spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳушдор ба ҷаҳон ва таъсиси хилофат. Изҳороти Амири Толибон чӣ паём дорад?

Мавлавӣ Ҳайбатулло Охунд, роҳбари Толибон* чанде пеш зимни суханронӣ дар назди уламои ислом гуфт, “ҷиҳоди ҷангҷӯёнаш танҳо дар қаламрави Афғонистон хотима нахоҳад ёфт ва истиқрори шариат дар Афғонистон танҳо марҳалаи аввали ҷиҳоди муваффақи Толибон аст”. Ба гуфтаи вай, дар оянда Толибон ва уламои афғон муваззафанд, ки тамоми ҷаҳонро ба сӯи мудирияти шариат раҳнамоӣ кунанд.

Изҳороти амири Толибон иддаои бисёре аз сиёсатмадорон, дипломатҳо ва коршиносонро, ки тӯли чанд сол афкори ҷомеаро итминон медоданд, “Толибон танҳо Афғонистонро “мехоҳанд”, ба ҳамсояҳои худ, махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ чашм ало намекунанд” ва гӯё “ҳадафҳои ҷаҳонии ҷиҳодӣ надоранд”, ботил сохт.

Нуктаи дигари муҳим дар суханронии Мавлавӣ Ҳайбатулло ин инкори таъсиси “ҳукумати фарогир” дар Афғонистон буд. Мавлавӣ Ҳайбатулло возеҳ гуфт, ки ҳамаи ин умедҳо беҳудаанд.

“Ҳушдор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ: Моро ба расмият шиносед!”

Ин изҳоротҳои роҳбари Толибон, ки бори аввал садо дод, дар сатҳи коршиноси баҳсҳои густурда ва саволҳое мисли “оё ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ин изҳоротро ҷиддӣ гиранд ва ба он чӣ гуна бархӯрд бояд кунанд?” ба миён овард. “Азия-Плюс” аз коршиносон ин саволро пурсид.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили Афғонистон бо ишора ба он ки бо гузашти 1 солу 7 моҳ ҳукумати Толибонро ҳеҷ кишваре ба расмият нашинохт, мегӯяд, роҳбари ин гуруҳ ба қудратҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дод, ки агар ҳукумати Толибонро ба расмият нашиносанд, онҳо дар фикри интиқоли ҷиҳод аз марзҳои Афғонистон хоҳанд буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қосими Бекмуҳаммад

“Ҳамчунин, ӯ ҳушдор дод, ки набояд интизори ташкили ҳукумати фарогир тибқи хости худ бошед. Ҳамин ҳукумате, ки мо дорем, онро фарогир медонем ва бояд бо ин созиш кунед”, – шарҳ дод ин коршиноси тоҷик.

Ӯ гуфт, ҳадафи дигари ин паём қаноат додан ба он гуруҳҳое аст, ки ҷиҳод то пирӯзии ислом дар саросари ҷаҳонро моҳияти ҳаёти худ медонанд.

Нуралӣ Давлат, сиёсатшини тоҷик дар робита ба изҳороти роҳбари Толибон гуфт, онҳо аз аввалин рӯзи зуҳури худ дар арсаи сиёсати Афғонистон дурӯғро василаи расидан ба аҳдофи худ қарор дода буданд.

“Аз Бурҳониддин Раббонӣ бо ваъдаи ҷанг бо гуруҳи Гулбуддин Ҳикматёр маблағ ва яроқ гирифтанду баъдан алайҳи ҳукумати Раббонӣ ҷангиданд. Баъди имзои созишнома дар Давҳа ӯҳдадор шуданд, ки нерӯҳои худро вориди Кобул намекунанд, кормандон ва низомиёни ҳукумати пешинро таъқиб наменамоянд, аммо дар асл, вориди Кобул ҳам шуданду таъқибу фишорро оғоз карданд. Зиёда аз ин, дар манотиқи гуногуни Афғонистон ба наслкушии тоҷикону ҳазораҳо даст заданд. Ваъда доданд, ки равобитро бо созмонҳои террористӣ мекананд, амал накарданд ва ҳоло дар ин кишвар гуруҳҳои зиёди террористӣ амал мекунад. Куштори Завоҳирӣ, роҳбари Ал-Қоида дар Кобул далели ҳамкории онҳо мебошад”, – гуфт Нуралӣ Давлат.

“Ҳадафи Толибон эҷоди Хилофат дар ҷаҳон аст”

Амири Толибон ҳамчунин, модели идораи Афғонистонро муаррифӣ кард, ки қасд дорад, эҷод кунад.

Ба гуфтаи ӯ, “шариати ҳақиқӣ” танҳо бо гирди ҳам овардани уламои дин ва “ҳокимон”, яъне маъмурони Толибон амалӣ мешавад: “Ҳокимияти шаръӣ танҳо аз ду гурӯҳ иборат хоҳад буд. Якум, ҳокимон, ки аллакай дар қудрат ҳастанд ва дуввум, олимон”.

Ба гуфтаи ӯ, “олимон бояд дар додгоҳҳо, вазоратхонаҳо, маъмурияти вилояту навоҳӣ ҳузур дошта бошанд”. Ӯ гуфт, бидуни иштироки уламо Толибон наметавонанд дар Афғонистон “низоми исломӣ”-и комилро ба вуҷуд оранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мавлавӣ Ҳайбатулло

Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, дар марҳалаи кунунӣ амалӣ шудани ҳадаф аз эҳтимол дур аст, чунки айни замон барои Толибон ба расмият шинохтани хукуматашон дар мадди аввал аст.

