Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

asia+

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 23-юми май, бо Содир Ҷабборов, ҳамтои қирғизистонии худ тариқи телефон гуфтугӯ кардааст.

Сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки ҷонибҳо раванди муносибатҳои ду кишварро мусбат арзёбӣ карда, ба аҳаммияти идомаи татбиқи мувофиқаҳои байнидавлатие, ки қаблан ҳосил шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Дар идомаи суҳбат раҳбарони ду кишвар мулоқотҳои ояндааи худ ва омодагӣ ба ҳамоиши ҷашнии Созмони ҳамкории Шонгҳойро, ки рӯзҳои 31-уми август ва 1-уми сентябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, муҳокима кардаанд.

Раисҷумҳури ду кишвар, ҳамчунин, дар бораи “масъалаҳои алоҳидаи  рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд”.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳафтаи ҷорӣ, аз 18 то 21-уми май дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он намояндагони соҳаҳои фарҳанг, санъат, адабиёт ва синамои тоҷик иштирок карданд. Ин аввалин рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон пас аз ҳалли баҳсҳои марзӣ буд, ки ба иттилои нашршуда, ҳадафи он таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкориҳои эҷодӣ ва табодули таҷриба миёни аҳли фарҳанги ду кишвар гуфта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...