Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.

Алексей Корчагин, махсус барои аsia+

Дар Душанбе рӯзи 3 май яке аз мусобиқаҳои силсилаи “Тоскулоҳи бузург” (Большой шлем) дар Душанбе ба охир расид. Дар он 240 ҷудокор аз 34 кишвар ширкат варзиданд. Мунтахаби Тоҷикистонро 40 варзишгар намояндагӣ карда, 4 тан аз онҳо ба дарёфти медалҳо, аз ҷумла 3 медали тилло ноил шуданд.

Тилло ва биринҷӣ дар рӯзи аввал

Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудокори тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни 66 кг намояндагони Ӯзбекистон, Озарбойҷону Русия ва дар даври финалӣ боз як варзишгари Ӯзбекистонро мағлуб карда, ба дарёфти медали тилло даст ёфт.

Эмомалӣ Нуралӣ бо либоси сафед. Акс аз IJF

Ин медали чоруми тиллои ҷудокори тоҷик дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” мебошад. Соли гузашта низ Эмомалӣ дар Душанбе медали тилло ба даст оварда, инчунин дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Тошканд боз ба ду медали тилло соҳиб шуд.

Эмомалӣ Нуралӣ. Акс аз IJF

Дар дараҷаи вазни 60 кг Лоиқ Қутбиддинов бар варзишгарони Муғулистон Қазоқистонро шикаст дода, лекин аз намояндаи Русия мағлуб шуд. Дар рақобат барои медали биринҷӣ ӯ бар намояндаи Фаронса дастболо шуд. Ин аввалин медали ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” маҳсуб меёбад.

Лоиқ Қутбиддинов. Акс аз IJF

Ҳамчунин дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудорони дигари тоҷик Икром Шамсов (60 кг), Меҳрзод Сӯфиев (60 кг), Рамзиддин Азизов (60 кг), Мусаниф Миробов (66 кг), Обид Ҷебов (66 кг), Искандар Маҳмадхоҷазода (66 кг), Аҳлия Муминова (48 кг), Нӯшин Ҷумъаева (48). кг), Марям Назарова (48 кг), Суҳайло Сафарзода (52 кг), Мадина Қурбонзода (52 кг), Зуҳал Ҷумъаева (52 кг), Райҳона Розиқзода (52 кг), Раҳмия Ханҷарбекова (57 кг) ва Сабина Каримова (57 кг) низ рақобат карда, лекин ба нокомӣ дучор шуданд.

Ду медали тилло дар рӯзи дуюм

Дар рӯзи дуюми мусобиқа Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг намояндагони Амороти Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва дар даври финалӣ варзишгари Русияро шикаст дода, ба дарёфти медали тиллои мусобиқа ноил гардид.

Муҳиддин Асадуллоев

Ин медали тиллои дуюми ӯ дар ин мусобиқаҳо аст.

Лоиқ Қутбиддинов. Акс аз IJF

Дар вазни 81 кг ҷудокори маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 кг намояндагони Русия, Қазоқисстон, Фаронса ва Утриш (Австрия)-ро мағлуб карда, ба медали тиллои мусобиқа соҳиб шуд.

Ин медали тиллои сеюми Сомон дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” мебошад: соли гузашта низ ӯ дар Душанбе ба дарёфти медали тилло ноил гардида буд.

Сомон Маҳмаддбеков

Ҳамчунин дар рӯзи дуюми мусобиқа дигар ҷудокорони тоҷик Бинёмин Назиров (73 кг), Абдуллои Ориф (73 кг), Маъсуди Аҳмадзод (73 кг), Абӯбакр Боқиев (81 кг), Сунатулло Мӯсоев (81 кг), Бахтиёр Бозоров (81 кг) ва Ҷонона Назарова (63 кг) низ ба толори рақобат баромада, лекин ба дарёфти медалҳо даст наёфтанд.

Рӯзи сеюми бидуни медал

Дар рӯзи сеюми мусобиқа Тоҷикистонро дар толор Тӯйчибек Шарипов (90 кг), Муҳаммад Абдуҷалилзода (90 кг), Умед Раҷабов (90 кг), Саидраҳим Раҳимов (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг), Муҳсин Маллаев (100 кг), Абдулаҳад Маҷидов (100 кг), Сомонӣ Кишваров (100 кг), Парвиз Абдураҳмонов (100 кг), Умар Маҳдонов (+100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг), Муҳаммадрасул Давлатов (+100 кг) ва Виктория Киселева (+78 кг) намояндагӣ карда лекин дар даврҳои аввал ба бохт дучор гардиданд ва аз идомаи мусобиқа маҳрум шуданд.

Дар ҳисоби умумидаставӣ мунтахаби Тоҷикистон бо дарёфти 3 медали тилло ва 1 биринҷӣ зинаи дуюмро касб кард. Дар зинаи аввал мунтахаби Русия (3 медали тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ) ва зинаи сеюм – Муғулистон(2-2-1) қарор гирифтанд.

Муҳити мусобиқа дар Душанбе

Маблағи умумии мукофотпулии мусобиқа дар Душанбе 154 ҳазор евроро ташкил дод. Ба ғолибон дар ҳамаи вазнҳо (7 нафар мардону 7 нафар занон) ба ҳар кадоме 5 ҳазор евро, дорандагони медалҳои нуқра – 3 ҳазор евро ва дорандагони медҳои биринҷӣ – 1500 евро тақдим шуд.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи соли гузашта дар Душанбе ҷудокорони тоҷик ба дарёфти 11 медал даст ёфта буданд. Соли гузашта 226 нафар варзишгарон аз 27 кишвар ба Душанбе омада буданд. Мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.