Аз гаронтарин филми тоҷикӣ то иттиҳом алайҳи Борис Кимёгаров. Даҳ далел аз таърих ва кори “Тоҷикфилм”

Имрӯз “Тоҷикфилм” 96-сола шуд.

Шоираи Қудрат, asia+

Имрӯз аз таъсиси “Тоҷикфилм” 96 сол пур шуд. Коргоҳе, ки таърихи синамои тоҷик, чеҳраҳои маъруфи ҳунар ва даҳҳо филми мондагор бо номи он пайванд дорад. Бо ин баҳона, чанд далели ҷолибро аз таърих ва фаъолияти ин коргоҳи синамои миллӣ ҷамъоварӣ кардем.

Зимнан, маълумоте, ки дар зер оварда мешаванд, дар асоси сарчашмаю манбаъҳои боз дар фазои маҷозӣ, суҳбату сабтҳо бо намояндагони ҳунар ва иттилои аз масъулини ин муассиса бадастомада таҳия шудааст.

Аввалин филми синамои миллӣ

Аввалин филме, ки рӯйи пардаи синамои тоҷик омад, бо омадани қатораи аввалин ба Душанбе пайванд дорад. 11-уми сентябри соли 1929 вақте ба Душанбе қатораи аввалин омад, се ҳаваскори ҷавони синамо – Н. Гизулин, В. Кузин ва А. Шевич бо дастгоҳи фартути филмбардории “Кинамо” ин ҳодисаро ба навор бардоштанд ва ин филм ба унвони “Омадани қатораи нахустин ба Душанбе” дар таърихи синамои тоҷик ҳамчун нахустин филм сабт шуд.

Нахустин коргардон дар “Тоҷикфилм”

Комил Ёрматов нахустин коргардони синамои миллии тоҷикон буда, “Ҳуқуқи бошараф” аввалин филми таҳиякардаи ӯ дар “Тоҷиккино” буд. Баъдтар ин коргардон филми “Муҳоҷир”-ро рӯйи саҳна овард, ки барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик маҳсуб мешавад.

Комил Ёрматов, Акс аз "Тоҷикфилм"

Дар ин филм нақши асосиро худи Комил Ёрматов ва нақши асосии занонаро София Тӯйбоева, аввалин ҳунарпешаи зан дар синамои тоҷик иҷро кардаанд.

Аммо баъди Тоҷикистонро тарк кардани Комил Ёрматов дар соли 1940 истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон муваққатан қатъ шуд.

Офариниши аввалин филмҳои таърихӣ

Давраи “тиллоӣ”-и “Тоҷикфилм” бо номи Борис Кимёгаров, филмофари маъруфи тоҷик алоқаманд аст. Эҳёи симои Рӯдакӣ дар филми “Қисмати шоир”, инъикоси қудрати маънавии шеъру ҳикмати Ҳаким Фирдавсӣ дар филмҳои “Коваи оҳангар”, “Достони Рустам”, “Рустам ва Суҳроб” ва “Достони Сиёвуш”, ки шоҳкорҳои синамои миллӣ дониста мешаванд, маҳсули дасти ӯст. Кимёгаров бо эҳтиром ба суннатҳои асили тоҷикон фарҳанги пурғановати тоҷикро зинда ва ба боло бурдани ҷойгоҳи он мусоидат кард.

Борис Кимёгаров, Акс аз "Тоҷикфилм"

Ин замонест, ки дурахшонтарин филмҳои синамои тоҷик ба саҳна омаданд ва мактаби синамои миллӣ ташаккул ёфт. Борис Кимёгаров нахустин коргардоне буд, ки ба мероси ғании халқи тоҷик рӯй овард ва ин меросро дар марҳилаи нави таърихӣ ба шакли кино дубора ба арзишҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дод.

Гаронарзиштарин филм дар таърихи синамои тоҷик

Филми таърихии “Рустам ва Суҳроб” гаронарзиштарин филм дар таърихи синамои тоҷик аз гузашта то имрӯз дониста мешавад. Ҳадс мезананд, ки барои офаридани ин филм тақрибан беш аз 2 миллион рубли шӯравӣ харҷ шудааст. 

Ба гуфтаи Тиллои Некқадам, сармутахассиси бахши нақди синамо дар “Тоҷикфилм”, гаронарзиштарин будани филми “Рустаму Суҳроб” собит аст, вале дар бораи миқдори дақиқи маблағе, ки барои сабти он сарф шудааст, ягон ҳуҷҷати аниқ дар даст нест.
Лаҳза аз филми "Рустам ва Суҳроб", Акс аз "Тоҷикфилм"

“Рустаму Суҳроб” филмест, ки бори аввал дар таҳияи он анбуҳи зиёди одамон – шуруъ аз артиши бузург то силоҳу аслиҳаи воқеӣ ва калонтарин майдонҳои сабт ба кор бурда шудаанд. Барои сабти он аз тамоми давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳунармандону тарроҳон, ороишгарони саҳна, пардозгарону оҳангарон ва чандин мутахассисони дигар даъват шудаанд.

Муттаҳам кардани Борис Кимёгаров ба дуздии 1 миллион рубл

Духтари Борис Кимёгаров, Лилия Кимёгарова дар як мусоҳиба нақл мекунад, ки падарашро ба дуздии миқдори зиёде аз пулҳои барои офаридани филм ҷудошуда муттаҳам кардаанд. Ӯ мегӯяд,  дар як ҷаласаи ҳизби маркази коммунистии Тоҷикистон касе гуфтааст, ки ҳангоми сабти филмҳои “Рустаму Суҳроб” ва “Достони Сиёвуш” 1 миллион рубл “обу лой” шудааст. 

