spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Як ҳафтаи ҷаҳон: Даъвати бидуни танаффус дар Русия ва мухолифат байни Ғарбу Чин

Хабар ва хатари асосӣ (аз ҷумла барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русия низ доранд) ин аст, ки ҳоло саркашӣ аз артиш (метавон гуфт – иштирок дар ҷанг дар Украина) қариб ғайриимкон мешавад.

Ва тазоҳуроти иҷтимоӣ дар Қазоқистон (дар шароити бӯҳрони умумии иқтисодӣ) имкони ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳоро дар минтақаҳои дигар хотиррасон мекунад.

Русия: қонун дар бораи даъватномаҳо

Қарори ҳафтаи гузашта аз ҷониби мақомоти Русия қабулшуда ба сарнавишти миллионҳо нафар, аз ҷумла зодагони кишварҳои хориҷи дури муқими Русия таъсиргузор хоҳад буд. Сухан дар бораи қабули як силсила ислоҳот ба қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» меравад, ки мувофиқи он даъватномаҳои электронӣ ва феҳристи ягонаи шахсони уҳдадор ба хизмати ҳарбӣ ҷорӣ шуда, инчунин ҳуқуқи «саркашҳо» маҳдуд мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Муҳоҷирони гумшудаи тоҷик дар артиши Русия пайдо мешаванд

Илова бар ин, феҳристи ягонаи шахсони уҳдадор ба хизмати ҳарбӣ таҳия мешавад, ки он маълумот дар бораи ҳамаи шаҳрвандони Русияро, ки бояд сафарбар шаванд, дар бар мегирад.

Моҳияти тағйирот аз он иборат аст, ки акнун барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ барои афроди уҳдадор ба он ҳама “роҳҳои халосӣ” аз банй мераванд. Акнун даъватномаҳоро комиссариатҳои ҳарбӣ ҳам тавассути мактуби фармоишӣ ва ҳам дар шакли электронӣ мустақиман ба кабинети шахси даъватшаванда дар портали “Госуслуги”, ки оянда ҳар як шаҳрванди Русия бояд дошта бошад, фиристода метавонанд.

Даъватнома пас аз 7 рӯзи дар феҳристи даъватномаҳо ҷойгир кардан супурдашуда ҳисобида мешавад; дар давоми 20 рузи тақвимии минбаъда даъватшаванда бояд ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад.

Дар акси ҳол, як қатор ҳуқуқҳои ӯ маҳдуд мешаванд, масалан, барои ӯ бақайдгирӣ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ, сабт дар хадамоти андоз, фурӯши амволи ғайриманқул манъ шуда, баъзе ҳуқуқҳои ронандагӣ дар воситаҳои нақлиёт ва гирифтани қарз маҳдуд мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамзамон, ба ҳамаи ашхоси уҳдадор ба хизмати ҳарбӣ, ки дар ҳама гуна шаклҳои дар лоиҳаи қонун зикршуда даъватнома гирифтаанд, тарки Русия манъ мешавад.

Ба ин тариқ, акнун муҳим нест, ки шахси уҳдадор ба хизмати ҳарбӣ дар даъватнома имзо гузоштааст ё не (чуноне ки пештар буд), зеро даъватномаи аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ фиристодашуда аллакай ба таври автоматӣ супурдашуда ҳисобида мешавад. Инчунин муҳим нест, ки даъватшаванда дар воқеият дар куҷо зиндагӣ мекунад, яъне ин макон бо ҷои бақайдгирӣ мувофиқат мекунад ё не.

Дар чунин шароит саркашӣ ё гурехтан аз артиш қариб ғайриимкон мегардад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бурд ё бохти Русия дар ҷанг бо Украина ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

Ба ақидаи коршиносон, тағйирот бо он сабаб қабул шудааст, ки имкони сафарбарии ихтиёрӣ аллакай амалан тамом шуда, аксари даъватшавандагони хоҳишманд аллакай ба артиш рафтаанд.

