Баъзе омӯзгорон аз хидмати ҳарбӣ озод нестанд. Кадом омӯзгор аз хидмати ҳарбӣ озод мешавад ва кадомаш на?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Шарҳи ду қонун дар мавриди ба артиш даъват кардани муаллимон

Ҳоло дар кишвар мавсими баҳории даъват ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он ду моҳ идома меёбад. Соли 2025 барои ҳифзи мақоми омӯзгор қонуни нав қабул шуд ва дертар дар асоси он ба қонуни хидмати ҳарбӣ тағйирот ворид гардид. Мувофиқи он барои ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбии бархе омӯзгорон имтиёз дода шуд. Аммо саволҳои зиёде боқӣ монд: кадом омӯзгорон аз ин имтиёз баҳраваранд ва кадомҳо – на? Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Маркази милии қонунгузорӣ ба “Азия-Плюс” тавзеҳ доданд.

Аз “деҳот” то “умумӣ” – тағйироти қонунгузорӣ

Дар Тоҷикистон то моҳи октябри соли 2025 танҳо омӯзгорони мактабҳои деҳот дар вақти кор аз хидмати ҳарбӣ озод буданд. Ҳамкасбони онҳо дар шаҳру ноҳияҳо ба артиш даъват мешуданд. Охири соли 2025 Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул шуд, ки мувофиқи он омӯзгорони шаҳру ноҳия низ имтиёзи ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбиро ба даст оварданд.

Пасон парлумон, дар асоси қонуни қабулшуда, ба Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард: дар моддаи 31-и ин қонун калимаҳои “умумии деҳот” ба калимаи “умумӣ” иваз карда шуд. Яъне, тибқи ин тағйирот омӯзгорони муассисоти таҳсилоти умумии навоҳиву шарҳҳоро ҳам ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар замони фаъолият хидмати ҳарбиро ба таъхир гузоранд.

Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илм дар парлумон изҳор дошт, ки ин тағйирот бо мақсади баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва ҳалли мушкили норасоии кадрӣ ворид карда шудааст.

Акнун, сархати 11-и моддаи 5-и Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” ба ҳамаи омӯзгорон ҳуқуқ медиҳад, ки адои хидмати ҳарбиро ба таъхир гузоранд, вале боз сархати 4, қисми 2, моддаи 31-и Қонун  “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ин имтиёзро маҳдуд мекунад. Яъне тибқи ин, танҳо омӯзороне, ки равияҳои омӯзгориро хатм кардаанд ва дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кор мекунанд, ҳаққи ба таъхир андохтани худмати ҳарбиро доранд.

Дар ин росто, корбарони “Азия-Плюс” савол гузоштанд: кадом омӯзгорон метавонанд хидмати ҳарбиро ба таъхир гузоранд?

Шарти якум. Кор дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Аз Вазорати маориф ва илм дар посухи хаттӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки тибқи талаботи моддаи 31, қисми 2, банди 4-и Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” танҳо омӯзгорони “муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ” ҳуқуқ доранд, ки хидмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро ба таъхир гузорад.

Ба гурӯҳи “муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, мувофиқи Низомнома, инҳо дохил мешаванд:

– Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ (синфҳои 1-4);

– Муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 5-9);

– Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 10-11);

– Гимназияҳо;

– Литсейҳо;

– Мактабҳои президентӣ;

– Мактаб-интернатҳо.

Бинои Вазорати маориф ва илм
Акс аз муаллиф

Яъне, омӯзгороне, ки дар муассисоти болозикр фаъолият мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки хидмати ҳарбии ҳатмиро ба таъхир гузоранд. Омӯзгороне, ки дар дигар муассисот, аз ҷумла дар коллеҷҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳо кор мекунанд, аз имтиёзи мазкур баҳравар нестанд.

Шарти дуюм. Таҳсилоти олии омӯзгорӣ

Дар ҳамин ҳол, дар асоси банди дигари ин қонун, ҳатто ҳамаи омӯзгорони “муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” ҳам аз ин имтиёз баҳравар нестанд. Дар моддаи 31-и Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” таъкид шудааст, ки омӯзгорони “таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта” дар вақти фаъолият аз хидмати ҳарбӣ озод мешавад.

Ин нуктаро ҳам Вазорати маориф ва илм ба мо тавзеҳ дод: ҳар муҳассиле, ки колеҷу донишкадаву донишгоҳҳоро дар “равияи омӯзгорӣ” хатм мекунад, “таҳсилоти олии омӯзгорӣ” мегирад.

Ихтисосҳои “равияи педагогика”-ро қарори ҳукумат “Дар бораи тасдиқи Феҳрист ва таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ” муайян кардааст. Дар ҷадвали 6-и замимаи ин қарор, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, дар равияи педагогика беш аз 600 ихтисос феҳрист шудааст.

