Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 70 нафар собиқ маҳбусони низомиро, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекарданд, мавриди афв қарор дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, аз муҳлати адои ҷазои минбаъда 50 нафар собиқ хизматчиёни низомӣ озод гардида, муҳлати ҷазои боз 20 нафари собиқ низомиён кам карда шудааст. Ҳамаи 50 нафар афвшуда, ки ному насабашон ифшо намегардад, имрӯз аллакай дар озодианд.
«Миёни онҳо хизматчиёне ҳузур доранд, ки барои содир намудани ҷиноятҳои ҳарбӣ аз қабили худсарона тарк кардани қисми низомӣ, даст доштан дар муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва дигар ҷиноёти начандон назаррас маҳкум шуда буданд. Низомиёне, ки барои содир намудани ҷиноёти вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ё қатли инсон маҳкум шуда буданд, мавриди афв қарор нагирифтанд», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдоми хайру башардӯстона ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди Артиши миллӣ сурат гирифт.
Ба андешаи коршиносон, ин оғози таҷрибаи хуб буда, бори нахуст аст, ки дар ҷашни Артиши миллӣ хизматчиёни низомӣ афв шуданд. «Аз ин хабар танҳо эҳсоси мусбат ҳосил шуда, агар софдилона иқрор шавем, дар маҳкум гардидани онҳо гуноҳи мо, роҳбарон ва фармондеҳони сохторҳои қудратӣ низ ҳаст. Ин камбудиву норасоии фаъолияти мо низ мебошад», – гуфт бо шарти ифшо нашудани номаш як намояндаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.
Афви шаҳрвандон яке аз ваколатҳои президенти ҶТ мебошад, ки он дар моддаи 69-и Конститутсияи кишвар зикр шудааст. Мувофиқи Муоҳадаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ҳар як маҳкумшуда метавонад мавриди афв қарор гирад.