Сокинони деҳаи Метки ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич мегӯянд, ҷасади Охун Раҷабови 65-сола, раиси шӯрои маҳаллаи ин деҳа аз саҳро ёфта шудааст. Мақомот тафтиши ин қазияро оғоз кардаанд.
Муродҷон Ҷумъаназаров, раиси ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Раҷабовро “шаби гузашта куштаанд, аммо кӣ ва чаро кушт номаълум аст”.
Ӯ афзуд, ки марҳум соҳиби 5 фарзанд буд.
Расман маълум нест, ки ӯ кушта шудааст.
Ба иттилои сокинони деҳаи Метк, ҷанозаи Раҷабов имрӯз баргузор ва ӯ ба хок супурда мешавад.
Дарёфти ҷасад бо нишонаҳои марги иҷборӣ ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Яке аз чунин ҳодисаҳо, пайдо кардани ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон аз сӯи сокинон дар майдони заминҳои кишт буд. Қаблан наздикони марҳум гуфта буданд, ки шахсони номаълум ӯро бо 9 зарби корд ба қатл расонида, бо худрави ӯ фирор кардаанд. Дар пайванд ба ин ҳодиса як хонандаи мактаб боздошт шуда, нисбаташ барои одамкушӣ бо бераҳмаии махсус парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2025 дар кишвар 74 ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он (2024-75) сабт шудааст.