Дар натиҷа ҷалб тариқи қарордод нокофӣ шуда, аз ин рӯ, соли гузашта мавҷи якуми «қисман сафарбарӣ» сурат гирифт. Мавҷи нави сафарбарӣ аллакай хусусияти «пинҳонӣ» дорад ва бо назардошти тачрибаи мавҷи якум, ки садҳо ҳазор нафар одамон танҳо бо ивази суроғаи худ ё даст кашидан аз имҳои даъватномаҳо муваффақона аз он халос шуданд, амалӣ мешавад.

Қабули тағйирот дар расонаҳо ва ҷомеаи коршиносон суолҳои зиёдеро ба бор овард, ки то ҳол посух надоранд. Аз ҷумла, маълум нест, ки ин тағйирот ба мавҷи нави муҳоҷирати русиягиҳо ба хориҷа, бахусус ба ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ боис мегардад ё не.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қабристон дар шаҳраки Старий Крим дар наздикии Мариупол. 22 майи соли 2022

Бино ба маълумоти маҷаллаи Forbes, моҳи сентябри соли гузашта танҳо дар ду ҳафтаи аввали эълони қисман сафарбарӣ ҳудуди 700 ҳазор нафар шаҳрвандон Русияро тарк карданд, ки қисмати назарраси онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ паноҳгоҳи муваққатӣ пайдо карданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қиссаҳои фирориён: онҳо муваққатӣ ё доимианд?

Ҷараёни босуръати муҳоҷирони русиягӣ ба болоравии нархи манзил ва билетҳои ҳавопаймо дар кишварҳои мизбон шуд. То охири моҳи сентябр нархи билетҳо ба хориҷи наздик ба 200-500 ҳазор рубл расида, интиқоли пул аз Русия ба баъзе кишварҳои хориҷӣ чанд маротиба афзуд.

Дар ҳамин ҳол, бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки ин дафъа мизони муҳоҷират аз Русия камтар хоҳад шуд. Ҳар кӣ метавонист, пештар рафт ва дар ҳоле ки бисёре аз русҳо дар фикри рафтан ҳастанд, ба навиштаи Current Time, бештари онҳо на пул ва на имкони ин корро доранд.

Суоли матраҳ ин аст, ки қоидаҳои нави даъват ба артиш чӣ гуна маҳз ба вазъи ба истилоҳ “шаҳрвандони нав”, яъне дорандагони душаҳрвандӣ ё афроде, ки ба тозагӣ шиносномаи Русия гирифтаанд, таъсир хоҳад гузошт.

Нигароние мавҷуд аст, ки онҳо дар навбати аввал даъват хоҳанд шуд, зеро ҳамгироии онҳо ба ҷомеаи Русия камтар буда, талафоти эҳтимолӣ дар байни онҳо он қадр назаррас хоҳанд буд ва эътирози шадиди ҷомеаро ба вуҷуд намеорад.

Ба гузориши Газета.ру, Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, дар моҳи январи соли ҷорӣ дар ин бора ба таври возеҳ чунин изҳор дошт: “Масъалаи фиристодани ашхоси шаҳрвандӣ гирифта ҳамчун авлавият барои ширкат дар вазифаҳои амалиёти махсуси низомӣ баррасӣ шавад”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Худо мегӯем, намурда бошад”. Наздикони як маҳбуси тоҷик дар Русия иддао доранд, ки ӯро ба ҷанги Украина бурдаанд

Валерий Фадеев, раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Русия низ дар ин бора сухан гуфта, пешниҳод намуд, ки синни даъвати афроди дорои шаҳрвандии Русия то 45 ё 50 сол боло бурда шавад – дар ҳоле ки тибқи қонуни ҷорӣ шаҳрвандони Русия танҳо то синни 27-солагӣ ба хидмат даъват мешаванд. Маълум мешавад, ки худи сарваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод кардааст, ки он барои баъзе ҳамватанонаш маҳдуд карда шавад.

Чунин изҳорот қисмати зиёди “шаҳрвандони нав” ва муҳоҷирони кориеро, ки шиносномаи Русия надоранд, нигарон кард.

