Иди Қурбон. Аз таърихи қурбонии паёмбар Иброҳим то намози ид ва бархе хусусиятҳои он дар Тоҷикистон

Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил мешавад.

Меҳрофарин Наҷибӣ

Пагоҳ, 27-уми май, дар саросари ҷаҳон Иди Қурбон – иди бузурги мусулмонон таҷлил мешавад. “Азия-Плюс” соли гузашта перомуни таърих, қоидаҳо ва бархе ҷузъиёти ин ид бо истифода аз маълумоти Шӯрои уламои Тоҷикистон, тавсияҳои Кумитаи дин ва дигар манобеи муътамад матлаби мазкурро таҳия карда буд, ки онро дар арафаи ид дубора бознашр мекунад.

 

Зулҳиҷҷа чӣ гуна моҳ аст?

Моҳи Зулҳиҷҷа, ки маънояш аз арабӣ “соҳиби ҳаҷ” мебошад, дувоздаҳумин ва охирин моҳи тақвими қамарии исломӣ аст. Ин моҳ барои мусулмонон аз ҷиҳати динӣ ниҳоят муҳим ва бобаракат маҳсуб мешавад, зеро он бо адои Ҳаҷ – яке аз 5 рукни асосии дини Ислом – машҳур аст.

Дар давоми ин моҳ миллионҳо мусулмон аз тамоми дунё ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ сафар мекунанд, то фаризаи Ҳаҷро иҷро кунанд. Ин яке аз чор моҳи муҳаррам мебошад ва дар канори моҳҳои Раҷаб, Зулқаъда ва Муҳаррам ҷой дорад, ки дар ин моҳҳо ҷанг, куштор ва дар атрофи Каъба шикор кардан ҳаром аст.

 

Рӯзҳои муҳими моҳи Зулҳиҷҷа:

Рӯзҳои 1-8: Зиёрати Ҳаҷ оғоз мешавад;

Рӯзи 9: Рӯзи Арафа – яке аз муқаддастарин рӯзҳо дар Ислом;

Рӯзи 10: Иди Қурбон – иди мусулмонон;

Рӯзҳои 11-13: Аёми ташриқ – рӯзҳои идома додани ҳаҷ.

 

Амалҳои мустаҳаб дар даҳаи аввали Зулҳиҷҷа

Паёмбари Ислом Муҳаммад (с.а.в.) фармуданд: “Дар назди Худованд ҳеҷ амали неке нест, ки аз ибодатҳои дар 10 рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа анҷомшуда беҳтар бошад”.

Дар ин рӯзҳои муборак, ба хусус дар 10 рӯзи аввал амалҳои зерин ба мусулмонон тавсия дода мешавад: зиёд зикр ва такбир гуфтан, тавба ва истиғфор кардан, садақа додан, рӯза доштан (ба вижа дар рӯзи Арафа), Қуръони Карим тиловат кардан ва намози нафл хондан.

Рӯзи Арафа – муқаддастарин рӯз

Рӯзи Арафа нӯҳумин рӯзи моҳи Зулҳиҷҷа буда, яке аз муҳимтарин рӯзҳои дини Ислом маҳсуб мешавад. Соли 2025 рӯзи Арафа 5-уми июн ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Арафа дар ақидаи Исломӣ “муқаддастарин рӯз дар назди Аллоҳ” номида мешавад.

Дар ин рӯз ҳоҷиён дар водии Арафот, наздики Макка ҷамъ омада, аз бомдод то мағриб дуо ва муноҷот мекунанд. Водии Арафот дар 20 километрии Макка ҷойгир буда, дар ин ҷо миллионҳо ҳоҷӣ вуқуф (ҳузур) мекунанд ва ин рукни асосии зиёрати ҳаҷ мебошад.

Рӯзаи рӯзи Арафа чист?

Касоне, ки дар ҳаҷ иштирок намекунанд, рӯза гирифтани рӯзи Арафа барояшон суннати муаккад (таъкидшуда) мебошад. Рӯзаи рӯзи Арафа, ба гуфтаи Паёмбари Ислом (с.а.в.), гуноҳҳои соли гузашта ва соли ояндаи мусулмонро авф мекунад ва аз амалҳои пурсавоб дар Ислом маҳсуб мешавад.

