Аз селу фоҷиаҳо ва марги сарбозон то овардани хоки қаҳрамонону андозбандии ҳамёнҳои электронӣ ва гарон шудани семент

Муҳимтарин рӯйдодҳои моҳи май.

Моҳи май барои Тоҷикистон пур аз рӯйдодҳои муҳиму пурранг буд. Аз офатҳои табиӣ ва талафоти ҷонӣ дар пайи селу боронҳои шадид то ҳодисаҳои пурсарусадои ҷиноятӣ, чун марги сарбозон ва латукӯби омӯзгор ва дигар баҳсҳои иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор доштанд.

Ҳамчунин, овардани муште аз хоки қаҳрамонони Тоҷикистон аз Маскав ба Душанбе, ёдбуди шахсиятҳои барҷастаи фарҳангию таърихии кишвар, сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ва имзои даҳҳо санади нави ҳамкорӣ, баргузории Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе ва қабули қонунҳои нав аз муҳимтарин рӯйдодҳои мусбати моҳ буданд. 

Дар ин матлаб муҳимтарин рӯйдодҳои моҳи сипаришударо гирд овардем, ки фазои иттилоотии Тоҷикистон ва ҷаҳонро шакл доданд.

Марги се тан дар пайи омадани сел ва дигар хисорот 

Моҳи май бо борону омадани сел оғоз шуд ва харобкориҳои зиёд низ дар пай дошт. Аз ҷумла, дар пайи боришоти шоми 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб обхезӣ рух дод, ки  дар натиҷа се кас ҷони худро аз даст дода, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомот гуфтанд, дар сели Кӯлоб 850 оила зарар диданд. Баъзе сокинон дар хонаи пайвандону ҳамсояҳо паноҳ бурданд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 5-уми май аз чанд маҳалле, ки дар пайи селу обхезӣ зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кард, ки дар ин гузориш мутолиа кунед: “Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Зарардидагони сел дар Кӯлоб, Коллажи АП

Ҳамчунин, рӯзи 3-юми май, дар пайи раъду барқ дар деҳаи Кадучии шаҳри Турсунзода як ноболиғ ҷон бохта, ду тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳодиса ҳангоми сайругашти маъмулии се мактабхон дар кӯҳҳои водии Ҳисор рух додааст. “Азия-Плюс” ба хонаи қурбониён рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Рӯзҳои 18-20-уми май низ дар пайи бориши шадиди борон дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳрҳои Кӯлобу Панҷакент, ноҳияҳои Панҷ, Ёвон, Ашт сел омада, ба сокинон хисорот расонид.

Ҳамчунин, рӯзҳои 26-28-уми май дар пайи шамоли сахт ва боришоти борон дар Душанбе ва чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон даҳҳо дарахт шикаста, чандин хона осеб дида, ҳаракати роҳу низоми барқрасонӣ мушкил шуд. 

Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки дар беш аз чор моҳи соли равон (аз 1-уми январ то 13-уми май) 56 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва 8 тани дигар дар натиҷаи офатҳои табиӣ ҷони худро аз даст доданд. 

Ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ

Аввали моҳи май дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон иттилоъе нашр шуд, ки гӯё даҳҳо паноҳҷӯи ин кишвар, ки муқими ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҳастанд, аз ин ноҳия берун карда шудаанд. Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 5-уми май ба ҷамоати Деҳмой рафт ва бо чанде аз сокинон суҳбат кард, вале ҳеҷ як шаҳрванди паноҳандаи Афғонистонро пайдо накард.

Биное дар ҷамоати Деҳмой, ки паноҳандагони афғонистонӣ зиндагӣ доштанд, акс аз asia+

Баъдтар мақомоти Тоҷикистон ихроҷи даҳҳо паноҳҷӯи афғонистониро аз қаламрави кишвар тасдиқ карда, сабаби ин тасмимро риоя нашудани талаботи қонунгузории кишвар гуфтанд.

