Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз, 21-уми апрел бо як сафари давлатӣ вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон шуд. Ӯ барои иштирок дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ин шаҳр рафт.

Ҳамроҳи президент, яке аз муовинони сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва ва дигар шахсони расмӣ ба ин кишвар рафтанд.

Президентро дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоеви Остона Олжас Бектенов, сарвазири Қазоқистон истиқбол гирифт. Майдони фурудгоҳи Остона бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

Маълум нест, ки сафари роҳбари давлати мо ба ин кишвар чанд рӯз идома мекунад.

Вале ҳамоиш ва ҷаласаи Шӯро аз 22 то 24-уми апрел дар Остона бо ширкати сарони давлатҳои давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешаванд.

Нишонаи ҳамоиш ва ҷаласа. Акс аз расонаҳои Қазоқистон

Ҳамоиши минтақавии экологӣ – 2026 ҳамчун майдон барои муттаҳид сохтани кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таҳияи роҳҳалҳо ва механизмҳои ҳамоҳангшуда, ки равиши минтақавиро барои ҳалли мушкилоти иқлимӣ ва экологӣ, аз ҷумла масъалаи баҳри Арал, инъикос менамоянд, ташкил ва гузаронида мешавад

Ҳадафи асосии он таҳияи ташаббусҳо ва механизмҳои мушаххас барои амалҳои дастаҷамъона бо мақсади таъмини ояндаи устувори Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар ҷаласаи сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баррасии лоиҳаҳо дар бораи беҳтар кардани вазъи экологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва омодагӣ ба марҳилаи навбатии татбиқи барномаҳои фонд ба нақша гирифта шудааст.

Фонди байналмилалии наҷоти Арал мувофиқи қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 4-уми январи соли 1993 дар Тошканд қабул шуда буд, таъсис дода шудааст. Ҳадафи он беҳтар кардани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ дар ҳавзаи баҳри Арал мебошад. Қазоқистон аз соли 2024 инҷониб раёсати ин фондро ба уҳда дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".