spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Раҳбари Толибон аз “ҳукумат”-и худ интиқод кард

Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари гурӯҳи Толибон*, аз амалкарди “ҳукумат”-и зери роҳбарии худаш интиқод карда, онро “муомилагар” хондааст. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад.

“Мулло Ҳайбатуллоҳ дар як навори савтӣ, ки замони сабти он мушаххас нест ва рӯзи панҷшанбе, 2-юми март, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аз навъи “ҳукумати Толибон” интиқод карда, афзудааст  “ин ҳукумат нест, муомилагарӣ аст”, – навиштааст рӯзнома.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳукумати муомилагар ба нафъи теъдоде аз афрод буда, дар он “муомила ҷараён дорад”.

Ҳайбатуллоҳ хитоб ба зердастони худ гуфтааст, “аз хоҳишҳои худ сарфи назар кунед ва ҳама хоҳишҳои худро тобеъи шариат кунед, ки бартариҷӯӣ ба ноамнӣ  оварда мерасонад”.

Мушаххас нест, ки мухотабони суханони роҳбари Толибон киҳо будаанд, аммо дар рӯзҳои ахир ихтилофот миёни сарони ин гурӯҳ беш аз пеш авҷ гирифтааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз Ҷабҳаи муқовимат то Ҳаққониву дипломатҳои Русия. Борони интиқод бар сари Толибон меборад

Қабл аз ин, Яъқуб Муҷоҳид, сарпарасти вазорати дифоъ ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати умури дохила низ дар суханрониҳои хеш бидуни зикри номи роҳбари худ, аз сиёсатҳои ҷории Толибон интиқод карда, гуфта буданд, ки “инҳисори қудрат ва таҳмили дидгоҳ ба суди Толибон нест” ва “бо чашмони баста аз касе итоат накунанд”.

Ба дунболи ин изҳоротҳо, Забеҳуллоҳ Муҷоҳиб, сухангӯи Толибон рӯзи панҷшнбе, 2-юми март, бо нашри хабарнома иттилоъ дод, ки Ҳайбатуллоҳ Охундзода бо вазирони дохила, дифоъ, хориҷа ва мухобироти толибон дидор кардааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон рӯзи панҷшнбе, 2-юми март, бо нашри хабарномае аз дидори Мулло Ҳайбатуллоҳ бо Яъқуб Муҷоҳид ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.

Бояд гуфт, ки ин аввалин мулоқоти роҳбарони Толибон пас аз эҷоди ихтилоф ва танишҳои лафзӣ миёни онҳо мебошад. Аммо Забеҳулло Муҷоҳид дар хусуси муҳтавои суҳбати онҳо иттилои бештар надодааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...