Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон баъд аз зӯҳри имрӯз, 29-уми март, дар сафҳаи Твиттери худ навореро аз ҳамлаи нерӯҳои ин Ҷабҳа ба маркази таълимии Толибон дар минтақаи Пули – Чархии шаҳри Кобул нашр карда, навишт: “Ин ҳамла оғози амалиёти чирикии нерӯҳои мо барои дифоъ аз мардум дар муқобили зулм ва таваҳҳуши толибонӣ дар фасли ҷадид аст. Замон: дишаб, макон: маркази таълимии Пули – Чархии Кобул, постгоҳҳои қитъаи хоси Толибон”.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ таъкид кардааст, ки дар ин ҳамла талафоти зиёде ба ҷангҷуёни толиб ворид шудааст. Дар ҳамин ҳол ӯ шумораи дақиқи талафоти Толибонро нагуфтааст.
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовамати миллӣ гуфтааст, ки ба монанди ин ҳамлаҳо пас аз ин идома хоҳад ёфт.
То ҳол намояндагони гуруҳи Толибон* ин навиштаи сухангӯи Ҷабҳаро шарҳ надодаанд.
Бояд гуфт, ки ин нахустин ҳамлаи Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ба Толибон пас аз оғози соли ҷорӣ аст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.