Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳрвандони Туркия даъват кард, ки дар интихоботи президентии қарибулвуқӯ ба раисҷумҳурии кунунии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон овоз диҳанд.
“Аз номи ҳамаи мардумони бародар аз мардуми турк даъват мекунам, ки аз номзадии муҳтарам Раҷаб Эрдуғон дар интихоботи пешорӯ ҳимоят кунанд”, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ӯ барои иштирок дар саммити ғайринавбатии Созмони давлатҳои туркӣ, ки 16-уми март баргузор гардид, ба Туркия сафар кард.
Сарфи назар аз он ки саммит дар Анкара ба мавзуи офатҳои табиӣ ва кӯмакҳои башардӯстона бахшида шуда буд, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин чорабинӣ асосан барои ҳимоят аз Эрдуғон ташкил шудааст. Онҳо бовар доранд, ки поёнравии қурби пули туркӣ дар солҳои охир ва оқибати заминларзаи харобиовари моҳи феврали соли ҷорӣ ба нуфузи Эрдуғон зарба задааст.
Дар Туркия интихоботи навбатии президентӣ 14 май баргузор мешавад ва дар он намояндаи эътилофи мухолифини ин кишвар Камол Киличдароғлу рақиби асосии Эрдуғон муаррифӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки ин даъвати Шавкат Мирзиёев ҳар дар арафаи баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ – раъйпурсӣ барои Конститутсияи нав садо медиҳад.
Дар сурати қабули Конститутсияи нав, муҳлати қаблии президентии Шавкат Мирзиёев бекор гардида, ӯ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки боз барои ду давраи 7-сола президент интихоб гардад.