БРСММ иқдоми таъсиси марказҳои саломатиро дастгирӣ кард

Дар доираи лоиҳаи «Гуногунии биологии кӯҳҳои Ҳисор», ки аз тарафи барномаи энерҷӣ ва муҳити зисти БРСММ бо дастгирии молиявии БРСММ ва Хазинаи Глобалии Экологӣ (ГЭФ), инчунин бо ташаббуси аҳолии маҳаллӣ ва дастгирии бевоситаи ҳукуматҳои ноҳияҳои Ҳисор ва Шаҳринав амалӣ мешавад, дар деҳаҳои Сангмелаи ҷамоати Сабои ноҳияи Шаҳринав ва деҳаи Тахти ҷамоати Хонақои Кӯҳии ноҳияи Ҳисор […]

БРСММ


Дар доираи лоиҳаи «Гуногунии биологии кӯҳҳои Ҳисор», ки аз тарафи барномаи энерҷӣ ва муҳити зисти БРСММ бо дастгирии молиявии БРСММ ва Хазинаи Глобалии Экологӣ (ГЭФ), инчунин бо ташаббуси аҳолии маҳаллӣ ва дастгирии бевоситаи ҳукуматҳои ноҳияҳои Ҳисор ва Шаҳринав амалӣ мешавад, дар деҳаҳои Сангмелаи ҷамоати Сабои ноҳияи Шаҳринав ва деҳаи Тахти ҷамоати Хонақои Кӯҳии ноҳияи Ҳисор ду Маркази саломатӣ сохта ба истифода дода шуд.

Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки дар марказҳои мазкур ба 72 хоҷагии деҳаи Сангмела бо миқдори умумии 610 нафар ва ба 103 хоҷагии деҳаи Тахт бо миқдори 811 нафар хизмат расонида мешавад. Марказҳо барои беҳдошти саломатии модарон ва кӯдакон мусоидат намуда, ёрии ҳозиразамони тиббиро ба шахсони кӯҳансол, аз он ҷумла, собиқадорон мерасонад. Инчунин марказҳо ёрии машваратиро барои занони ҳомиладор пешкаш менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки мушкилоти набудани марказҳои тиббӣ дар деҳаҳои номбаршуда аз тарафи худи аҳолии ҷамоаҳо ҳангоми гузаронидани тадқиқотҳо барои муайян кардани мушкилиҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист таъсир мерасонад, пеш омада буд. Бо мақсади дастгирии ташаббуси аҳолии маҳаллӣ ва тайёр будани мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ барои ҳалли масоили иҷтимоӣ-иқтисодиро ба назар гирифта, аз тарафи БРСММ барои иҷрои ду лоиҳа – сохтмони ду маркази тиббӣ мусоидат карда шуд.

Ҳукуматҳои ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор, инчунин намояндагони вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон миннатдорӣ иншоотҳои мазкурро қабул карданд ва омодагии худро барои ҳамкориҳои оянда ва давом додани дастгирии ташаббусҳои ба ин монанд дар мавзеъҳои дурдасти деҳот баён намуданд. Чуноне дар сӯҳбат менеҷери лоиҳаи БРСММ оид ба энерҷӣ ва ҳифзи муҳити зист Аҳад Маҳмудов иброз дошт, дастгирии ташаббусҳои аҳолии маҳаллӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола нигаронида шуда, инчунин барои тараққӣ додани инфрасохтори деҳот, ҳифзи сиҳатии мардум ва барои ноил шудан ба устувории экологӣ дар минтақа равона карда шудааст.

 




БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТОҶИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД


Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

Последние новости

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Президент Таджикистана и генсек ОДКБ обсудили вопрос укрепления границы с Афганистаном

Стороны подчеркнули важность реализации соответствующей Программы.

Как архивисты хранят память: 95 лет Центральному архиву Таджикистана

Мы заглянули в хранилище и нашли уникальные документы и фотографии, смотрите сами.

Какие учителя в Таджикистане освобождаются от военной службы, а какие – нет

Юрист говорит, что в вопросе отсрочки призыва учителей есть противоречие между законами - «О статусе учителя» и «О воинской обязанности и военной службе».

Переговоры в Исламабаде под угрозой: стороны обостряют риторику и продолжают обмен ударами

Двухнедельное соглашение о прекращении огня оказалось шатким после того, как Иран снова закрыл Ормузский пролив в ответ на израильские атаки в Ливане

Азиатский банк развития прогнозирует рост экономики Таджикистана на 7,3% в 2026 году

Банк отмечает ключевую роль промышленности для устойчивого роста

Кто попал в состав сборной Таджикистана на «Большой шлем-2026» в Душанбе?

В нем как лидеры национальной сборной, так и перспективные молодые спортсмены

Исследование: США нанесли климатический ущерб на $10 трлн

Ученые заявляют, что США, являясь крупнейшим эмитентом углерода в истории, несут «огромную ответственность» за причинение «существенного» вреда в глобальном масштабе.