Мисоли муқоисавӣ

Барои мисол, ихтисоси “Забони англисӣ” бо рамзи 1-02 03 06-01 ба гурӯҳи ихтисосҳои “Педагогика” ворид шуда, хатмкардаи он “омӯзгор” дониста мешавад. Аммо ихтисоси “Забони муосири англисӣ” бо рамзи 1-21 06 01-02 04 ба гурӯҳи ихтисосҳои “Илмҳои забоншиносӣ” ворид шуда, хатмкардаи он мутахассиси “Забоншинос. Тарҷумон” маҳсуб мешавад.

Ҳамрин тариқ, хатмкардаи ихтисоси аввал ҳангоми фаъолият дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳуқуқи ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбиро дорад, вале хатмкардаи ихтисоси дувуум, аз имтиёз баҳравар набуда, ба сафи артиш даъват мешавад.

Яъне, ҳар касе, ки колеҷу донишкадаву донишгоҳҳоро бо ихтисоси равияи омӯзгорӣ хатм кардааст ва дар дипломаш дар баробари рақам ва номи ихтисос – “омӯзгор” навишта шудааст, дар вақти фаъолият дар мактабҳо, гимназияҳо, литсейҳо, мактабҳои президентӣ ва мактаб-интернатҳо ҳуқуқ дорад, ки хидмати ҳарбиро ба таъхир гузорад.

Акси марбут
аз ltsuc.tj

Аз Вазорати маориф ва илм ҳам гуфтанд, омӯзгороне, ки бо ихтисоси равияи педагогика муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олиро хатм накардаанд, аз ин имтиёз бархӯрдор нестанд ва ба сафи хидмати сарбозӣ ҷалб мешаванд – ҳатто агар онҳо солҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кор карда бошанд ҳам.

Чаро чунин фарқ вуҷуд дорад?

Вазорати маориф ва илм тавзеҳ дод, ки барномаҳои таълимии ихтисосҳои омӯзгорӣ махсус барои тайёр кардани мутахассисони таълим равона гаштаанд. Дар ин равия донишҷӯён на танҳо фанни худро меомӯзанд, балки методикаи таълим, равоншиносӣ, омӯзгорӣ ва дигар фанҳои марбутро низ мехонанд.

Аммо дар дигар равияҳо барномаҳои таълимӣ бештар барои тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ, ба мисли тарҷумон, суханшинос, муҳандис, иқтисоддон равона гаштаанду дар онҳо фанҳои марбут ба омӯзгорӣ тадрис намешавад.

Ба қавли Вазорат, ҳоло дар баробари Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти олии зерин низ мутахассисони самти омӯзгорӣ омода карда мешаванд: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон, Донишгоҳҳои давлатии Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Хуҷанд ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.

Агар донишҷӯён дар донишгоҳҳои болозикр дар равияи педагогика таҳсил кунанд ва дар дипломашон рақами рамзбандишудаи ин гурӯҳи ихтисосҳо зикр шавад, онҳо аз имтиёзи ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбӣ бархӯрдор мешаванд.

Вазъияти омӯзгорон дар мактабҳо

Дар мактабҳои Тоҷикистон, ба вижа дар деҳоти дурдаст, хатмкардагони ихтисосҳои гуногун – иқтисодиёт, ҳуқуқ, тарҷумон, тарбияи ҷисмонӣ ва ҳатто рӯзноманигорӣ ба сифати омӯзгор кор мекунанд.

Ин нуктаро аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам зимни нишасти матбуотии рӯзи 30-юми январ тасдиқ карда, гуфтанд, ки ҳоло дар мактабҳои кишвар қариб 700 омӯзгори ғайриихтисос дарс мегӯянд.

Норасоии омӯзгорон дар мактабҳои Тоҷикистон яке аз мушкилоти мубрам дар чанд соли охир аст. Агарчи чанд сол боз ин ниҳод талош дорад, норасонии омӯзгоронро рафъ кунад, вале он натиҷаи лозимаро надодааст.

Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илм
Акс аз “Азия-Плюс”

Ба гуфтаи масъулин, ҳоло дар кишвар 136 ҳазор омӯзгор вуҷуд дошта, 16 ҳазорашон барои нигоҳубини фарзандонашон дар мураххасӣ қарор доранд. Ин чке аз омилҳои норасоии омӯзгорон зикр мешавад.

Ҳарчанд, Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илм мегӯяд, ҳоло норасоии омӯзгорон дар мактабҳо “пурра бартараф шудааст”, вале қариб 700 тани онҳо ғайриихтисос ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки ҳар сол беш аз 10 ҳазор донишҷӯ риштаи омӯзгориро хатм мекунад.

Ҳуқуқшинос: миёни ду қонун ихтилоф вуҷуд дорад

Ба қавли Музаффар Бобоҷонов, ҳуқуқшиноси Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ (ДОШ), ки асосан ба мушкилоти даъват ба хидмати ҳарбӣ мепардозад, дар масъалаи таъхир андохтани мӯҳлати даъвати омӯзгорон ба хидмати ҳарбӣ байни ду қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ихтилоф вуҷуд дорад.

Ӯ мегӯяд, мувофиқи моддаи 5, сархати 11-и Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”, ҳуқуқи ба таъхир гузоштани даъват ба хидмати ҳарбӣ ба “омӯзгорон дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ” дода шудааст, ки ин меъёр умумӣ буда, тамоми омӯзгоронро (сарфи назар аз намуди муассиса ва ихтисосу диплом) фаро мегирад.

Музаффар Бобоҷонов, ҳуқуқшиноси Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ
Акс аз ДОШ

Аммо, моддаи 31, қисми 2, сархати 4-и Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ин ҳуқуқро танҳо барои омӯзгорони “муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” ва танҳо барои онҳое, ки “таҳсилоти олии омӯзгорӣ” доранд, маҳдуд намудааст.

Ба гуфтаи ӯ, агарчи ба моддаи 31, қисми 2, сархати 4-и Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид шудааст, вале ҳамоно бо моддаи 5, сархати 11-и Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” мутобиқати комил надорад.

Ин ҳуқуқшинос зарурати рафъи ихтилоф миёни ду қонуни соҳавиро таъкид карда, ҳамзамон мегӯяд, то даровардани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, барои хидмати сарбозии омӯзгорон талаботи Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба назар гирифта мешавад.

Музаффар Бобоҷонов мегӯяд, тибқи моддаҳои 9 ва 84-и Қонун “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ҳар дуи ин қонунҳо қувваи ҳуқуқии баробардараҷа доранд. Вале ин ҷо “санади махсус” нисбат ба “санади умумӣ” бартарӣ дорад:

“Дар ин ҳолат, оид ба таъхир андохтани мӯҳлати даъвати омӯзгорон, Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” санади меъёрии ҳуқуқии умумӣ буда, нисбат ба масъалаи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват, Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” санади меъёрии ҳуқуқии махсус мебошад”, – мегӯяд Бобоҷонов.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мухолифати ду банди қонунгузории соҳавӣ дар масъалаи даъвати омӯзгорон ба хидмати ҳарбиро рад карда, вале тавзеҳи онро ба дӯши Маркази миллии қонунгузорӣ гузошт.

Ниҳоди танзимкунанда ихтилофро қабул надорад

Иззатулло Саидзода, директори Маркази миллии қонунгузорӣ зимни шинасти матбуотии рӯзи 30-юми январ ба ин зиддияти гуфтаи ҳуқуқшинос посух дод.

Саидзода гуфт, ки дар мавриди ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбии омӯзгорон дар ду қонун “ягон мухолифат намебинам, баръакс, ин ҷо алоқамандии мантиқӣ ҷой дорад”.

Иззатулло Саидзода, директори Маркази миллии қонунгузорӣ
Акс аз муаллиф

“Ҳангоми амал, тибқи Қонун “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, бартарӣ ба қонуни соҳавӣ дода мешавад, яъне ба Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, – гуфта суханони ҳуқуқшиносро тасдиқ кард директори Маркази миллии қонунгузорӣ.

Бо вуҷуди он ки, ба қавли Музаффар Бобоҷонов, миёни ду қонун ихтилоф вуҷуд дорад, вале масъулини Вазорати маориф ва илм ва Маркази миллии қонунгузорӣ ин мухолифатро қабул надоранд, вазъи ҷалб шудани омӯзгорон ба хидмати ҳарбӣ чунин аст:

Танҳо он омӯзгороне, ки ҳарду шарти заруриро доранд, аз хидмати ҳарбӣ дар давраи фаъолият озод мешаванд:

– якум, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мактабҳо, гимназияҳо, литсейҳо, мактабҳои президентӣ ва мактаб-интернатҳо) кор мекунанд;

– дуввум, дар равияи омӯзгорӣ таҳсил кардаанд.

Дигар категорияҳо, аз ҷумла омӯзгорони коллеҷҳо ва донишгоҳҳо, инчунин наздик ба 700 омӯзгори ғайриихтисосе, ки бо дипломҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ, тарҷумон ё дигар соҳаҳо дар мактабҳо кор мекунанд, ҳатто агар солҳо тадрис кунанд ҳам, ба сафи хидмати сарбозӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдураҳмон Абдуманнонов то даргузашти Мирзо Мастонгулов ва Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.