spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Толибон фаъолияти занон дар идораи Созмони милали муттаҳидро манъ карданд

Толибон* кори занон дар намояндагии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар вилояти Нангарҳорро манъ карданд. Ин монеаи нави Толибон вокуниши шадиди СММ ва коршикании намояндагони созмонро ба бор овардааст.

Хабаргузории TOLOnews менависад, ки маъмурони муваққати ҳукумати Афғонистон фаъолияти занонеро, ки дар ниҳодҳои СММ кор мекунанд, мамнӯъ кардаанд.

Стефан Дужаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, ки масъулони UNAMA аз Толибон дастури шифоҳӣ гирифтаанд, ки кори кормандони зан дар ниҳодҳои ин созмонро манъ кунад.

Ба гуфтаи Дужаррик, СММ рӯзи чаҳоршанбе паёмадҳои ин тасмимро бо вазорати умури хориҷаи Афғонистон баррасӣ хоҳад кард.

“Барои дабири кулл, чунин мамнӯъ ғайри қобили қабул ва ғайри қобили тасаввур аст. Ин тамоюли охирини нигаронкунанда аст, ки қобилияти созмонҳои имдодиро барои расидан ба онҳое, ки бештар ба кӯмак ниёз доранд, халалдор мекунад”, – гуфтааст Стефан Дужаррик.

Сухангӯи дабири кулли СММ бар ин назар аст, ки чунин фармонҳо ҳуқуқи бунёдии занонро поймол мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз бегуноҳӣ то интизорӣ. Вазъи занон дар зиндонҳои Толибон

Аз сӯйи дигар, сухангӯи Толибон мегӯяд, ин мавзӯъ ба далели бархе мушкилот танҳо дар вилояти Нангарҳор матраҳ шудааст ва кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар вилоятҳои дигар ба кори худ бо риояи меъёрҳои шариат идома медиҳанд.

СММ аз кормандони худ дар Афғонистон хостааст, ки ба далели амниятӣ 48 соат ба кор ҳозир нашаванд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи сешанбе бо такя ба манобеъи ин созмон хабар дод.

Бояд гуфт, ки ин аввалин маҳдудияти Толибон барои занон дар Афғонистон нест. Намояндагони ин гуруҳ қаблан таҳсили духтарон дар макотиб ва донишгоҳ, кор дар созмонҳои ғайридавлатӣ, ташриф ба боғу тарабхонаҳоро низ манъ карда буданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...