spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Ҳама ё ҳеҷ кас”. Духтарони Афғонистон аз писарон хостанд то донишгоҳҳоро таҳрим кунанд

Тибқи эълони сарпарасти Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон бо оғози соли таҳсили ҷадид, танҳо донишҷуёни писар ба донишгоҳҳо мераванд. Дар ҳамин ҳол, шуморе аз донишҷуёни духтар дар номае аз донишҷуёни писар хостаанд, то донишгоҳҳоро таҳрим кунанд.  Дар ин бора рӯзномаи 8 субҳ хабар медиҳад.

Дар номаи саркушодаи донишҷӯёни маҳрумшуда аз таҳсил омадааст, ки “миллионҳо духтар дар саросари Афғонистон бо чашмони ашкбор ба сӯи истодагии шумо хоҳанд нигарист ва шуҷоату ҳамроҳии шуморо таҳсин хоҳанд кард. Мо болои шумо садо мекунем, ки донишгоҳҳоро таҳрим кунед”.

Духтарони донишҷӯ ҳамчунон гуфтаанд, ки маҳрум кардани духтарон аз таҳсил бар хилофи ормонҳои муштараки занон ва мардон барои худкифоии Афғонистон аст ва бояд дар муқобили он истод.

Дар нома ҳамчунон гуфта шудааст, ки онҳо ваъдаи донишҷуёни писар дар ҷараёни эътирозҳо ва шиори “ё ҳама ё ҳеҷ кас”- ро ба ёд доранд ва мунтазиранд, то ҷаҳон истодани донишҷуёни писарро дар канори адолат ва озодӣ бубинад.

Донишҷуёни духтар ба ҳамсинфони писарашон гуфтаанд, “ба Толибон* дарс бидиҳед, ки вақте як миллат тасмим бигирад метавонад ба соддагӣ сохторҳои як гурӯҳи террористиро бо фурӯпошӣ рӯбарӯ кунад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бояд гуфт, ки тибқи эълони сарпарасти Вазорат таҳсилоти олии Афғонистон, рӯзи душанбе, 6-уми март, нахустин рӯзи оғози соли таҳсили ҷадид аст.

Дар мактуби нашршуда аз сӯи ин вазорат, санаи бозгашти духтарон ба донишгоҳҳо мушаххас нашуда аст.

Толибон ҳудуди чаҳор моҳ пеш дари донишгоҳҳоро ба рӯй духтарон бастанд. Иқдоме, ки эътирозҳои густурдаи донишҷӯён ва ҳам созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсонро дар пай дошт.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...