Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

аsia+

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии аввали мусобиқаи Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Тайландро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд. Ин рақобат шаби гузашта дар доираи бозиҳои гурӯҳи “А”-и мусобиқа, ки ҳарду даста шомили он ҳастанд, дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шуд.

Голи якуми наврасони тоҷикро худи футболбозони Тайланд дар дақиқаи аввали бозӣ ба дарвозаи дастаашон ворид карданд. Дар дақиқаи охири рақобат (90+6) бошад, Парвиз Сангинов голи дуюми тими моро ба самар расонд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” Арабистони Саудӣ бо натиҷаи 4:0 Мянмарро ноком кард.

Лаҳзае аз бозӣ. Акс аз ФФТ

Пас аз анҷоми даври аввал Тоҷикистон ва Саудӣ бо 3 имтиёзӣ дар зинаҳои дуюм ва якум қарор доранд.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ миллипӯшони навраси тоҷик рӯзи 9-уми май бо ҳамтоёнашон аз Мянмар ва рӯзи 12-уми май бо Арабистони Саудӣ  дидор анҷом медиҳанд. Ин бозӣ метавонад калидӣ шавад ва дар сурати пирӯзь, тими Тоҷикистон ба даври минбаъдаи мусобиқа мебарояд ва, дастаро ба ҳадафи асосӣ – роҳхат гирифтан ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон наздик мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.