“Бисёриҳо бовар карданд, ки Кимёгаров ин пулҳоро ба кисаи худ задааст. Дар киностудия тафтиш сар шуд ва ин тафтишҳо чанд сол давом кард. Директори филм ва режиссёри дуюм зиндонӣ шуданд, онҳо муддати дароз паси панҷара буданд”, – гуфтааст Кимёгарова.
Лаҳза аз "Достони Рустам", Акс аз "Тоҷикфилм"

Ба қавли ӯ, Борис Кимёгаровро низ борҳо барои бозпурсӣ даъват ва боре зиндонӣ ҳам кардаанд. Ба нақли ӯ, падараш бемории қанд дошт ва тамоми рӯз дар зиндон ҳолаш хеле буд шудааст. 

“Ба шарофати дӯсти хеле хуби мо Давлат Худойназаров, ки шоми он рӯз дар бораи аҳволи падарам ба Мирзо Турсунзода хабар дод, падарам озод шуд”, – нақл кардааст ӯ.

Аммо иттиҳоми алайҳи ӯ бардошта шуд ва ё не, норӯшан аст.

Аввалин ҷоизаҳои байналмилалии “Тоҷикфилм”

Нахустин филми офаридаи “Тоҷикфилм”, ки сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд, филми ҳуҷҷатӣ бо унвони “Тоҷикистон” аст. Он бо коргардонии Борис Кимёгаров рӯйи пардаи синамо омада, соли 1946 дар ҷашнвораи синамо дар Венетсия (Италия) медали биринҷӣ ва дипломи фахрӣ ба даст овардааст, ки аввалин дастоварди баъдиҷангии “Тоҷикфилм” дар сатҳи байналмилалӣ дониста мешавад.

Аз филми "Ман бо духтаре вохӯрдам", Акс аз "Тоҷикфилм"

Сеюмин филме, ки дар сатҳи байналмилалӣ ба синамои миллӣ ҷоиза овард, “Қисмати шоир”-и Борис Кимёгаров аст. Он соли 1960 дар синамоҷашнвораи байналхалқии Осиё ва Африқо дар шаҳри Қоҳира (Миср) барандаи ҷоизаи асосӣ – “Уқоби тиллоӣ” шуд.

Нахустин филми тасвирӣ

Аввалин филми тасвирӣ дар таърихи синамои тоҷик “Моҳичаи гулдор” унвон дорад. Он соли 1980 бо коргардонии Мунаввар Мансурхоҷаев сабт шудааст. 

Ба қавли Тиллои Некқадам, он филм соле баъд сазовори ҷоиза низ шуд.

Аммо дар манбаъҳои боз ин филми тасвирӣ ва ё маълумот дар бораи он пайдо накардем.

Серҷоизатарин филм дар таърихи Тоҷикфилм

Филме, ки дар таърихи “Тоҷикфилм” бештарин ва бонуфузтарин ҷоизаҳои байналмилалиро соҳиб шудааст, филми “Бародар”-и Бахтиёр Худойназаров мебошад. Ба қавли Тиллои Некқадам, он соли 1991 соҳиби чор Шоҳҷоизаи синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ шудааст. Дар  умум, ин филм тақрибан 10 ҷоизаро сазовор шудааст.

Аз филми "Бародар", Акс аз википедиа

Бо вуҷуди он ки баъдан теъдоди ҷоизаҳои баъзе филмҳои дигар шояд зиёдтар аст, аммо аз рӯйи нуфузи ҷоизаҳо ин филм дар зинаи аввал боқӣ мемонад.

Филми дигаре, ки баъдан соҳиби ҷоизаҳои зиёди байналаилалӣ шудааст, филми “Қош ба қош”-и Бахтиёр Худойназаров аст. Он аввалин маротиба ҷоизаи “Шери нуқрагин”-ро ба даст овардааст.

Ҳамчунин, солҳои баъди филми “Овора”-и Далер Раҳматов, филмҳои Носир Саид ва чанд соли охир филми “Дов”-и Муҳиддини Музаффар аз серҷоизатарин филмҳои “Тоҷикфилм” дониста мешаванд.

Роҳбарони “Тоҷикфилм”

“Тоҷикфилм” дар таърихи худ тақрибан 20 роҳбар доштааст. Вале аксари онҳо 4-5 сол роҳбарӣ кардаанд ва нафаре солҳои зиёд, масалан 10-15 сол дар маснади роҳбарии ин ниҳоди фарҳангӣ набудааст.

Обид Ҳамидов ягона роҳбари “Тоҷикфилм” буд, ки 9 сол – аз соли 1964 то соли 1973 онро сарварӣ кард.
Обид Ҳамидов, Акс аз "Ховар"

Маҳз дар замони роҳбарии Обид Ҳомидов филмҳое наворбардорӣ шудаанд, ки номи тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Аз ҷумла, Борис Кимёгаров филмҳои худ аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома”-ро дар ин давра офаридааст.

Роҳбари кунунии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён низ дар ду давра инак 9 сол мешавад, ки ин ниҳодро роҳбарӣ мекунад.

Бойгонии “Тоҷикфилм”

Ба иттилои масъулини “Тоҷикфилм”, дар бойгонии ин ниҳод аз даврони шӯравӣ 98 филми бадеӣ, 720 филми ҳуҷҷатӣ ва 330 киножурнал (маҷмуи гузоришҳои кӯтоҳи видеоӣ ва лавҳаҳои кӯтоҳ аз филмҳо) маҳфузанд.

Дар даврони истиқлолият бошад, дар умум беш аз 110 филми бадеиву ҳуҷҷатӣ дар “Тоҷикфилм” истеҳсол шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.