Марги чанд сарбоз дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ

Дар як моҳи охир, марги чанд сарбози қисмҳои низомии Тоҷикистон расонаӣ шуд, ки дар ҳолатҳои гуногун фавтидаанд. Аз ҷумла Ғолибҷон Иброҳимов, сарбози 23-солаи КҲФ аз ноҳияи Ҳамадонӣ субҳи 25-уми апрел ҷон бохт, ки ба гуфтаи пайвандонаш сабаби ҷон бохтани ӯ “фурӯ бурдани ноогоҳонаи устухон ва беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш” аст. Аммо КҲФ баъдтар иддао кард, ки далели марги сарбоз “хунравӣ ва илтиҳоби шикам, камхунӣ ва норасоии шадиди кори дилу рагҳо ва роҳи нафас” будааст.

Баъдан Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, ки дар яке аз қисмҳои низомии Вазорати дифоъ хидмат мекард, рӯзи 27-уми апрел дар шаҳри Ваҳдат худро ба рӯди Кофарниҳон андохт. Ин ҷавон даҳ рӯз ба рухсатӣ баромада будааст ва бояд рӯзи 28-уми апрел ба қисми низомӣ бармегашт.

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, Коллажи АП

Ҷасади ӯро баъди 10-рӯз аз наздикии марзи Ӯзбекистон сокинон пайдо карданд ва рӯзи 6-уми май дар шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод ба хок супориданд.

Дар пайи расонаӣ шудани ҳодисаи мазкур, Вазорати дифоъ гузориш нашр кард, ки дар он иддао мешавад, саломатии сарбоз ва шароити будубоши ӯ дар қисми низомӣ “хуб будааст”. Аммо дар он гузориш ҳам сабабу омили ин ҳодиса шарҳ дода нашудааст.

Зимнан, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 24-уми май, як ҳафта қабл аз анҷоми мавсими баҳории даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз 1-уми апрел оғоз шуда буд.

Аз таҷовуз ва куштори ноболиғ то боздошти чӯпоне бо гумони куштори корфармояш

Хабарҳои ҷиноятӣ ин моҳ низ зиёд буд. Аз ҷумла, мақомот рӯзи 5-уми май аз боздошти як марди 35-сола дар ноҳияи Восеъ хабар дод, ки ба таҷовуз ва куштори ноболиғи даҳсолае дар ин ноҳия гумонбар мешавад. Мақомот гуфтанд, ӯ ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам”-е таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Баъдтар ВКД аз боздошти Хуршед Мавлонов, раиси хоҷагии деҳқонии Зоидбой Каримови деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони куштори ҳамдеҳаҳояш – Насимҷон (Наимҷон) Ҳоҷибоеви 47-сола ва Шариф Султонови 41-сола бо милтиқи шикорӣ хабар дода гуфт, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Додгоҳи шаҳри Исфара бошад як зани 36-соларо барои ба худкушӣ расонидани ҳамсари бародараш 4 сол равонаи зиндон кард.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ бошад, як чӯпон ба куштори корфармои худ бо истифода аз силоҳи шикорӣ гумонбар ва боздошт шуд. Гуфта мешуд, ки ӯ дар пайи як муноқиша сокини 35-солаи ноҳияи Фирдавсиро “бо силоҳи шикории суфтамил” парронда ва “ҷасадашро дар чарогоҳ дафн кардааст”. 

Аз чап ба рост: Хайриддини Қурбоналӣ, Хуршед Мавлонов ва Юсуфбек Исамурадов

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба муддати 16 солу 6 моҳ ба зиндон маҳкум кард.

Дар пайванд ба марги Лутфулло Сафаров, кирокаше, ки аввали моҳи апрел ба таври мармуз кушта шуд, як ноболиғ боздошт ва алайҳаш бо гумони “одамкушӣ бо бераҳмии махсус” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб низ ба баррасии парвандаи 5 гумонбар дар куштори Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (Исуфов), размикори тоҷик, ки тақрибан 6 моҳ пеш дар пайи як муноқиша кушта шуд, оғоз кардааст.

Ахиран “Азия-Плюс” иттилоъ дарёфт, ки пас аз се соли “ҷанҷол”-и пурсарусадои як гурӯҳ сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан бо кормандони милитсияи ин шаҳр, ки дар пайи он, беш аз 20 кас муҷозот шуданд, охирин зиндонӣ аз маҳбас раҳо шудааст.

