Толибон менависад, ки “ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҷудо аз масоили сиёсӣ бошад. Иштироккунандагони суҳбат ба халли проблемаҳо бо роҳи гуфтушунид, инчунин ба инкишоф додан ва мустаҳкам намудани муносибатҳои сиёсию иктисодӣ таъкид намуданд”.
“Ҳафтаи гузашта вазири умури хориҷаи Покистон Билавола Бҳутто Зардорӣ дар конфронси амниятии Мюнхен суханронӣ карда, гуфт, ки агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон таваҷҷӯҳ накунад, "ин метавонад на танҳо барои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, мисли Покистон, балки барои Ғарб низ таҳдиди мустақим бошад , зеро ҳукумати Афғонистон нерӯи доимии амниятӣ надорад”,- навиш ин расона.
Ин суханони вазири покистонӣ боиси хашми Толибон шуданд.
Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар посух изҳор дошт, ки “Иморати исломии Афғонистон дар амал ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон собит кард, ки бо нерӯҳои ҳирфаӣ ва ботаҷрибаи амниятӣ ба касе иҷоза намедиҳад, ки қаламрави Афғонистонро алайҳи дигарон истифода барад".
Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, ки “ноамнӣ дар Покистон нав нест, он аллакай дар ду даҳсолаи охир вуҷуд дошт”.
“Гузашта аз ин, мо ба Покистон маслиҳат медиҳем, ки масъалаҳои дуҷонибаро бо ҳукумати Афғонистон рӯ ба рӯ баррасӣ кунанд, на дар конфронсҳои байналмилалӣ шикоят кунанд”, – изҳор дошт вазорати корҳои хориҷии Афғонистон.
Гуфтан ба маврид аст, ҳукумати Толибон пас аз ишғоли қудрат дар Афғонистон дар тобистони соли 2021, аз ҷониби ҳеҷ як кишвари ҷаҳон расман эътироф нашудааст. Мансабдорони гуногунсатҳи Покистон дар оғоз аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста буданд, ки бо Толибон ҳамкорӣ кунанд, аммо чунин ба назар мерасад, ки бо гузашти наздики 2 сол аз ҳукуматдории Толибон дар Афғонистон, онҳо низ мавқеи қавии мушаххас дар қиболи ин гуруҳро надоранд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.