Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 июни соли 2026

Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аст.

– Имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи кӯдакон консерти бошукӯҳи идона баргузор мешавад, ки ҳунари балети классикӣ, анъанаҳои миллӣ ва оҳангҳои дилнишинро ҳамҷоя хоҳад кард. Дар он ҳунармандони наврас, аз ҷумла, раққосон ва навозандагони ҷавон ҳунарнамоӣ мекунанд. Арзиши чипта 33 сомонӣ аст.

– Дар нигористони ҳунарии меҳмонхонаи “Серена Душанбе” намоишгоҳи асарҳои Аҳмад Юсупов, рассоми тоҷик идома дорад. Намоишгоҳ ба хотири гиромидошти хотираи Аҳмад Юсупов баргузор шуда, бо унвони “Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ…” сурат мегирад. Дар он осори эҷодкардаи ин мусаввари тоҷик ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Сокинону меҳмонони кишвар як моҳ, то 29-уми июн имкони боздид аз ин намоишгоҳро доранд. Вуруд озод аст.

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии осори Суҳроб Қурбонов, арбоби барҷастаи санъати монументалӣ, Рассоми халқии Тоҷикистон аз маҷмуи фонди Осорхона таҳти унвони “Меандешам, пас ҳастам” идома дорад. Он рӯзи 22 май ифтитоҳ гардида, то 5-уми июн давом мекунад. Ин бори нахуст аст, ки дар даврони истиқлол беш аз 30 асари ин рассом аз хазинаи Осорхона ба тамошо гузошта мешаванд. Намоишгоҳ осори тасвирӣ ва монументалии ҳунармандро фаро гирифта, марҳилаҳои асосии фаъолияти чандинсолаи эҷодии ӯро инъикос менамояд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1999 – Агентии назорати маводи мухаддир таъсис ёфт. Он бо дастгирии Барномаи назорати маводи мухаддири СММ ташкил шудааст. 

Соли 2009 – Президенти Тоҷикистон дар бораи ҷашни зодрӯзи Ҷалолуддини Балхӣ фармонеро имзо кард, ки тибқи он ҳар сол 30-юми сентбр Рӯзи Мавлоно таҷлил мегардад. 

Соли 2011 – Парлумон лоиҳаи қонун “Дар бораи Палатаи ҳисобии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро тасдиқ кард.

Соли 2012 – Провайдерҳои интернети Тоҷикистон ба пардохти боҷи аксизӣ ба андозаи 3% оғоз карданд, ки он ҳанӯз аз 1 январи соли 2011 ҷорӣ шуда буд, вале масъалаи пардохти он аз ҷониби провайдерҳо танҳо моҳи ноябри соли 2011 матраҳ гардид.

Соли 2016 – Портали электронии “e-Visa” фаъол гардид, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад, то барои сафари сайёҳӣ ё тиҷоратӣ ба Тоҷикистон раводидро бидуни ҳузур дар консулгариҳои кишвар ба даст оранд.

Соли 2016 – Парлумон қонуни иҷозати хусусигардонии муваққатии объектҳои давлатӣ ва инфрасохториро қабул кард. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1896 – Мавлуди Абдулло Раҳимбоев, ходими давлатӣ ва ҳизбии замони шӯравӣ.

 

Абдулло Раҳимбоев, тоҷикест, ки 98 сол пеш, 30-юми декабри соли 1922, Паймони таъсиси Иттиҳоди Шӯравиро имзо кардааст. Баъзе аз таърихнигорон ӯро ба он айбдор мекунанд, ки барои дар қаламрави кишварҳои дигар мондани шаҳрҳои тоҷикнишин мусоидат намуд.

Ҷонибдорони ӯ бовар доранд, ки Абдулло Раҳимбоев қурбонии режими Сталин шуда, соли 1937 ба қатл маҳкум гардид. Ӯ шахсиятест, ки бо гузашти беш аз 80 сол аз маргаш ҳанӯз бархӯрд ва нигоҳҳо ба ӯву фаъолияташ яксон нестанд.

Соли 1932 – Зодрӯзи Абдулло Раҳимов, файласуфи маъруфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа,

Соли 1932 – Мавлуди Наримон Акрамов, муаррихи варзида, доктори илмҳои таърих, профессор.

Соли 1934 – Абдулқодир Муҳиддинов, ходими давлатии шӯравӣ ва тоҷик дар 42-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1935 – Мавлуди Тӯрахон Аҳмадхонов, ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург.