Даёфти ҷасади ду кӯдак аз чуқурӣ ва марги 4 тан дар кони тиллои Шугнов

Ҷасади ду кӯдакеро, ки рӯзи 14-уми май дар кӯҳҳои Шаҳритӯс гум шуда буданд, баъди 6 рӯз – 20-уми май аз як ҷарӣ ё чуқурӣ пайдо карданд. Ин ду бародар ҳамроҳи амакашон барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта, бедарак шуда буданд ва маълум нест, ки чӣ гуна онҳо аз амаки худ ҷудо шуда, нопадид гардидаанд.

Ахиран дар натиҷаи боришоти зиёд, ки боиси фурӯ рафтани кӯҳпора шуд, 4 коргари кони тиллои Шугнов дар ноҳияи Ховалинг сабаби ҷон бохтанд. Аз ҳукумати ин ниҳоя гуфтанд, ҳангоми коркарди тилло, кӯҳпора бинобар бориши зиёд ва лағзиши замин ба болои коргарон фурӯ рафтааст. Ҷузъиёти ҷон бохтани ин 4 танро дар ин пайванд хонед.

Кони тиллои Шугнов, Намогирифт аз наворе, ки дар саҳифаи фейсбуки Sports нашр шудааст

Қазияи латукӯби омӯзгор

Ин моҳ ҳамчунин, пур аз баҳсҳои иҷтимоӣ буд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Нуробод бародари яке аз хонандаҳои синфи 5 омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи мактаби №1-и ноҳия Муҳимҷон Раҳмоновро дар пайи эродгирӣ аз таҳсили хоҳараш дар даруни мошин латукӯб ва таҳқир кардааст. Ҳоло қазияро додситонии ноҳия тафтиш дорад ва Вазорати маориф гуфт, ки аз омӯзгор ҳимоят мекунанд.

Ин қазия дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд. 

Аёдати омӯзгор, Акс аз Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод

Худи омӯзгор ба “Азия-Плюс” ҷузъиёти ҳодисаро нақл кард. Ӯ чӣ гуфт ва ҳодиса чӣ гуна иттифоқ афтодааст, дар ин матлаби мо хонед: “Қабурғаам месӯзад”. Омӯзгоре, ки мегӯяд, аз сӯйи бародари як хонанда латукӯб шудааст, ҷузъиёти қазияро нақл кард

Зимнан, рӯзи 9-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори шаппотӣ задани як кӯдак аз сӯйи як корманди кӯдакистон нашр шуд, ки таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб кард. Дар пайванд ба ҳодиса, мураббии кӯдакистони №12-и ноҳияи Исмоили Сомониро аз кор ронданд ва тафтиши қазияро Додситонии шаҳри Душанбе оғоз кардааст.

Ниҳодҳои фасодзадатарин дар кишвар кадомҳоянд?

Аввалҳои моҳи май, “Азия-Плюс” ба як таҳқиқоти ҷомеашиносии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Оҷонсии зиддисафод дар бораи вазъи коррупсия дар кишвар даст ёфт ва онро расонаӣ кард. Тибқи ин таҳқиқот, дар Тоҷикистон, соҳаи маориф дар радабанди умумии ниҳодҳои фасодзада зинаи аввалро ишғол мекунад. Аз 10 ҳазор пурсидашудагон тақрибан 20% гуфтаанд, ҳангоми муроҷиат ба соҳаи маориф бо порагирӣ ё тамаъҷӯӣ рӯбарӯ шудаанд. 

Вазорати корҳои дохилӣ низ яке аз ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистон дониста шудааст. Аз ҷумла, аз ҳар 5 нафаре, ки дар ВКД бо фасод рӯбарӯ шудаанд, дутои он маҳз ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) пора додаанд.

Акси марбут аз Галим Фастхутдинов

Соҳаи тандурустӣ дар шохиси умумии ниҳодҳои фасодзада ҷойи сеюмро ишғол кардааст. Тақрибан 16,7 дарсади ҳамаи пурсидашудагоне, ки бо фасод дучор шудаанд, сохторҳои ин соҳаро ном гирифтаанд.

