Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барномаи омӯзишии санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи об (эбру) ба анҷом расид. Ин барнома аз ҷониби Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) роҳандозӣ шуд ва ҳадафи он муаррифии ҳунарҳои мардуми Туркия мебошад.
Донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада санъати хаттотӣ ва эбруро, ки бар пояи интиқоли нақшҳои рӯи об ба рӯи коғаз асос ёфтааст, ба таври назариявӣ ва амалӣ омӯхтанд
Дар доираи барнома, дар бораи рушди таърихӣ, дидгоҳи эстетикӣ ва усулҳои асосии татбиқи ин ҳунарҳои суннатӣ маълумот дода шуд ва донишҷӯён имкон пайдо карданд, ки осори худро эҷод кунанд.
Роҳбарияти донишкада умедворӣ карданд, ки дар оянда низ барномаҳои омӯзишии шабеҳ роҳандозӣ хоҳад шуд
Маросими ҷамъбасти барнома бо супоридани гувоҳнома ба 150 иштирокчӣ бо ширкати Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон, Сироҷиддин Ҷӯрахонзода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Иброҳим Этҳем, ҳамоҳангсози барномаҳои ТИКА дар Душанбе баргузор гардид.
Барномаи омӯзишӣ дар баробари мустаҳкам кардани равобити фарҳангии байни Туркия ва Тоҷикистон, ҳамчунин, намунаи муҳими ҳамкориҳои фарҳангӣ байни ду кишвар аст.








