Дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек имрӯз ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба кор шурӯъ кард.
Бин ба иттилои хабаргузории
Akipress.org
, дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи Номгӯи намунаҳои аслиҳа, техникаи низомӣ, нерӯву иқтидор ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуда, Маҷмӯи намунаҳои асосии асноди асосӣ оид ба ташкили чорабиниҳои муштараки омдагии фаврӣ ва ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳо тасдиқ мешаванд.
Дар кори ҷаласаи ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД Дабири кулли СААД Николай Бордюжа, вазирони мудофиаи Русия Сергей Шойгу, Белорус – Юрий Жадобин, Қазоқистон – Одилбек Ҷақсибеков, Арманистон – Сейран Оганян, Тоҷикистон – Шералӣ Хайруллоев ва Қирғизистон – Таалайбек Омуралиев ҳузур доранд.