Рӯзаро аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб медоранд. Ин рӯза танҳо барои касоне ки дар Ҳаҷ нестанд мустаҳаб аст, ҳоҷиён рӯза намегиранд, зеро бояд қувваи кофӣ барои ибодати ҳаҷ дошта бошанд.

Рӯзи Иди Қурбон – ҷашни калон

Ин иди бузург чор рӯз давом карда, тамоми мусулмонро дар рӯҳи ваҳдат ва шукргузорӣ гирд меоварад. Дар ин рӯз мусулмонон на танҳо ҷашн мегиранд, балки амалҳои динии махсусро низ иҷро мекунанд.

 

Намози иди Қурбон чӣ гуна хонда мешавад?

Намози ид яке аз муҳимтарин ибодатҳои ин рӯз маҳсуб мешавад. Ин намоз пас аз тақрибан ду соати намози бомдод, аз баромадани офтоб то зард шудани он, хонда мешавад. Мусулмонон дар масҷидҳои ҷомеъ, намозгоҳҳои махсус ё майдонҳои кушод ҷамъ омада, ин ибодати бобаракатро бо ҷамоат мехонанд.

Намози ид дар ду ракъат хонда мешавад. Дар ракаати аввал 3 такбири иловагӣ ва дар ракаати дуввум ҳам 3 такбири иловагӣ гуфта мешавад. Баъди намоз имом хутбаи махсус мехонад.

Имсол намози Иди Қурбон дар Тоҷикистон соати 06:00 дақиқа хонда мешавад.

Одобҳо ва амалҳои суннат

Дар ин рӯзи мубораки мусулмонон ғусл карда, либоси нав ё беҳтарини худро мепӯшанд, мисвок мекунанд ва атр мезананд. Ин амалҳо барои нишондодани эҳтиром ва қадрдонӣ ба ин рӯзи муқаддас мебошад.

Дар роҳ ба намозгоҳ мусулмонон такбир мехонанд. Суннат аст, ки ба намозгоҳ аз як роҳ рафта, аз роҳи дигар баргарданд. Ин амал рамзи таҷдид ва шурӯи нав дар зиндагӣ маҳсуб мешавад. Дар иди Қурбон, бар хилофи иди Фитр, пеш аз намоз чизе нахӯрдан суннат мебошад, то пас аз қурбонӣ кардан аз гӯшти қурбонӣ хӯрда шавад.

Дар иди Қурбон чӣ дуои хос ҳаст?

Такбироти иди Қурбон: “Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, лo илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва лиллоҳил ҳамд”. Такбироти ташриқ пас аз намозҳои фарз дар рӯзҳои 9-13 Зулҳиҷҷа хонда мешавад. Вақти ба намозгоҳ рафтан ҳам ҳамин такбирро мехонанд.

 

Қурбонӣ – асоси ин ҷашн

Қурбонӣ кардан асосии ин ид мебошад ва рамзи сарсупурдагӣ ба итоат ва ҳукмҳои Худованд аст. Ин фариза бар ҳар касе ки соҳиби нисоб аст, воҷиб буда, аз рӯзи даҳум то дувоздаҳуми Зулҳиҷҷа иҷро мешавад.

Шартҳои воҷибии қурбонӣ:

  • Мусулмон будан
  • Оқил будан
  • Болиғ будан
  • Озод будан (ғулом набудан)
  • Имконот доштан (нисоби қурбонӣ доштан)

Интихоби ҳайвон ва меъёрҳо

Барои қурбонӣ ҳайвоноти муайян интихоб карда мешаванд: шутур, гов, гӯсфанд ё буз. Гӯсфанд ва буз танҳо барои як нафар кифоя мекунанд, дар ҳоле ки гов ва шутурро то ҳафт нафар қурбонии якҷоя карда метавонанд.

Меъёрҳои синнӣ:

– Гӯсфанд ва буз: ҳадди ақал 1 сол (истисно: қӯчкори 6 моҳа, агар фарбеҳ бошад);

– Гов: ҳадди ақали 2 сол;

– Шутур: ҳадди ақали 5 сол;

Ҳайвон бояд солим ва беайб бошад. Ҳайвоноти кӯр, ланг, лакак, заиф, бедандон ё бо нуқсонҳои калони узвӣ барои қурбонӣ номувофиқанд.

Тақсим ва истифодаи гӯшт: Гӯшти қурбонӣ ба се қисм тақсим карда мешавад: як қисм барои худи қурбонӣ кунанда ва хонаводааш, як қисм барои дӯстон ва наздикон ва як қисм барои фуқаро ва ниёзмандон. Ин тақсимбандӣ ҳамдигарфаҳмӣ ва ғамхориро дар ҷомеа тақвият мебахшад.

Қоидаҳои муҳим:

– Гӯшти қурбониро фурӯхтан қатъан ҳаром аст;

– Фурӯхтани пӯст низ ҳаром, аммо ҳадя кардан ё шахсан истифода бурдан ҷоиз;

– Пӯсти қурбониро бар ивази ҳақи қассоб додан ҷоиз нест;

– Агар гӯшти қурбонӣ фурӯхта шавад, он пулро ба сифати садақа тақсим кардан ҳатмӣ аст.

Дуои қурбонӣ: “Биисмиллоҳи Аллоҳумма тақаббал миннӣ!” (Ба номи Худо, Парвардигоро, аз ман қабул кун!).

 

Анъанаи идгардак дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Дар Тоҷикистон расми идгардак ҳаст. То ду соли пеш дар тамоми ҷумҳурӣ дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон идгардаки кӯдакон мешуд, вале соли 2024 онро тибқи қонунгузорӣ барои кӯдакон манъ карданд.

Ҳозир кӯдакон танҳо ҳақ доранд, ки ҳамроҳи бузургонашон ба идгардак раванд. Агар кӯдакон танҳо ба идгардак раванд, волидонашон ҷарима мешаванд. Бо вуҷуди ин тағйирот, дар Тоҷикистон анъанаи идгардак то ҳол идома дорад.

Ҳаҷ – рукни панҷуми Ислом

Шартҳои ваҷибии ҳаҷ: мусулмон будан, болиғ будан, оқил будан, озод будан ва қудрати молӣ доштан аст.

Ҳаҷ танҳо як маротиба дар умр фарз буда, баъдан ҳар қадар хоҳед ҳаҷи нафл кардан мумкин аст. Аммо дар Тоҷикистон солҳои охир тарғиб мешавад, ки маблағи сафарҳои такрории ҳаҷ барои ободии маҳал сарф шавад.

Барои ҳоҷиҳо дар Тоҷикистон чӣ маҳдудият ҳаст?

Дар Тоҷикистон, тибқи қонун, пешвози ҳоҷиҳо ва гусели ҳоҷиён манъ аст. Пеш аз ин, дар Тоҷикистон анъана буд, ки зоиронро гусел мекарданд ва пешвоз мегирифтанд, дидорбинӣ мерафтанд, маъракаҳое бо номи ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва ҳоҷизиёрат буд. Ҳозир чунин муросим ғайриқонунӣ ҳисоб мешаванд ва касоне, ки он маъракаҳоро мегузаронанд, ҷаримаи сангин мешаванд.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ба ҳаҷ рафтани шахсони то 40-сола манъ аст.

Фавоид ва баракатҳои иди Қурбон чист?

Мувофиқи ваъдаҳои Худованд ва гуфтаҳои Паёмбар, иди Қурбон дарҳои бисёри савоб ва баракатро ба рӯи мӯъминон мекушояд. Намози ид, қурбонӣ кардан, дуо ва зикр дар ин рӯз ҷазои азими ухравӣ дорад. Амалҳои хайрхоҳона ва кӯмакрасонӣ, садақадиҳӣ, ғамхорӣ ба ниёзмандон, силаи раҳм бо хешовандон ва ҳолпурсӣ аз ҳамсоягон ҳамагӣ аз амалҳои пурсавоби ин рӯз мебошанд.

Барои ҷомеа: Баробарӣ ва яклухтии мусулмонон, кӯмаки иҷтимоӣ ба ниёзмандон, тақвияти робитаҳои хешовандӣ ва тарбияи саховат таъмин мешавад.

Барои шахс: Тақвияти имон ва тақво, покшавӣ аз гуноҳҳо, наздикшавӣ ба Худованд ва тарбияи итоат ҳосил мегардад.

Иди Қурбон на танҳо ҷашни динӣ, балки симболи итоат, қурбонӣ ва мубориза бо нафси аморааст. Ин ид ба мо таълим медиҳад, ки барои ҳақ ва фазилат ҳар қурбонӣ фарз аст. Бигзор ин иди мубораки Қурбон барои ҳамаи мо сабаби баракат, омурзиш ва наздикӣ ба Худованд гардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.