Ин лаҳзаҳо дар пойтахт сафари ҳайати низомии Русия таҳти раҳбарии сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ФР генерал –полковник Валерий Герасимов, ки бегоҳии дирӯз ба Тоҷикистон ташриф овард, идома дорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, боздиди дурӯзаи ҳайати Русия аз Тоҷикистон ба баррасии масъалаҳои ҳарби ва ҳарбиву техникӣ миёни Тоҷикистону Русия бастагӣ дорад.
Ба иттилои манбаъ, Герасимов имрӯз бо вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев ва сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамил Нодиров мулоқот анҷом дода, маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиро баррасӣ мекунад.
Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур мепазирад.
Имрӯз ҳамчунин ҳайати ҳарбии Русия аз воҳиди пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Қӯрғонтеппа мустақар аст ва пагоҳ, 16-уми март аз воҳиди пойгоҳи низомии мазку дар Душанбе боздид намуда, бо ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии он мулоқот хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки сафари ба 18-уми феврали соли равон таъиншудаи В.Герасимов бо ташаббуси ҷониби Русия ба вақти дигар мавқуф гузошта шуда буд.
Моҳи ноябри соли 2012 бо пешниҳоди Сергей Шойгу, вазири нави мудофиаи Русия Валерий Герасимов сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, муовини аввали вазири мудофиаи Русия таъин гардид.