spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳудуди 100 фаластинӣ дар задухӯрд дар масҷиди Ал-Ақсо маҷрӯҳ шуданд

Рӯзи чаҳоршанбе, 5-уми апрел, бар асари задухӯрд бо пулиси Исроил дар масҷиди Ал-Ақсои Байтулмуқаддас ҳудуди 100 фаластинӣ захмӣ шуданд. Дар натиҷаи ин рейд беш аз 400 нафар боздошт шуданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС  бо истинод ба шабакаи телевизионии Al Mayadeen хабар медиҳад.

Қаблан хабаргузории WAFA бо такя ба манобеъи худ хабар дода буд, ки нерӯҳои исроилӣ шоми сешанбе бо истифода аз норинҷакҳои садонок, гази ашковар, тирҳои резинӣ ва калтакҳо вориди масҷид шудаанд.

“Ба гуфтаи Ҳилоли Аҳмари Фаластин, пулис аз расидани пизишкон ба ҷойи ҳодиса монеъ шудааст”, – афзудааст манбаъ.

Дафтари матбуоти артиши Исроил субҳи чаҳоршанбе аз партоби нӯҳ мушак аз навори Ғазза ба Исроил хабар дод, ки яке аз онҳо ба корхонае дар шаҳри Сдерот бархӯрдааст.

Вазоратхои корхои хориҷии Миср, Урдун ва Арабистони Саудӣ амали Исроилро қатъиян маҳкум кардаанд, хабар медиҳад хабаргузории Reuters.

Бояд гуфт, ки масҷиди Ал-Ақсо дар шаҳри Байтулмуқаддас барои мусалмонон макони муқаддас дониста шуда, барои ворид шудан ба он ва намоз гузоштан дар он пайваста аз ҷониби нурӯҳои қудратии Исроил бо ҳар баҳона монеаҳо эҷод мегардад. Ин ҳама монеагузориҳо тазоҳуроту задухӯрдро ба миён меорад, ки дар пай захмиву ҳатто баъзан кушта низ доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...