Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Идибеки Саид, asia+

Бо гузашти ду моҳ аз ҳамлаи шадид ба мактабе дар шаҳристони Миноби Эрон, ки қариб 170 нафар кушта шуд, Амрико то ҳол масъулияти ин ҳамларо напазируфтааст. Хомӯшии Вазорати ҷанги Иёлоти Муттаҳидаро мақомдорони собиқи амрикоӣ амали “ғайримаъмулӣ” хондаанд. Коршиносон мегӯянд, пазириши ин ҷиноят барои Амрико паёмадҳои ҳуқуқӣ дорад ва пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Ҳамла ба мадраси ибтидоии духтаронаи “Шаҷараи Тайиба” дар шаҳристони Миноби вилояти Ҳурмузгони Эрон рӯзи 28-уми феврал, дар рӯзи аввали ҳамлаи Амрикову Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ сурат гирифта буд.

Таҳқиқи расонаҳо ва созмонҳои ҷудогона исбот кард, ки ҳамла ба ин мактаб тавассути мушаки “Томаҳавк” сурат гирифтааст, ки танҳо Амрико аз он истифода мекунад.

Қариб ҳамаи демократҳои Сенати Амрико дар номае ба Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Иёлоти муттаҳида хостори тавзеҳ қазияи ҳамла ба мактаби Миноб шуда буданд ва саволи асосии онҳо ин буд, ки “оё Амрико ин ҳамларо анҷом додааст ё не”.

Пентагон вокуниш кард, ки қазияи мазкурро “таҳқиқ” мекунад.

Мактаби "Шаҷараи Тайиба"-и Миноб пас аз ҳамла, акс аз хабаргузории "Меҳр"

Танҳо пас наздики ду моҳ, Пит Ҳегсет рӯзи 29-уми апрел дар Кунгураи Амрико ба саволи вакилон, ҳамла ба мактаби Минобро “таассуфовар” хонда ва гуфт, ки “таҳқиқи он идома дорад”, вале аз пазириши масъулият сухане нагуфт.

Дар пайи хомӯшии Вазорати ҷанги Амрико ё Пентагон дар қазияи ҳамла ба мактаби эронӣ, панҷ мақоми собиқи амрикоӣ ин ниҳодро барои таҳқиқи дурударози ҳамлаи мазкур танқид карданд.

Онҳо гуфтаанд, ки таҳқиқи ин ҳодиса ва ҳатто интишор нашудани маълумоти аввалия дар бораи даст доштан ва ё надоштани Амрико дар ин ҳамла “рафтори ғайримаъмулӣ” аст.

Коршиноси тоҷик чӣ мегӯяд?

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, пазириши ин ҷиноят барои Амрико паёмадҳои ҳуқуқӣ дорад ва пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад. Аз ин рӯ, ин кишвар намехоҳад, онро бипазирад.

Қосим Бекмуҳаммад, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик ба ин назар аст, ки агар Иёлоти Муттаҳида водор ба пазириши ин кор шавад, ин ҷиноятро фақат “иштибоҳӣ фаннӣ” хоҳанд хонд, ки “талафоти ҷонибӣ” дар пай доштааст.

“Зеро пазируфтани масъулияти ин ҷиноят ҷудо аз зарбаи ҷонкоҳ ба обрӯ ва ваҷҳаи сиёсии ҳукумати Амрико, ҳамчунин паёмадҳои ҳуқуқӣ дорад, ки пардохти товону узрхоҳии расмӣ ва иқдомоти дигарро дар бар мегирад”, – гуфт коршиноси тоҷик дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи ӯ, Амрико дар ниҳоят аз ин воқеият наметавонад фирор кунад, “чун мушакҳои “Томаҳавк”, ки барои ҳамла ба мадрасаи Миноб истифода шуданд, дорои системаи ҳидояти пешрафта буда ва дар утоқи амалиёт ҳадафро ба сурати “зинда” мебинанд. Аз ин рӯ, маҳалли низомиёни нерӯи дарёии Сипоҳ “пиндоштани мадраса” бо он ҳама рафтуомади ҳудуди 200 кӯдаки маъсум ва муаллимонашон имконпазир нест”. 

Қосими Бекмуҳаммад, акс аз манобеи боз

“Аммо чун ба истилоҳ, “офтобро намешуд бо доман пушонд”, баҳонаи дар гузашта маҳалли низомиёни нерӯи дарёии Сипоҳ будани сохтмони мадраса ва ҳанӯз ҳам дар пойгоҳи додаҳои Созмони истихбороти низомии Амрико чун “ҳадафи низомӣ” боқӣ мондани онро пеш оварданд”, – изҳор дошт ин коршинос.

Ба андешаи Қосим Бекмуҳаммад, агар эҳтимолан Эрон чунин корро мекард (ба таври мисол, ба як мадрасаи марбут ба Амрико ҳамла карда, 168 кӯдакро мекушт), Амрико ва ҷаҳони Ғарб ҳадди ақали коре, ки анҷом медоданд, судури ҳукми “ҷиноят алайҳи башарият” буд. Яъне ҷони амрикоиҳо азиз асту ҷони дигарон беарзиш.

Тибқи иттилои расмии мақомоти Эрон, як мушак рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ ва дар рӯзи аввали ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ба як мадрасии ибтидоӣ дар шаҳристони Миноб зарба зад, ки дар натиҷа 168 нафар, аз ҷумла 110 кӯдак кушта шудааст.

Дар бораи ҳамла ба ин мактаб мақомоти Эрон, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ чӣ гуфтанду расонаҳо чӣ гуна инъикос кардад, дар матлаби мо “Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад” мутолиа кунед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.