Дар шаҳри Маскав собиқ курсанти Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳудуди 20 кило маводи мухаддири героин боздошт шуд.
Бино ба маълумоти нашрияи Российская газета, ӯ дар Маскав ғайриқонунӣ иқомат дошта, маводи мухаддиро ба ӯ асосан тавассути қатораи Душанбе-Маскав меовардаанд. «Ҳангоми кофтукови манзи зисти номбурда ҳудуди 19 кило героин ва беш аз 350 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», – менависад нашрия.
Ба иттилои манбаъ, зимни пурсиш боздоштшуда иқрор шудааст, ки боз 4 килои дигар героин дорад ва ихтиёрӣ пинҳонгоҳи онро нишон додааст.
Ҳамчунин
Vmdaily.ru
хабар медиҳад, ки чанде қабл дар шаҳри Перм кормандони пулис се нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо 27 кило героин боздошт кардаанд, ки барои интиқол ба шаҳри Маскав пешбинӣ шуда будааст. «Маводи мухаддир дар дохили чархи эҳтиётии автомобил дарёфт шуд», – гуфта мешавад дар хабар.