Кӯлоб: Тамомукашони қонуншикан беш аз 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд

Турко Дикаев

Нимсолаи аввали соли равон дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шахсоне, ки ба қоидаи манъи тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя накарданд, дар ҳаҷми умумии 5 ҳазору 160 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Раёсати ВКД ҶТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Абдулваҳҳоб Искандаров хабар дод. Номбурда изҳор намуд, ки […]


Нимсолаи аввали соли равон дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шахсоне, ки ба қоидаи манъи тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя накарданд, дар ҳаҷми умумии 5 ҳазору 160 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Раёсати ВКД ҶТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Абдулваҳҳоб Искандаров хабар дод.

Номбурда изҳор намуд, ки барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон 8 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, дар нимсолаи аввал дар маҷмӯъ дар қаламрави минтақа будубоши ғайриқонунии 267 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 55 тан аз онҳо аз қаламрави минтақа хориҷ карда шудаанд.

Ба қавли ӯ, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави 10 шаҳру ноҳияи минтақа 829 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 229 ҷиноят бештар буда, сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 93,2%-ро ташкил додааст.

«Дар ин давра 101 ҷиноятҳои вазнин содир гардида, 98%-и онҳо базудӣ ошкор карда шуданд, аз ҷумла муяссар шуд, ки 5 ҳодисаҳои куштор, 5 далели таҷовуз ба номус, 3 амали ғоратгарӣ ва 290 ҳодисаи дуздӣ фавран ошкор карда шаванд», – иброз дошт Искандаров.

Зимнан зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ 50 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 30 нафар ҳалок шудаанд. «Ҳамчунин 252 далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт низ ба қайд гирифта шуд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.