 

Тӯрахон Аҳмадхонов дар рушди театру синамои тоҷик ба унвони ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург саҳми босазо дорад.

Нобурда тӯли фаъолияти ҳунариаш дар Театри мазҳакаи мусиқии Хуҷанд ва Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият карда, як муддат саркоргардони Театри давлатии ҷавонон будааст. Аз соли 1975 коргардон ва ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд.

Беҳтарин намоишномаҳои таҳиякардааш “Ҷон модаракон”, “Эраҷ-паҳлавон”, “Баҳори понздаҳум”, “Шоҳ Лир”, “Роҳзанҳо”, “Бахтатро бедор кун” ном доранд.  Худ дар дар саҳнаи театр нақшҳои Кайковус дар “Рустам ва Суҳроб”, Куйбишев дар “Ҳуррият”, Хоҷа дар “Хизматгори ду хоҷа” офаридааст.

Ҳамчунин дар филмҳои “Достони Сиёвуш”, “Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна”, “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Муҳаббат”, “Беҳуда хорам мекунӣ” нақшҳо бозидааст. Инчунин муаллифи як қатор асарҳои драмавӣ аст.

Соли 1978 – Зодрӯзи Шаҳоб Баҳромов, варзишгар (таэквон-до), Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

1-уми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин яке аз қадимтарин ҷашнҳои байналмилалӣ мебошад, ки қарори баргузор кардани он соли 1925 дар конфронси Женева оид ба беҳбудии кӯдакон қабул шудааст. Гарчанде маълум нест, чаро маҳз санаи 1-уми июн интихоб шудааст, ин рӯз имрӯз ҳамчун рӯзи шодиву фароғат барои кӯдакон ва ҳамзамон, як огоҳии ҷиддӣ ба ҷомеа ба шумор меравад.

 

Мақсади ин ҷашн таъмини ҳуқуқу ҳимояи кӯдакон аст, то онҳо дар муҳити амну осуда бузург шаванд, таълим гиранд, бо кори дӯстдошта машғул бошанд ва зиндагии арзанда дошта бошанд.

Инчунин имрӯз Рӯзи ҷаҳонии падару модарон аст. Ин рӯз бо қарори Маҷмаи умумии СММ ба хотири эҳтиром ва қадршиносии падару модарон дар саросари ҷаҳон таъсис ёфтааст. Ин ҷашн таъкид мекунад, ки онҳо дар тарбия, рушди маънавӣ ва иҷтимоии фарзандон нақши ҳалкунанда доранд ва сазовори қадрдонӣ мебошанд.

 

1 июн ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии шир мебошад. Мақсади ин сана таблиғи истифодаи шир ва маҳсулоти ширӣ, баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти он дар ғизо ва тандурустӣ, инчунин дастгирии соҳаи чорводорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ аст.

 

1 июни соли 1980, соати 6 шом бо вақти Атланта, шабакаи хабарии шабонарӯзии CNN (Cable News Network) ба пахши барномаҳо оғоз кард. Муассиси он соҳибкори амрикоӣ Роберт Эдвард Тернер (шавҳари собиқи ҳунарпешаи маъруф Ҷейн Фонда) буд.

 

Аввалин бор CNN ҳамагӣ 1,7 миллион муштарӣ дошт ва бо хисороти молӣ рӯбарӯ буд, вале Тернер аз мақсади худ даст накашид. Бартарии асосии CNN пахши мустақими рӯйдодҳои муҳими ҷаҳонӣ дар вақти воқеӣ буд.

Имрӯз CNN дар беш аз 200 кишвари ҷаҳон фаъолият дорад ва барномаҳои он ба тақрибан 1 миллиард нафар намоиш дода мешаванд.

Имрӯз инчунин рӯзи пайдоиши машҳуртарин қаҳрамони комиксҳо – Супермен аст. 1-уми июни соли 1938 шумораи аввали маҷаллаи Action Comics нашр шуд, ки дар он бори аввал Супермен ба саҳнаи афсонаҳои қаҳрамонӣ дохил шуд.

 

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 27+32º гарм, дар водиҳо шабона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 25+30º гарм, дар водиҳо шабона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 11+16º гарм, дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 32+34º гарм, шабона 21+23º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 31+33º гарм, шабона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 37+39º гарм, шабона 23+25º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 13+15º гарм. 

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 1 ба 2-юми июн ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.