Ҷудокорони тоҷик дар Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасон (то 18-сола) ва ҷавонон (то 21-сола) (Tashkent Asian Cadet & Junior Cup 2026) дар шаҳри Тошканд 12 медал (1 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст овардаанд.
Ягона нишони тиллоро дар ин мусобиқот Александра Кан дар вазни 57 кг ба даст овард. Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамаи рақобатҳои интихобӣ дастболо шуда, дар рақобати ниҳоӣ намояндаи Қирғизистонро мағлуб кард.
Ҷудокорони зерин медали нуқра гирифтанд:
Исмоил Бурҳонов (100 кг);
Ардашери Ҳамза (90 кг);
Муҳаммаданис Солиҳов (55 кг);
Исомуддин Қосимов (60 кг);
Райҳона Розиқзода (52 кг).
Ҳамчунин, Панҷшер Муминов дар вазни 90 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни 52 кг, Муҳаммадрофеи Ҳабибулло дар вазни 66 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни 66 кг, Армон Сафаров дар вазни 60 кг ва Шамил Исмоилов дар вазни 66 кг соҳиби медали биринҷӣ шуданд.
Дар ҳамин мусобиқа, ки соли 2025 низ баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон 6 медал ба даст оварда буд.
Мусобиқаи имсолаи Ҷоми Осиё дар Тошканд зиёда аз 1200 варзишгарро аз 12 кишвар гирдиҳам овард. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд: дастаи наврасон (то 18-сола) — 108 нафар (101 писар ва 7 духтар); дастаи ҷавонони то 21-сола — 107 варзишгар (101 писар ва 6 духтар).