Вазорати адлия бошад, байни ниҳодҳои фасодзада ҷойи чорумро ишғол кардааст. 9,1 дарсади ҳамаи пурсидашудагоне, ки бо фасод дучор шудаанд, маҳз сохторҳои ин вазоратро ба порахурӣ муттаҳам кардаанд. Дар кадом зерсохтор ин ҳолат бештар аст, дар ин пайванд хонед.

Бознашри “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”

Баҳси забони тоҷикӣ ва имлои забони тоҷикӣ, ки моҳҳои пеш оғоз шуда буд, дар моҳи май ҳам идома кард. Аз ҷумла, Кумитаи забон ва истилоҳот аз ҷониби вакилони парлумон вазифадор шуд, ки китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”-ро, ки соли 2025 нашр шуд ва баҳси зиёдеро дар ҷомеа ба миён овард, бознашр ва ба талаботи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” мутобиқ созад.

Ҳамчунин вакилон чанд масоили баҳсии забони тоҷикӣ, аз ҷумла, забони шиору овеза ва эълону таблиғ, оммавӣ нашудани барномаи “Ислоҳнигорӣ”, мутобиқат накардани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” бо “Фарҳанги забони тоҷикӣ”-ро, ки дар доираи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” бояд иҷро мешуд, ба баҳс кашида, аз иҷро нашудани баъзе бандҳо интиқод кардаанд ва ба вазорати идораҳои дахлдор тавсияҳо додаанд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт

Рӯзи 16-уми май аз куштори Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки ҷомеаи ҷаҳонро такон дод, панҷ моҳ сипарӣ шуд. “Азия-Плюс” ба суроғи модари Қобилҷон – Нилуфар Сафоева, ки ҳоло дар Душанбе зиндагӣ мекунад, рафт ва дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва рӯзгори имрӯзааш пурсид. Гузориши моро аз суҳбати модари Қобилҷон дар ин пайванд хонед.

Лавҳаи хотира ба ёди Қобилҷон Алиев дар мактаби 27-и шаҳри Ҳисор, акси пешниҳодшуда аз модари ӯ

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ва қабули санадҳои нав

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 11-13-уми май бо сафари давлати дар Чин буд ва дар натиҷа беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ бо ҷалби зиёда аз 8 млрд доллар ба имзо расид.

Лоиҳаи чанде аз санадҳо низ нашр шуд, аз ҷумла, тибқи лоиҳаи яке аз созишномаҳо, Чин ба Тоҷикистон бо маблағи 72 млн сомонӣ чанд таҷҳизоти иктишофӣ “туҳфа” мекунад

Инчунин, Тоҷикистон ва Чин Аҳдномаи нави ҳамҷавории неки абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкориро имзо карданд, ки на танҳо густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии ду кишварро фаро мегирад, ҳамчунин мавқеи ҷонибҳоро дар масъалаҳои амният, мубориза бо ҷинояткорӣ, сиёсати “Чини ягона” ва рушди муштараки минтақавӣ низ мушаххас мекунад.

Эмомалӣ Раҳмоон ва Си Ҷин Пин, Акс аз дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон

Ҳамчунин, Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад ва қариб 2 миллион сомонӣ харҷи онро низ ройгон пардохт хоҳад кард. 

Тибқи лоиҳаи дигар, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ барои назорати сифат дар Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион сомонӣ грант ҷудо мекунад. 

Ҳамчунин, Тоҷикистону Чин дар бораи содироту воридоти гӯшти мурғ миёни ду кишвар созишнома ба имзо расониданд, ки барои бехатарӣ ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемориҳо мусоидат мекунад.

“Азия-Плюс” – “садои замон”

“Азия-Плюс”, ки 2-юми апрели имсол 30-солагии худро таҷлил кард, давоми моҳи май низ аз шахсиятҳои шинохтаи кишвар чандин номаи табрикӣ гирифт. Аз ҷумла, Рашид Олимов, дабири кулли пешини Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) (2016-2018) ва ҳоло устоди Академияи идоракунии давлатӣ дар номаи табрикии худ “Азия-Плюс”-ро “садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил” номид.

