spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Корпоратсияи Meta Platforms, ки молики шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва мессенҷери Whatsapp мебошад, эълон кард, ки ба аз кор озод кардани 10 ҳазор нафар кормандони худ омодагӣ мегирад. Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад. Моҳи ноябр ширкат 11 ҳазор нафар кормандонро ихтисор карда буд, менависад ВВС.

Роҳбари корпоратсия Марк Сукерберг дар як изҳорот ба кормандонаш  гуфтааст, ки ихтисорот, ба қавли ӯ, "вазнин" хоҳад буд ва як қисми нақшаи солонаи ширкат бо номи "Соли самаранокӣ" мебошад. Ширкат инчунин аз қабули коргарон барои 5 ҳазор ҷойҳои кории холии мавҷуда худдорӣ мекунад.

Сукерберг бар ин назар аст, ки соли 2022, вақте ки даромади Meta ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфт, барои ширкат "аломати ҳушёркунанда ва ташвишовар" буд.

Аз омилҳое, ки сарнавишти ояндаи ширкатро муайян мекунад, Сукерберг афзоиши фоизи қарзҳо, бесуботии геополитикӣ дар ҷаҳон ва танзими шадидтари бозорро номбар кардааст.

“Фикр мекунам, мо бояд ба он омода бошем, ки ин воқеияти нави иқтисодӣ дар тӯли солҳои оянда боқӣ мемонад”, – изҳор доштааст Сукерберг.

Ихтисороти аввал дар воҳидҳои техникии ширкат охири моҳи апрел ва дар воҳидҳои тиҷоратӣ – охири моҳи май оғоз мешаванд. Ихтисорот нахуст ба воҳидҳои кадрӣ эълон мешавад.

Қисме аз муроҷиати Сукерберг ба бозгашти кормандони техникии Meta барои фаъолият дар дафтари корӣ дахл дорад. "Дар марҳилаҳои аввали кор муҳандисон агар ҳадди аққал се маротиба дар як ҳафта ба дафтари корӣ оянд, ба ҳисоби миёна самараноктар фаъолият мекунанд", – гуфтааст роҳбари Meta.

Қаблан дар Meta изҳор дошта буданд, ки дар семоҳаи охири соли 2022 фоидаи ширкат 4% коҳиш ёфтааст, ҳарчанд дар тӯли сол он ҳанӯз ҳам аз 23 миллиард доллар зиёд шуд.

Meta ягона ширкате нест, ки дар бахши IT (технологияҳои иттилоотӣ) теъдоди коргаронро кам мекунад. Alphabet, ширкати молики Google, алакай 12 ҳазор нафарро ихтисор намуда, Amazon эълом доштааст, ки 18 ҳазор нафарро ба далели "номуайянии иқтисодӣ" аз кор озод мекунад.

Ба иттилои торнамои layoff.fyi, ба сурати умум соли 2023 дар бахши IT зиёда аз 128 ҳазор нафар бо сабаби ихтисор аз кор озод карда шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Переводы:

Похожие материалы

spot_imgspot_img

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Новости компаний

Новости компаний

Новости компаний

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?

Боз як навъи электромобилҳои нав дар Тоҷикистон. 10 сомонӣ захираи барқ барои 410 километр

Ширкати “Як таксӣ” электромобилҳои нав ворид намуда, ояндаи наздик ният дорад, ки дар саросари кишвар шабакаи нуқтаҳои пуркунии захираи барқ васл кунад.
spot_imgspot_img

ПОСЛЕДНИЕ НОВОСТИ

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...