“Яъне сатҳи таъомулу ҳамкориашонро бо дунё беҳтар кунанд, ҳатто умедвор ҳастанд, ки курсии намояндагии Афғонистон дар СММ-ро ба даст биоваранд. Суҳбатҳое ҳам ҳаст, ки пушти парда тавофуқоте низ дар ҳоли дастёфтан аст. Бинобар ин, паёмҳое ҳам дарёфт мекунанд ва барояшон ин умедворӣ ҳосил мешавад, ки инҳо бо идома додани сиёсат билохира ҷомеаи ҷаҳониро водор ба ҳамкорӣ бо худ хоҳанд кард”, – изҳор дошт ин коршиноси тоҷик.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Толибон эълон карданд, ки теъдоди артиши худро то 200 ҳазор сарбоз афзоиш медиҳанд

Ӯ бар ин назар аст, ки кишварҳои ҳамсояи Аафғонистон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ин паёми роҳбари Толибонро бояд бисёр ҷиддӣ гиранд, зеро он собит сохт, ки дар сурати ба даст овардани барномаву аҳдофи худ дар Афғонистон, нигоҳи гуруҳи Толибон ба аҳдофи баландтару бузургтар хоҳад буд, ки ҳамон ҷиҳод ва эҷоди Хилофти исломии ҷаҳонист.

“Тамоми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ  (ба истиснои Тоҷикистон) бо Толибон ҳадафи коҳиши таҳдидоти амниятӣ дорад. Изҳорот нишон медиҳад, ки ин кишварҳо нисбат ба Толибон  бояд нигоҳи мусоҳимаомез дошта бошанд ва огоҳ бошанд, ки аз даҳлези Афғонистон ё низоми Толибон ҳамеша таҳдид вуҷуд дорад”, – гуфт ӯ.

Дар ин маврид Нуралӣ Давлат мегӯяд, ин ҳама изҳороти Толибон дар хусуси иттиҳоди уламои дин найранги навбатӣ мебошад, вале ба ҳар сурат кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро мебояд, ки ба он муносибати ҷиддӣ кунанд ва хулосаи воқеиву муносиб бароранд.

“Ҳаракати Толибон созмони миллатгарои паштунӣ аст, ки исломро чун василаи табдили Афғонистон ба Паштунистон истифода мекунад. Он чанд нафар намояндагони миллатҳои дигар, ки ба ҳайати ҳукумати таъсисдодаи онҳо шомил шудаанд, ба хотири фиреби назари ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Дар асл аз ин мансабдорон чизе вобаста нест”, – гуфт ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нуралӣ Давлат

“Ихтилоф ҳаст, вале дар сурати таҳдид гирди роҳбар ҷамъ мешаванд”

Нуктаи дигари суханронии амири Толибон ба мақоми вижаи сиёсии худ дар “низоми исломӣ”-и Афғонистон бахшида шуда буд ва ӯ таъкид кард, ки “ман сиёсатмадор ё раҳбари фиребгар нестам, ки бояд дурӯғ бигӯяд, то шӯҳрат пайдо кунад. Пас, агар маро раҳбари худ хонед, ба гуфтаҳои ман итоат мекунед ва агар аз шумо рафтанро талаб кунам, пас меравед”.

Коршиносон хитоби ахири амири Толибонро паёме ба вазирони шӯҳратпарасти ин гуруҳ, пеш аз ҳама, сарпарасти вазорати дифоъ Мулло Яъқуб ва сарпарасти вазорати умури дохила Сироҷиддин Ҳаққонӣ арзёбӣ карданд, ки саъй дорад дар паси парда бо шарикони хориҷӣ музокира кунад ва аз баъзе тасмимҳои Мавлавӣ Ҳайбатулло интиқод кунад.

Бо ишора ба ин, Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, ҳарчанд байни роҳбарони Толибон ихтилофи назар барои тақвияти мавқеи худ ҳаст, вале дар сурати  таҳдид барои бақои ҳукумат он аз байн меравад ва онҳо барои ҳифзи бақои худ даври роҳбарашон ҷамъ хоҳанд шуд.  

“Воқеияти амр ин аст, ки бахше аз роҳбарияти Толибон ҷонибдори таомул бо ҷаҳони мутамаддин, қабл аз ҳама бо Амрикову Ғарб ҳастанд ва ҷонибдорӣ онанд, ки ба хотири бақо ва идомаи қудрат дар Афғонистон дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ гузаштҳое кунанд. Аммо гурӯҳи дигар бо роҳбарии Охунд мухолифи ҳар гуна гузашт дар баробари “душманон”-и Толибон ҳастанд”, – хулоса кард ӯ.

Нуралӣ Давлат ҳам гуфт, дар ҳайати Толибон ихтилоф ҳаст, аммо он ҳоло он кадаре ҷиддӣ нест, ки ба ҳукумати Толибон таҳдид кунад.

Бояд гуфт, ки роҳбари Толибон пас аз якуним соли ишғоли қудрат дар Афғонистон то ҳол чеҳраи худро ба ҷомеа ошкоро нишон надодааст ва хеле кам изҳори назар мекунад. Ин изҳороти ӯ аз камтарин ошкорбаёниҳояш дониста мешавад, вале он ҳам, бар хилофи интизори аксар коршиносон, суолҳоро бештар кард, то посухе ба суолҳои пешин дода бошад.

Чунин ба назар мерасад, ки ҳамакнун, вазъ ва ояндаи Афғонистон ва суботи минтақа боз ҳам норӯшан боқӣ хоҳад монд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...