Рашид Олимов ва Қосими Бекмуҳаммад

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик низ назари худро дар робита ба бурду бохти се даҳаи ин расона гуфт ва барои рушди он чанд пешниҳод ироа кард.

Абдунабӣ Сатторзода, дипломати пешин ва донишманди тоҷик, ки муддате муовинин вазири корҳои хориҷӣ буд, бар ин бовар аст, ки фаъолияти гурӯҳи расонаии “Азия-Плюс” барои ҳукумат дар ҳалли мушкилоти “доғи рӯз” кумак карда, дар хориҷи кишвар дар бораи Тоҷикистон тасаввуроти воқеиро ташаккул медиҳад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) мегӯяд, “Азия-Плюс” дар рушди озодии баён дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад ва 30 сол инҷониб рисолати аслии худро дар иттилоъ расондан ба ҷомеа “хеле собитқадамона” анҷом медиҳад.

Абдунабӣ Сатторзода, Нуриддин Қаршибоев ва Қироншоҳ Шарифзода

Қироншоҳ Шарифзода, муҳаққиқи шинохта ва устоди факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бошад, бар ин бовар аст, ки “Азия-Плюс” бо нигоҳ доштани фаҳмиши умумимиллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ, ба як расонаи муқтадир табдил ёфтааст ва дар марҳалаҳои ҳассоси фазои иттилоотӣ, махсусан ҳангоми баҳсҳои марзӣ ва таърихазхудкунии кишварҳои ҳамсоя, мавқеи устувори миллатдӯстона нишон дода, барои дигар нашрияҳо намунаи ибрат шуд.

Аз маҳфили ёдбуди Мирзо Турсунзода ва шоири “шеъри дороӣ” то розҳои ниҳони Лоиқ Шералӣ

Моҳи май дар Тоҷикистон аз шахсиятҳои бузурги миллат бо баҳонаи солрӯзи эшон ёд карданд. Аз ҷумла, рӯзи 2-юми май мавлуди Мирзо Турсунзода, шоири бузурги тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон дар зодгоҳаш воқеан ба як ҷашн табдил ёфт. Алоқамандони осори Турсунзода аз Қаратоғ, маконе, ки зиндагии ӯ оғоз ёфта, баъдан мисраъҳое тавлид шуданд, боздид карданд. Гузориши хабарнигори “Азия-Плюс”-ро дар матлаби Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад? мутолиа кунед.

Рӯзи 5-уми май бошад дар Иттифоқи нависандагон ба муносибати 115-солагии Мирзо Турсунзода маҳфили ёдбуд баргузор шуд. Дар он намояндагони дастгоҳи раисҷумҳур, вазорати фарҳанг, аҳли илму адаб ва духтари шоир Фирӯза Турсунзода ҷамъ омаданд ва аз корномаи ӯ ёд оварданд.

Рӯзи 8-уми май дар Душанбе аҳли адаб ва мухлисони каломи бадеъ 80-солагии Доро Наҷот, шоири “шеъри дороӣ”-ро, ки дар сабки нигориш инқилоби адабӣ ба вуҷуд овард, ҷашн гирифтанд.

Ҳамчунин, рӯзи 9-уми май Обид Ҳомидов, ки номаш бо тавлиди телевизион ва шукуфоии театру синамои тоҷик гиреҳ хӯрд, 100-сола шуд. Ӯ ва яке аз созандагони асосии симои маънавии Тоҷикистон дар асри XX ва роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд, аз корномааш ёд овардем.

Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва чеҳраи барҷастаи адабиёти муосири тоҷик агар умр бақо мекард, 20-уми майи имсол 85-сола мешуд. Рӯзноманигори “Азия-Плюс” ба зодгоҳи шоир, ба деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент сафар кард ва бо Ботур Шералӣ, ягона бародари зиндаи устод Лоиқ суҳбат орост.

Бародари шоир аз розҳое парда бармедорад, ки то кунун ҳаводорони шеъру адабиёт чандон аз он огоҳ набуданд. Ифшои ин розҳоро дар ин мусоҳиба тамошо кунед.

