Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ бо мақсади танзими раванди зиёрат ва таъмини амнияти зоирон дар мавсими ҳаҷи соли равон қоидаҳои нави вуруд ба шаҳри Маккаро ҷорӣ кардааст.

Тибқи ин талабот, аз 13-уми апрели соли ҷорӣ ворид шудан ба ин шаҳр танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи махсус имконпазир мегардад.

Ба иттилои расмӣ, ҳуқуқи вуруд ба шаҳрро танҳо он шахсоне доранд, ки дорои ҳуҷҷатҳои расмии истиқомат дар Макка мебошанд ва ё иҷозатномаи расмиро барои адои маросими ҳаҷ ба даст овардаанд.

Ҳамчунин, ба кормандоне, ки дар ин давра фаъолияти хидматӣ доранд, иҷоза дода мешавад, ки бо истифода аз иҷозатномаҳои махсуси электронии тавассути барномаҳои “Tasrih”, “Absher Afrad” ва “Bawaba Muqim” додашуда, вориди шаҳр шаванд.

Манбаъ менависад, аз 18-уми апрел маҳдудиятҳо боз ҳам шадидтар шуда, вуруд ва иқомат дар Макка барои ҳамаи дорандагони раводиди сайёҳӣ ва дигар намудҳои он, комилан манъ мегардад.

Дар ин давра, аз ҷумла аз 18-уми апрел то 31-уми май, додани иҷозатномаҳо барои адои умра ҳам муваққатан қатъ карда шудааст. Он зоироне, ки бо раводиди умра аллакай дар шаҳр ҳузур доранд, тавре мақомоти Саудӣ мегӯянд, вазифадоранд, ки Маккаро тарк кунанд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ барои вайронкунандагони ин талабот ҷаримаҳои ҳангуфт пебинӣ кардаанд. Шахсоне, ки бе иҷозатнома вориди шаҳр мешаванд, то 20 ҳазор риёли саудӣ, ки тақрибан 5,5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ҷарима месупоранд.

Барои интиқоли ғайриқонунӣ, паноҳ додан ё кумак ба зоирони беиҷозат дар ин давра ҷарима то 100 ҳазор риёл ($26,5 ҳазор) муқаррар шудааст.

Илова бар ин, вайронкунандагони талабот аз кишвар ихроҷ шуда, ба муҳлати 10 сол аз ҳуқуқи вуруд ба Арабистони Саудӣ маҳрум мешаванд ва воситаҳои нақлиёти онҳо мусодира мегардад.

Бодя гуфт, ки ҳамасола дар арафаи мавсими ҳаҷ, Арабистони Сақдӣ чунин маҳдудиятро ҷорӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки имсол квотаи ҷудошуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор нафарро ташкил дода, арзиши сафар 53 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.

Чанде пеш Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим хабар дод, ки гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ваъдаи адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд, бо сабаби қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳояшон сарсон шуда, аз Кумитаи дин ва Сафорати Тоҷикистон хостаанд, ки онҳоро ба Ватан баргардонанд. Аммо то кунун тақдири онҳо маълум нест.

Қаблан ҳам Кумитаи дин аз шаҳрвандон хоста буд, ки танҳо бо роҳҳои расмӣ ба сафари ҳаҷҷи фарзӣ раванд.

Бо тағйирот дар ҳаҷ дар ин матлаби мо маълумоти комил дарёбед: “Тағйироти ҳатмӣ дар Ҳаҷ – 2026. Барномаи “Нусук” чист ва он чӣ имкониятҳо дорад?”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.