Ғайр аз ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ гузоришҳо дар бораи афзоиши талошҳои ниҳодҳои расмии Русия барои сафарбарии муҳоҷирони корӣ бештар мешавад. Аз ҷумла, Cabar.Asia бо такя ба ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи таҷрибаҳои маъмулии маҷбурӣ бастани шартнома, ҷалби маҳбусон, мавридҳои қаллобӣ ҳангоми дуруст кардани ҳуҷҷатҳо дар марказҳои муҳоҷират ва ғайра хабар медиҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳоҷирон аз Осиёи Марказт метавонанд ба ҷанги Украина сафарбар шаванд. Акси марбута

Тавре ки Радиои Азаттик менависад, баъди қабули тағйирот бархе аз "шаҳрвандони нав" ва муҳоҷирони корӣ низ тадриҷан ба тарки Русия оғоз намуда, ё ҳадди ақалл дар бораи имкони хуруҷи муваққатӣ андеша доштанд.

Дар ҳамин ҳол, ба назари ман, аксари муҳоҷирон то ҳол ба умеди он ки мушкил батадриҷ худ аз худ ҳал мешавад, интизориро авлотар медонанд.

Дуруст аст, ки бисёр чиз ба як масъалаи муҳими дигар вобаста хоҳад буд – ирсоли даъватномаҳои электронӣ кай оғоз мешавад?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар ҳуҷҷатҳои махфии Пентагон санаи эҳтимолии ҳамлаи ҷавобии Украина 30 апрел зикр шудааст

Ба ин савол, ки боиси шубҳа ва сарусадоҳои зиёд дар ҷомеа гаштааст, мақомоти расмӣ посухи дақиқ намедиҳанд. Ба навиштаи “Ведомости”, ҳарчанд ин ислоҳот амалан эътибор пайдо карда бошад ҳам, аммо тартибу асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби ирсоли даъватномаҳои электронӣ ҳанӯз таҳия нашудааст.

Ҳамзамон, сафарбарӣ ҷараён дошта, дар ҳолати зарурӣ қисмате аз даъватномаҳоро метавонанд дар ояндаи наздик дар реҷаи тестӣ фиристанд.

Дар ҳар сурат, ба андешаи ман, тағйироту иловаҳо имкон медиҳанд, ки бо даъвати мунтазами шумораи ба нақша гирифташудаи сафарбарӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ дар реҷаи «бетанаффус» (нон-стоп) бомуваффақият анҷом дода шавад.

Ислоҳи Макрон: Вазири корҳои хориҷии Олмон дар Чин

Хабари дигари муҳими байнулмилалӣ дар ҳафтаи гузашта сафари расмии Анналена Бербок, вазири умури хориҷаи Олмон ба Чин буд. Бербок чанде пас аз як сафари расмии президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба Пекин аз Чин боздид карда, дар хонааш барои хеле нарм ва номувофиқ будан дар музокирот бо ҷониби Чин интиқод шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Эммануэл Макрон

Ба ақидаи мунаққидон, Макрон мавқеи Иттиҳоди Аврупо (ИА)-ро нисбат ба буҳрон дар Украина то гӯши Пекин расонида натавонист.

Ба навиштаи Ost.West, пас аз сафари "ҷанҷолӣ"-и Макрон, бардоштҳо ба сафари Бербок аз тамоми ИА ба таври назаррас афзоиш ёфт. Аз ин рӯ, зоҳиран Бербок дарҳол мавқеъи Иттиҳоди Аврупоро дар ду масъала: бӯҳрони Украина ва ихтилофи байни Чину Ғарб дар мавриди Тайван ба таври шадид баён кард.

Дар робита ба суоли аввал вазири умури хориҷаи Олмон аз Чин даъват кард, ки ба Русия ҷиҳати ҳарчи зудтар хотима додан ба низоъ дар Украина таъсир расонад. Ба гузориши ТАСС, Бербок гуфтааст, ки “имрӯз ҳеҷ кишваре ба Русия аз Чин бештар таъсир надорад” ва “тасмими истифодаи ин нуфуз мустақиман ба манфиатҳои аслии Аврупо дахл дорад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Анналена Бербок

Ба ибораи дигар, Бербок дар ҳақиқат ба Пекин равшан нишон дод, ки Чин дар айни замон ягона давлатест, ки (бо сабаби вобастагии иқтисодии Маскав ба интиқоли захираҳои энергетикиаш ба Чин) метавонад ба мавқеи роҳбарияти Русия таъсир расонад.

