Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар бемористони ноҳияи Одинсовои вилояти Маскави Русия шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Мӯъминобод Ҷумъахон Азизов ба ҳалокат расид.
Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ӯ аз оташкушоии кормандони пулиси ин ноҳия ба автомашинаи тоҷикон ҷароҳати марговар бардоштааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни боздиди корманди намояндагӣ аз ШКД-и ноҳияи Одинсово маълум шудааст, ки шаби 11 ба 12-уми январи соли равон зимни ҳаракат бо автомашина дар қаламрави ноҳия, ки дар дохили он панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштаанд, онҳо ба талаботи кормандони пулис оид ба манъи воситаи нақлиёт итоат накарда, кормандони пулис ба сӯи автомашинаи онҳо оташ кушодаанд. «Дар натиҷа Ҷумъахон Азизов ҷароҳати марговар бардошта, ба ҳалокат расидааст ва аз рӯи ин ҳодиса тафтишот ҷараён дорад», – иттилоъ медиҳад намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, аз рӯи ин далел кормандони пулис ҳамчунин боз чор нафар шаҳрвандони дигари Тоҷикистон – Шуҳрат Шарифов, Саидшоҳи Шоҳвалӣ, Аҳмадхони Хайраҳмад ва А.Ҷабборовро низ боздошт намудаанд.
«Таҳқиқи ҳодисаи мазкурро сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев таҳти назорат қарор дод», – гуфта мешавад дар иттилои сафорат.
Дар бораи ин ҳодиса ҳанӯз ба Сафорат аз ҷониби мақомоти расмии кишвари иқомат иттилои расмии хаттӣ ворид нашуда, бино ба таъкиди он ҷониб, рӯзҳои наздик тафсили мавзӯъ ба Сафорат пешниҳод карда хоҳад шуд.