Агентии инноватсия ва технологияҳо (Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳо)-и рақамии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дод, ки амалиётҳо тариқи ҳамёнҳои электронӣ аз моҳи сентябри соли 2026 андозбандӣ мешаванд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳоло “корҳои ташкилӣ ва фаҳмондадиҳӣ (шарҳдиҳӣ) вобаста ба татбиқи лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монда шудаанд”.
“Пас аз анҷоми корҳои шарҳдиҳӣ, амалисозии лоиҳа аз 1 сентябри соли 2026 пешбинӣ мегардад”, – гуфтааст ин ниҳод.
Оҷонӣ таъкид кардааст, “тибқи лоиҳа, айни замон ва минбаъд низ амалиётҳои шахсони воқеӣ мавриди андозбандӣ қарор дода намешаванд”.
Ин ниҳод гуфтааст, ки барои амалиётҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ меъёри андоз дар ҳаҷми 3% (ба ҷойи 6% қаблӣ) пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, бо дарназардошти талаботи қонунгузорӣ дар мавриди сирри бонкӣ, ин раванд пайгирӣ карда намешавад.

Ин ниҳод аз истифодабарандагони ҳамёнҳои электронӣ хостааст, ки “воситаҳои пардохти электрониро бидуни хавф ва нигаронӣ фаъолона истифода баранд”.
Дар пайи ин гузоришҳо, Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар эълон кард, ки аз шаҳрвандон ҳангоми интиқоли ғайринақдӣ андоз ситонида намешавад ва он танҳо ба соҳибкорони инфродӣ дахл дорад.
Он замон ин ниҳод гуфта буд, ки ҳадафи аслии лоиҳа “дастгирии тиҷорати хурд ва шаҳрвандоне, ки мустақилона ба кор машғуланд ва ҳамчунин, фароҳам овардани низоми оддӣ ва қулайи кор бо мақомоти андоз мебошад”.
Дар лоиҳа, аз ҷумла зикр мешавад, ки агар ба як шахси воқеӣ дар давоми як моҳ аз якчанд шахсони воқеии дигар зиёда аз 80 пардохте, ки ғайртиҷоратӣ ишора шудааст, ворид шавад, ин низом маълумотро ба мақомоти андоз пешниҳод мекунад.
Ин лоиҳа барои кӣ пешбинӣ шудааст ва чӣ муқаррарот дорад, дар ин матлаби мо хонед: Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад






