spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мавлавӣ Ҳайбатулло гуфт, ҷиҳод дар Афғонистон хотима намеёбад

Мавлавӣ Ҳайбатулло Охунд, роҳбари Толибон* зимни суханронӣ дар назди уламои ислом аз Кобул гуфт, истиқрори шариат дар Афғонистон танҳо марҳалаи аввали ҷиҳоди муваффақи Толибон аст. Ба гуфтаи вай, дар оянда Толибон ва уламои афғон муваззафанд, ки тамоми ҷаҳонро ба сӯи мудирияти шариат раҳнамоӣ кунанд.

Ба ин тартиб, раҳбари Толибон рӯшан гуфт, ки ҷиҳоди ҷангҷӯёнаш танҳо дар қаламрави Афғонистон хотима нахоҳад ёфт, менависад Андрей Серенко, сиёсатшинос ва коршиноси умури Афғонистон, дар ҳафтаномаи “Независимая газета”.

Баёнияҳои ҳангомаангези Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ чанд рӯз пеш, пас аз ифшо шудани нукоти аслии суханронии ӯ дар бахши афғонистонии шабакаҳои иҷтимоӣ, ошкор гардид. Ба ин тартиб, изҳороти амири Толибон иддаои бисёре аз сиёсатмадорон, дипломатҳо ва коршиносонро, ки тӯли чанд сол афкори ҷомеаро итминон медоданд, Толибон гӯё ҳадафҳои ҷаҳонии ҷиҳодӣ надоранд, ботил сохт.

То ин лаҳза коршиносон мегуфтанд, бар хилофи Давлати исломӣ, Толибон гӯё мехоҳанд, танҳо дар Афғонистон “низоми исломӣ” эҷод кунанд ва онҳо ба густариши ҷиҳод машғул нестанд. Аз ин рӯ, бо низоми Толибон ба ҳайси тарҳи ҷиҳоди муътадил ҳамкорӣ кардан мумкин аст.

Амири Толибон ин иддаъо ва арзёбиро комилан рад кард.

“Муваффақияти ҷиҳоди Афғонистон ифтихору шараф на танҳо барои афғонистониҳо, барои тамоми мусулмонон аст, ин орзуи мусалмонони саросари ҷаҳон аст. Масъулияти шумо на танҳо барои истиқрори шариат дар Афғонистон аст, балки уламои Афғонистон низ вазифадоранд, ки тамоми ҷаҳонро ба суи мудирияти шариат раҳнамоӣ кунанд”, – гуфт Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунд дар суханронии худ назди уламои дини Кобул.

Мавзӯи муҳиммияти риояи шариат на танҳо дар Афғонистон, балки берун аз марзҳои он низ дар суханронии Ҳайбатуллоҳ Охунд мавқеи хос дошт.

Нуктаи дигари муҳим дар суханронии Мавлавӣ Ҳайбатулло ин инкори таъсиси “ҳукумати фарогир” дар Афғонистон буд. Чизе ки тӯли беш аз якуним сол аст намояндагони СММ, ИМА, Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Миёна аз низоми Толибони тақозо доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мавлавӣ Ҳайбатулло Охунд

Ҷолиби диққат аст, ки то ин замон баъзе дипломатҳои амрикоӣ ва рус хушбинона изҳори назар карда, афкори ҷомеаро ба он банд медоштанд, ки Толибон дер ё зуд ба таъсиси ҳукумати фарогир розӣ хоҳанд шуд ва намояндагони гурӯҳҳои асосии этникӣ-сиёсии кишварро ба он шомил хоҳанд кард.

Мавлавӣ Ҳайбатулло возеҳ гуфт, ки ҳамаи ин умедҳо беҳудаанд ва ба зарурати риояи шартҳои афви намояндагони низоми ҷумҳурият, ки моҳи августи соли 2021 аз сӯи Толибон сарнагун шуда буд, таъкид кард.

“Ҳеҷ кадоме аз мо иҷоза ҳақ надорем, ки афроди низоми собиқ барои ҷиноятҳои гузаштаашон муҷозот шаванд. Агар касе ин корро кунад, дар додгоҳ муҳокима хоҳад шуд. Ман барои додгоҳҳо дар ин бора дастурҳои дақиқ дорам. Ҳамчунин, ба ҳайати ҳукумат шомил кардани ин гуна афрод низ қобили қабул нест, чун ин ба эҳсоси онҳое, ки аз аъмоли кормандони собиқи низом ҷабр дидаанд нохун мезанад. Инчунин, ин гуна афрод аллакай мавриди озмоиш қарор гирифта ва ноком шуданд. Аз ин лиҳоз, аз додани вазифаи давлатӣ ба кормандони собиқи низом худдорӣ кунед”, – гуфт Мавлавӣ Ҳайбатулло.

Модели нави Толибон

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Манфиати миллӣ ва танҳоӣ дар сангар? Боздиди Толибон аз консулгарӣ дар Хоруғ

Зимни ин суханронӣ амири Толибон модели идораи Афғонистонро муаррифӣ кард, ки қасд дорад эҷод кунад.

Ба гуфтаи ӯ, “шариати ҳақиқӣ” танҳо бо гирди ҳам овардани уламои дин ва “ҳокимон”, яъне маъмурони Толибон амалӣ мешавад: “Ҳокимияти шаръӣ танҳо аз ду гурӯҳ иборат хоҳад буд. Якум, ҳокимон, ки аллакай дар қудрат ҳастанд ва дуввум, олимон”.

Мавлавӣ Ҳайбатулло бар зарурати шомил кардани уламои дин ба ҳар як ниҳоди роҳбарикунандаи “ҳукумати муваққат”-и феълии Кобул таъкид кард ва гуфт, ин имкон медиҳад, “назорати ҳокимон ва риояи беҳтари шариат" ба роҳ монда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, “олимон бояд дар додгоҳҳо, вазоратхонаҳо, маъмурияти вилояту навоҳӣ ҳузур дошта бошанд”. Ӯ гуфт, бидуни иштироки уламо Толибон наметавонанд дар Афғонистон “низоми исломӣ”-и комилро ба вуҷуд оранд.

“Ҳоло, ки вақти ҷорӣ кардани шариат расидааст, Толибон намедонанд, ки ин корро чӣ тавр кунанд. Аммо олимон метавонанд ин корро амалӣ намоянд, зеро онҳо ҳама (меъёр ва муқаррароти динӣ)-ро медонанд”, – гуфт ӯ.

Ҳайбатуллоҳ Охунд ба мақоми вижаи сиёсии худ дар “низоми исломӣ”-и Афғонистон низ таъкид кард: “Ман сиёсатмадор ё раҳбари фиребгар нестам, ки бояд дурӯғ бигӯяд, то шӯҳрат пайдо кунад. Пас, агар маро раҳбари худ хонед, ба гуфтаҳои ман итоат мекунед ва агар аз шумо рафтанро талаб кунам, пас меравед”.

Коршиносон хитоби ахири амири Толибонро паёме ба вазирони шӯҳратпарасти ин гуруҳ, пеш аз ҳама, сарпарасти вазорати дифоъ Мулло Яъқуб ва сарпарасти вазорати умури дохила Сироҷиддин Ҳаққонӣ арзёбӣ карданд, ки саъй дорад дар паси парда бо шарикони хориҷӣ музокира кунад ва аз баъзе тасмимҳои Мавлавӣ Ҳайбатулло интиқод кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сироҷиддин Ҳаққонӣ

Аз ҷумла, сухан дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқи занон дар Афғонистон барои таҳсил ва кор меравад. Маълум аст, ки дар ин масъала мавқеи, масалан, Сироҷиддин Ҳаққонӣ, на ба мавқеи амири Толибон, балки бо талабҳои намояндагони ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Раҳбари Толибон аз “ҳукумат”-и худ интиқод кард

Кор ба ҷое расид, ки чанд моҳ пеш сиёсатшиноси амрикоӣ Шерил Бернард, ҳамсари собиқ намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон Залмай Халилзода, ошкоро тавассути расонаҳо аз Ҳаққонӣ даъват кард, ки дар Афғонистон табаддулот анҷом диҳад ва гуруҳи фундаменталистонро бо сардории Мавлавӣ Ҳайбатулло сарнагун кунад.

Дере нагузашта амири Толибон эълон кард, ки як дастаи посбонии шахсии иборат аз 40 000 нафарро таъсис додааст ва он дар баробари артиш ва нерӯҳои пулиси таҳти назорати Мулло Яъқуб ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ мувозинатро нигоҳ медорад.

Ишорае, ки Ҳайбатуллоҳ фиристодааст, шояд маънои онро дошта бошад, ки бо анҷоми раванди таъсиси дастаи посбонони амир, ӯ шояд тағйироти раҳбарияти ниҳодҳои амниятии ҳукумати Толибонро тақозо кунад.

Ҳамакнун, суоли аслӣ ин аст, ки Мулло Яъқубу Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва шарикони хориҷии ғайрирасмии онҳо ба ин тақозои амири худ чӣ гуна бархӯрд хоҳанд кард.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...