Ҳамчунин, рӯзи солрӯзи ӯ дар шаҳри Панҷакент маҳфили бошукӯҳи адабӣ баргузор шуд, ки аз тамоми кишвар ҳаводорони шеърашро гирд овард. Гулрухсор Сафиева, Шоири халқии Тоҷикистон, ки худро аз ёрони қарини шоир медонад, “насли худу Лоиқро насли деҳоятиёни шаҳрофар” номид.

Хоки қаҳрамононро ба ватан оварданд

Рӯзи 19-уми май муште аз хоки оромгоҳи Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, қаҳрамонони Тоҷикистон ва Нисор Муҳаммад, яке аз бунёдгузорони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд. Зарфҳоеро, ки хоки турбати ин се чеҳраи таъсиргузори таърихи муосири Тоҷикистон дар онҳо буд, Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Душанбе қабул кард ва ба онҳо адои эҳтиром гузошт. Дар масҷиди ҷомеи шаҳри Душанбе ба номи Имоми Аъзам намози ҷанозаи онҳо баргузор шуд ва хоки рамзии онҳоро дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд. Гузориши муфассали моро аз ин маросим дар навори зер тамошо кунед:

Иштирокдорони ҶБВ чӣ рӯзгор доранд?

Имсол низ дар Тоҷикистон раисҷумҳури кишвар ба ҳар як иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ дар Тоҷикистон (ҶБВ), ки ҳоло 8 нафар боқӣ мондаанд, 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.

Дар остонаи 81-солагии пирӯзӣ бар фашизм, “Азия-Плюс” ба дидори 2 қаҳрамони ҷанг, ки ҳарду аз як ноҳияи вилояти Суғд – Деваштич ҳастанд, рафт. Қиссаҳои зиндагии ин ду собиқадор ва пирӯзи ҷангро дар ин матлбаи мо хонед: “18 сол надоштам, ки ба ҷанг бурданд”. Ду қаҳрамоне, ки бар Олмону Ҷопони фашистӣ пирӯз шуданд, чӣ ҳол доранд?

Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон

Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон ҷузъе аз ҷомеа буда, садсолаҳо ба ин сӯ дар ин қаламрав зиндагӣ дорад ва ба урфу одатҳои худ содиқ мондааст. Аммо дар бораи зиндагии кунунии онҳо маълумот кам аст ва онҳо аз зовияи қолабҳои шахшуда баррасиву шинохта мешаванд ва баъзан мавриди тамғагузорӣ қарор мегиранд, ки ба андешаи коршиносон, иштибоҳ аст.

Қавми ҷӯгӣ имрӯз чӣ зиндагӣ доранд, бо кадом мушкилу ҷолишҳо рӯбарӯянд ва чӣ имкониятҳо барояшон фароҳам аст? Мо ба яке аз деҳаҳое, ки ҷӯгиҳо бештар зиндагӣ доранд, сафар ва бо тарзи зиндагии онҳо шинос шудем ва дар бораи рӯзгорашон суҳбат кардем. Дар ин гузориш бо рӯзгори ҷӯгиён шинос шавед ва ба суолҳои боло посух ёбед: 

Варзиш

Моҳи май чандин дастовардҳои варзишӣ низ дошт. Рӯзи нахустини моҳ сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин шудани Игор Ангеловски расонаӣ шуд. 

Рӯзи 3 май бошад дар Душанбе яке аз мусобиқаҳои силсилаи “Тоскулоҳи бузург” ба охир расид ва дар он 240 ҷудокор аз 34 кишвар ширкат варзида, варзишгарони тоҷик 4 медал, аз ҷумла 3 медали тилло дарёфт карданд.

Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон (U-17) бошад, бо шикасти ҳамсолони худ аз Тайланду (2:0) Мянмар (1:0) ва мусовӣ бо Арабистони Саудӣ (5:5) ба даври якчаҳорниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтаанд. Ин натиҷа, ба тими то 17-солаи футболи Тоҷикистон имкон дод, ки бо ҷои дуввум дар гурӯҳ, бори чаҳорум роҳхати Ҷоми ҷаҳон миёни наврасонро, ки моҳи ноябр дар Қатар сурат мегирад, ба даст орад.