Илова бар ин, ба навиштаи РБК, вобастагии иқтисоди Русия пас аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина бамаротиб афзоиш ёфт; ба ин тариқ, агар қаблан Чин тақрибан чоряки воридоти молҳои Русияро таъмин мекард, ҳоло ин ҳисса бояд “аз се як ҳисса, шояд 40% бештар” бошад.

Дар мавриди саволи дуюм, менависад “Мавҷи Олмон”, Бербок изҳор дошт, ки пешгирии ихтилофи байни Пекин ва Тайван ба манфиати Аврупо аст.

Ӯ Чинро аз даргириҳои мусаллаҳона бо Тайван ҳушдор дода, таъкид кард, ки ин ба "дахшат" ва "ноором кардани субот бо паёмадҳои манфӣ барои ҳама кишварҳо, иқтисоди ҷаҳонӣ ва Олмон" мубаддал хоҳад шуд. Вай инчунин Чинро барои поймол кардани ҳуқуқи башар ва поймол кардани ақаллияти уйғур (мусулмон) дар Шинҷон танқид кард.

Дар навбати худ, Син Ган, вазири корҳои хориҷии Чин изҳор дошт, ки Тайван як қисмати Чин буда, ҳар гуна дахолати хориҷӣ ба ин масъала қобили қабул нест. Вай таъкид кард, ки Чин ба тавсияҳо аз берун ниёз надорад ва дар робита ба масъалаи уйғурҳо на дар бораи ҳуқуқи башар, балки "мубориза бо тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ" сухан меравад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Си Ҷинпин – охирин умеди Ғарб барои қатъи ҷанг дар Украина?

Ба ин тариқ, сафари Бербок бори дигар нишон дод, ки ихтилофи байни давлатҳои Ғарб ва Чин торафт вусъат ёфта, мавқеи онҳо оид ба масъалаҳои Украина ва Тайван ба куллӣ фарқ мекунад.

Ғарб омода аст, ки дар сурати расонидани кумаки низомӣ ё иқтисодӣ ба Русия дар ҷанг бо Украина алайҳи Чин таҳримҳои шадид ҷорӣ кунад. Ба ҳамин монанд, Ғарб ба тасарруфи Тайван роҳ нахоҳад дод, зеро нисфи интиқоли тиҷорати ҷаҳонӣ аз гулӯгоҳи Тайван мегузарад.

Ғайр аз ин, Тайван яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони чип ва микросхемаҳо дар ҷаҳон аст ва аз ин рӯ, барои иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти стратегӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки “Мавҷи Олмон” менависад, саноати Чин ба таъминот бо маҳсулоти технологияаш олӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи нимноқилҳо эҳтиёҷи зиёд дорад ва зери назорат доштани Тайван, ба эҳтимоли зиёд метавонист ин масъаларо ҳал кунад.

Дар ин робита, ба фикрам, яке аз муҳимтарин изҳороти Бербок дар ин сафар гуфтаҳояш дар бораи роҳ надодан ба тобеияти аз ҳад зиёди кишварҳои Ғарб ба Чин буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Воқеан, кишварҳои ғарбӣ аз маҳсулоти Чин ва содироти металлҳои нодир, инчунин сармоягузорӣ вобастагии зиёд доранд. Акнун вазъият тадриҷан тағйир меёбад ва акнун аз ҳар ду тараф, зеро дар давоми 5 соли оянда ҳукумати Чин назди худ вазифа гузоштааст, ки вобастагии тамоми ҷаҳонро кам карда, ба дараҷаи баланди истиқлолияти ашьёи хом ва технологӣ ноил шавад.

Ин тамоил, бешубҳа, ба Осиёи Марказӣ, ки имрӯз ба яке аз таъминкунандагони муҳими ашёи минералӣ ба Чин  табдил ёфта истодааст – ба ҳамон тавре ки бозори фурӯш низ барои маҳсулоти Чин аст, таъсир хоҳад гузошт.  

