Дар шаҳри Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард. Он баъди сӯхтори бозори пешини “Гулистон”-и шаҳр, дар масоҳати як гектар бунёд гардид ва дорои 376 нуқтаи фурӯш аст.
Роҳбарияти бозор мегӯяд, ба савдогароне, ки дар сӯхтори бозори “Гулистон” зарар дида буданд, имтиёзҳо дода шуд: онҳо 7 моҳ аз пардохти иҷорапулӣ ва муддати муайян аз супоридани андоз озод шуданд.
Маросими ба кор оғоз кардани бозор бо иштироки раиси шаҳр ва савдогарону сокинони шаҳр сурат гирифт. Дар охир, Нигина Амонқулова ва Афзалшоҳ Шодӣ, ҳунармандони маҳбуби кишвар бо таронаҳо табъи ҳозиринро болида сохтанд.
Тафсилоти бештарро дар гузориши мо тамошо кунед.