Аммо имсол мунтахаби футзали Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ аз Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) 3 зина поин рафт. Дар мавсими соли 2025 мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 47-ум ва дар соли 2026 мақоми 50-ум қарор гирифт.

Ду ҷудокори шинохтаи тоҷик бошад – Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни 66 кг ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг дар ҷои аввали радабандии ҷаҳонии ҷудо қарор гирифтанд.

Чеҳракушоӣ

Қолабшикании Фарзона Ҳомидоваи 33-сола, ки устои техникаи рӯзгор дар Амрико аст, яке аз қиссаҳои ҷолиби моҳ буд. Ин духтари тоҷик беш аз се сол инҷониб дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.  “Азия Плюс” бо ӯ пиромуни муҳоҷирати меҳнатӣ ва “касби мардона”-и ӯ суҳбат кард.

Рисолатхон Имомова бошад, 11 сол пеш, баъд аз як садама, бо асобағал роҳ меравад ва имрӯз яке аз беҳтарин варзишкорони тоҷик дар риштаи дастхобонӣ (армрестлинг) аст. Ӯ дар бораи варзиши интихобкардааш, шароит барои варзишкорони маъюбиятдошта дар Тоҷикистон ва роҳе, ки як зани тоҷик барои расидан ба чунин натиҷа бояд тай кунад, суҳбат кард.

Ҳайидҷон Ҳусейнов низ панҷ сол пеш дар пайи як ҳодисаи нохуш ба аробачаи маъюбӣ такя зад. Аммо иродаи мустаҳкам ва орзуҳояш нагузоштанд, ки маъюбият садди роҳи ӯ шавад. Ҳоло ӯ дар вилояти Суғд, дар намуди варзиши дастхобонӣ аз варзишгарони ҷавон ва шинохта аст, ки соли 2025 дар мусобиқаи минтақавӣ дар Дубай дар сафи ғолибон ҷой гирифт ва ҳадаф дорад, қаҳрамон шавад.

Ба муносибати Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ бошад, мо ба ҷустуҷӯи Ҳанифаи дуюнимсола рафтем, ки навори шоҳномахониаш чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва аз ҷониби корбарон хуш пазируфта шуд. Чӣ гуна як духтараки дуюнимсола аллакай “Шоҳнома” мехонад, дар ин гузориши мо тамошо кунед:

Қонуни нави ҳифзи маъюбон қабул шуд

Вакилони парлумони Тоҷикистон Қонуни таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдоштаро қабул карданд. Мувофиқи он, акнун маъюбон аз як қатор имтиёзҳои нав бархурдор мешаванд. Аз ҷумла, ин қонун ҳар гуна табъизро зидди онҳо манъ карда, иштироки шахсони маъюбиятдоштаро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ таъмин мекунад.

Боз кадом имконот барои маъюбон таъмин хоҳад шуд, дар ин матлаби мо хонед: Манъи табъиз ва ҳуқуқ ба таҳсилу табобати ройгон. Қонуни нави ҳифзи маъюбон боз чӣ имтиёз медиҳад?

Андозбандии амалиёт бо ҳамёнҳои электронӣ

Сохтаи ҳушвора

Дар миёнаҳои моҳ нашри хабарҳо дар бораи андозбандии амалиётҳои ҳамёнҳои электронӣ, боиси нигаронии шаҳрвандон аз ситонидани андоз ҳангоми интиқоли пул тавассути ҳамёнҳои электронӣ шуд.

Дар пайи ин гузоришҳо, Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар эълон кард, ки аз шаҳрвандон ҳангоми интиқоли ғайринақдӣ андоз ситонида намешавад ва он танҳо ба соҳибкорони инфродӣ дахл дорад. Баъдтар оҷонсӣ гуфт, амалиётҳо тариқи ҳамёнҳои электронӣ аз моҳи сентябри соли 2026 андозбандӣ мешаванд.

Таъсиси расонаи форсинавис

Рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи ҳукумати кишвар, Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон дар муассисаҳои соҳаи маориф беҳтар карда шавад. Ӯ гуфт, ки ин кор “дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ” анҷом шавад.

