Муште аз хоки турбати Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, қаҳрамонҳои Тоҷикистон ва Нисор Муҳаммад, чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи Тоҷикистонро дар оромгоҳи “Лучоб”-и шаҳри Душанбе дафн карданд.
Дар ин маросим Файзалӣ Идизода, раиси парлумони кишвар ва чанде аз мансабдорон, инчунин, зиёиёну адибон ва наздикони ин се чеҳраи таъсиргузори таърихи навини Тоҷикистон иштирок доштанд.
Гузориши муфассали моро аз ин маросим дар навори зер тамошо кунед:






