Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ аз Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) 3 зина поин рафтааст. Дар мавсими соли 2025 мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 47-ум ва дар соли 2026 мақоми 50-ум қарор гирифт.
Мунтахаби футзали мардони Тоҷикистон 1056,09 имтиёз гирифта, дар радабандӣ аз тимҳои миллии Чили, Ангола, Озарбойҷон, Австралия дар сафи пеш ҷой шудааст.
Ӯзбекистон дар мақоми 23-юм, Қирғизистон – 49-ум ва Туркманистон – 69-ум қарор гирифтаанд.
Дар радабандии мунтахабҳои қораи Осиёи 5-гонаи беҳтарин чунин аст: Эрон, Таиланд, Ҷопон, Индонезия, Афғонистон.
Пешсафони радабандӣ миёни занон дастаҳои Бразилия, Испания, Португалия, Аргентина, Италия, Ҷопон, Колумбия, Таиланд, Русия ва Эрон мебошанд.
Радабандии минбаъдаи мунтахабҳои футзали ҷаҳон 25-уми сентябри соли 2026 сурат мегирад.