Ин супориши раисҷумҳур барои “Азия-Плюс” баҳонае шуд, ки дубора сари масъалае, ки чанд муддат инҷониб дар таҳияи матлаб дар бораи зарурати таъсиси расона ва ё бахше дар расона бо ҳуруфи форсӣ буданд, тамаркуз кунад.

Акси марбут, сохтаи ҳушвора

Коршиносон “сукут” ихтиёр кардани Тоҷикистонро дар фазои расонаии форсизабони ҷаҳон, ки беш аз 150 миллион мухотаб дорад, чӣ гуна шарҳ медиҳанд ва “Азия-Плюс” дар ин холигоҳ чӣ ҷойгоҳ метавонад дошта бошад, дар ин матлаб хонед: “Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз камчин ва гарон шудани семент

Дар ҳамин ҷаласа, Эмомалӣ Раҳмон аз гарон ва камчин шудани семент дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ ва сабаби ин вазъиятро таъмири бархе корхонаҳо дар мавсими сохтмон ва “фаъолияти миёнаравҳо” маънидод карда, ба масъулин дастур дод, ки барои ба эътидол овардани вазъталош кунанд.

Ин нигаронӣ дар ҳоле садо дод, ки дар моҳи май нархи семент дар Тоҷикистон якбора боло рафта, дар баъзе минтақаҳо як халтаи он (маъмулан 50 кг) то ба 100 сомонӣ расид. Дар пайи ин, дар бозору мағозаҳои кишвар ин навъи маҳсулот камчин шуд, ки нигаронии аҳолиро ба миён овард.

Коллажи АП

Раисҷумҳур, ҳамчунин, супориш дод, ки барои таъмин кардани талаботи бозори кишвар бо сементи истеҳсоли дохилӣ, то соли 2029 дар минтақаҳои гуногуни кишвар 4 корхонаи нави истеҳсоли семент бунёд шавад. Аммо маълум нест, ки ин корхонаҳо мушаххас дар кадом минтақаи кишвар ва бо кадом маблағгузорӣ сохта мешаванд.

Ҳамоиши об дар Душанбе чӣ гуна гузашт?

Рӯзи 25-уми май дар пойтахти Тоҷикистон Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст, оғоз шуда, то 28-уми май идома кард. Дар он беш аз 2500 намоянда аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон иштирок карданд ва масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт баррасӣ шуданд. Ҳафт натиҷаи асосии ҳамоишро дар ин пайванд хонед: Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Тақдири созиши эҳтимолии Амрико ва Эрон номаълум боқӣ мемонад

Дар моҳи май фазои иттилоотии хориҷи кишвар ҳам пур аз хабарҳои муҳим буд. Аз ҷумла, нигарониҳо аз оғози ҳамалаи дигарбораи Амрикову Исроил ба Эрон ва радду бадалҳо атрофи имзои созишномаи поёни ҷанг дар Эрон, зиёд нашр мешуд. Ахиран, расонаҳо аз даст ёфтани Амрикову Эрон ба як тафоҳумномаи тамдиди 60-рӯзаи оташбас ва оғози музокирот дар бораи барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ хабар доданд, вале он расман аз сӯи роҳбарони ду кишвар тасдиқи худро наёфт.

Ҳамчунин, як ҷаласаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо мушовирони аршади амниятии худ, ки рӯзи 29-уми май баргузор шуд ва гуфта мешуд, натиҷаи чанд ҳафтаи музокироти Амрико ва Ҷумҳурии Исломиро равшан мекунад, бе натиҷа ба поён расид. Ба иттилои расонаҳо, пас аз беш аз ду соати муҳокима ягон қарор ё изҳороти расмӣ дар бораи натиҷаи музокироти Вашингтон ва Теҳрон эълон нашуд.

Доналд Трамп ва Исмоил Бақоӣ

Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳам гуфт, ки миёни ду кишвар то ҳол ҳеҷ созиши ниҳоӣ ба даст наомадааст ва табодули паёмҳо идома дорад. Ҳамин тариқ, вазъ дар минтақаи Ховари Миёна печида боқӣ мемонад. Тафсилоти бештар дар бораи мавқеи ҷонибҳо ва раванди музокиротро дар матлаби пурра метавонед хонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.