Тазоҳуроти иҷтимоӣ дар Қазоқистон

Тавре ки “Независимая газета” менависад, аз оғози ҳафтаи гузашта аз Қазоқистон дар бораи мавҷи нави эътирозҳои иҷтимоӣ хабарҳои нигаронкунанда мерасанд.

Рӯзи 11 апрел дар пойтахти ҷумҳурӣ нерӯҳои вижаи пулис майдони назди бинои Вазорати энергетикаро тоза карданд. Як рӯз пеш дар он ҳудуди 200 корманди ширкати хидматрасонии «БерАли Мангистау Company», ки қаблан тендери пешниҳоди хидматрасонии кони нафтро ба як ширкати фаръии КМГ (КазМунайГаз) бохта буданд, эътирозро оғоз карда буданд.

МЕДИА (IFRAME)

Эътирозгарон ба Остона омада, урдугоҳ ташкил карданд ва бо кор таъмин шуданро талаб намуданд. Ба гуфтаи эътирозгарон, онҳо пас аз бохти корфармояшон дар яке аз тендерҳо барои ширкати нафтии “ОзенМунайГаз” аз кор озод шудаанд ва ва талаб карданд, ки дар ин ширкат бо кор таъмин карда шаванд.

Зиёда аз 20 нафар эътирозгарон аз ҷониби кормандони пулиси пойтахт боздошт шуданд.

Пас аз ин ҳудуди ду ҳазор сокинони Жанаозен бо талаби озод кардани ҳамшаҳриҳояшон ба кӯчаҳо баромаданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Қазоқистон мехоҳанд, ки эътирозгаронро дигар таъқиб накунанд

Дар дигар шаҳрҳои кишвар низ гирдишамоиҳо доир гардиданд: рӯзи 12 апрел дар Алмато аксияи навбатии ғайриқонунии ҳамраъйӣ бо сокинони шаҳри Жанаозен баргузор шуд.

Ин шаҳри хурди кормандони соҳаи нафт дар ғарби кишвар борҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат нақши бузург бозидааст. Соли 2011 дар ин ҷо тазоҳуроти оммавӣ баргузор шуда буд, ки тибқи иттилои манбаъҳои мухталиф, дар ҷараёни даргирӣ бо пулис ва неруҳои низомӣ аз 16 то 64 нафар кушта ва 400 нафар маҷруҳ шуданд.

Бетартибиҳои оммавии бузургмиқёси моҳи январи соли 2022 низ нахуст дар Жанаозен оғоз гардида буданд.

Аксари нозирон ва коршиносон дар минтақа бар ин боваранд, ки ин дафъа тазоҳурот ба миқёси қаблии худ намерасанд ва ба зудӣ қатъ мешаванд. Аммо, ба навиштаи “Независимая газета”, дар бораи сабабҳои эътирозҳои нав андешаҳо гуногунанд: иддае аз коршиносон эътирози коргарони нафтро як мушкили доимӣ медонанд, зеро ширкатҳои хориҷии истихроҷ аз одамон, маош ва бастаи иҷтимоӣ сарфа мекунанд.

Бархе дигар инро як фитнагарии гурӯҳҳои мухталифи нафтӣ медонанд, ки дар тендер барои пирӯзӣ мубориза мебаранд ва ҳар сурати мағлуб шудан, мардумро ба кӯчаҳо мебароранд.

Ба ҳар ҳол, эътирозҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон барои кишварҳои дигари минтақа ва тамоми фазои пасошӯравӣ намунаи омӯзанда аст.

Дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ки аввал аз пандемия ва баъдан ҷанг дар Украина ба вуҷуд омад, сарбории иҷтимоӣ ба тамоми қишрҳои аҳолӣ чандин маротиба меафзояд. Аз ин рӯ, эҳтимоли чунин таркишҳо ва ошӯбҳои иҷтимоӣ ба ҳамон андоза меафзояд ва онҳо метавонанд дар минтақаҳои ғайричашмдошт ва дар аввал бо сабабҳои ночиз ба амал оянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...