Шахсияти милливу фаромиллӣ ва қосиди сулҳ. Таҷлили 115-солагии Мирзо Турсунзода дар Душанбе

Бори аввал куллиёти комили ӯ ба чоп мерасад.

Меҳрофарин Наҷибӣ, asia+

Рӯзи 5-уми май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 115-солагии Мирзо Турсунзода маҳфили ёдбуд баргузор шуд. Дар он намояндагони дастгоҳи раисҷумҳур, вазорати фарҳанг, аҳли илму адаб ва духтари шоир Фирӯза Турсунзода ҷамъ омаданд ва аз корномаи ӯ ёд оварданд.

Ба гуфтаи аҳли адаб, Мирзо Турсунзода дар кашфи истеъдодҳои ҷавон ва тарбияти насли нави адибон саҳми бориз гузоштааст. Маҳз мактаби шогирдпарварии ӯ буда, ки адабиёти тоҷикро дар нимаи дуюми асри бист бо чеҳраҳои нав шукуфон сохт. Ӯ барои шогирдон на танҳо раҳнамо, балки такягоҳи устувор ҳам маҳсуб мешуд.

Дар маҳфил аз корномаи ҷамъиятиву сиёсии бурунмарзии Мирзо Турсунзода низ ёд шуд.

Ин маҳфил дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода баргузор шуд. Ҳамон ҷое, ки роҳбари вақти Иттифоқи нависандагон бунёд кард, вале дар он маҳфиле баргузор накарда, аз олам рафт.

Дар анҷоми маҳфил хушхабар расид: ҳамаи осори устод Турсунзод ба чоп омода шудааст ва бори аввал куллиёти комили ӯ ба дасти хонанда мерасад.

Мирзо Турсунзода меъмори адабиёти нимаи дуюми асри 20 маҳсуб мешавад. Шахсияте буда, ки тавонист ҷаҳонро дар оғӯши шеъри тоҷик ҷой диҳад ва бо пайкори сулҳхоҳонааш миллати худро ба олам муаррифӣ намояд. Мавсуф соли 1977 дар 66-солагиаш аз олам чашм баст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.